Пайвандҳои дастрасӣ

Донишмандони тоҷик мегӯянд, солҳои охир мизони маҳбубияти Чин дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуда, ин падида ба саҳми бештари Пекин дар иқтисод бастагӣ дорад. Саҳми Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар даҳ соли охир ба 1 миллиард доллар баробар шудааст.

Бисёре аз шаҳрвандон аз "таҳдиди хазанда"-и Чин нигаронӣ карда ва наздикии Тоҷикистони кӯчак бо "аждаҳои сурх", бахусус қарзгирӣ аз онро ба нафъи миллат намедонанд.

Натиҷаи як назарсанҷӣ

Бар асоси як назарсанҷӣ, ки соли 2016 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон анҷом шуд, назар ба гузашта, шумори онҳое, ки ба ҳузури Чин дар иқтисоди кишвари худ баҳои мусбат доранд, афзудааст. Агар соли 2008 танҳо 8 дар сади ҷомеа Чинро як шарики боманфиати Тоҷикистон ном бурданд, дар соли 2016 ин рақам ба 12.5 дар сад баробар шуд. Барои муқоиса, нӯҳ соли пеш Русияро 89 дар сад ба унвони кишвари таъсиргузор ба Тоҷикистон ном мебурданд. Вале соли 2016 ин рақам 12 дар сад коҳиш ёфт. Мавқеи Эрон ҳам аз 9 дарсади соли 2008 то ба то 5,3 дар сад поин рафтааст.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, далели ин таҳаввулот дар мавқеи афзояндаи Чин дар иқтисоди кишвар ва ҳам шеваи хоси робитаҳои сиёсии ин давлат бо шариконаш мебошад. Пекин ба фарқ аз Маскав масъалаҳои байни ду давлатро пушти саҳна ва бе ҷалби матбуот ҳал мекунад. Бисёре аз шаҳрвандон аз "таҳдиди хазанда"-и Чин нигаронӣ мекунанд ва наздикии Тоҷикистони кӯчак бо ин ғул, махсусан қарзгирӣ аз онро ба манфиати миллат намедонанд. вале ин воқеиятро низ эътироф мекунанд, ки дар ин шароит Тоҷикистон интихоби зиёд надорад.

Ҳалли масоили марзӣ роҳро ба иқтисод боз кард

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 3 январ ба радиои Озодӣ гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар баъди он вусъат ёфт, ки ҷонибҳо барои ҳалли масоили баҳсии марзӣ мувофиқат карда, соли 2013 дар ҷараёни дидори расмии президент Эмомалӣ Раҳмон аз Чин миёни ду кишвар Эъломияи муштарак дар мавриди шарикии стратегӣ имзо гардид.

Муллоҷонов мегӯяд, ҳадафи аслии Чин аз тавсеаи ҳузураш дар иқтисоди Тоҷикистон – тақвияти нуфузи сиёсиву иқтисодиаш аст. Ӯ гуфт, “мақсади асосӣ аз ин сармояҳо танҳо фоидаи иқтисодӣ нест. Чин барои пайдо кардани бозор барои молу маҳсулоташ ҳаракат мекунад. Чин талош дорад аз тариқи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ворид кардани сармояи зиёд ба иқтисоди Тоҷикистон нуфузи худро дар ин кишвар боло барад».

Соли 2011 Тоҷикистон замини ба гуфтаи мақомот "даъвоӣ"-ро бо масоҳати 1 ҳазору 158 километри мураббаъ ба Чин дод ва хотимаи баҳси марзиро "ғалабаи дипломатияи тоҷик" унвон кард. Чин ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанҳай ва ҳамчунин дар заминаи қарордодҳои байнидавлатӣ ҳамкорӣ мекунанд. Соли 2016 Чин ваъда кард, ки то соли 2018 ба Тоҷикистон 6 миллиард доллар сармоя ворид мекунад.

Дар тӯли даҳсолаи ахир ин кишвар дар бунёди роҳҳо ва тунели стратегӣ ба Тоҷикистон кӯмак кард ва дар пойтахт ду маркази гармидиҳӣ сохт.

Аз иқтисод то мубориза бо терроризм

Дар солҳои ахир ин ҳамсояи бузург дар канори ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ҳамкориҳои низомиро низ бо Тоҷикистон густариш дод. Чин бо нерӯҳои Тоҷикистон машқҳои муштаракаи зиддитерорризм баргузор кард ва дар марзи афғонистон барои Тоҷикистон дидбонгоҳи сарҳадии "Гулхан"-ро сохт.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, як ҳадафи Чин аз вусъат бахшидани ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон – ҳифзи тарҳу сармояҳои худ дар ин кишвар аст. Аз ҳамин хотир ҳам, ҳифзи амнияти сарҳадҳои Тоҷикистон бо Афғонистон яке дигар аз манфиатҳои Чин аст, ки дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон дар вилояти мухтори Шинҷону Уйғур бо гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ мубориза мебарад.

Марзи муштараки Тоҷикистону Чин, ки аксаран аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад, наздик ба 500 километрро ташкил медиҳад.

Баррасии ҳамкориҳои марзӣ дар Душанбе

Зимнан, дар ҷараёни нишасти Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Чин оид ба сарҳади давлатӣ, ки дар рӯзҳои охири соли 2016 дар Душанбе баргузор шуд, иҷрои Созишномаи сарҳадии миёни ин ду кишвар баррасӣ гардид. Ин санад рӯзи 5 июни соли 2012 дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Чин дар шаҳри Пекин имзо шуда буд. Дар ин ҳамоиш, ки таҳти раёсати Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири хориҷии Тоҷикистон ва Чжоу Сзян, масъули Вазорати корҳои хориҷии Чин дар умури сарҳад ва корҳои баҳрӣ баргузор шуд, аломатгузории сарҳад, убури ашхосу нақлиёт, ҷилавгирӣ аз эҳтимоли моҷароҳои сарҳадӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагони сарҳадии ин ду кишвар матраҳ шудааст.

Генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, хатҳои сарҳад миёни ду кишвар пурра мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст ва яке аз амнтарин ҳудудҳои марзӣ ба ҳисоб меравад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG