Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи андоз суратҳисоби кони тилои "Зарафшон"-ро боз кард


Кумитаи андоз суратҳисоби корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин бо номи "Зарафшон" дар Панҷакентро муваққатан боз намуд ва беш аз ду ҳазор коргар дастмузди думоҳаи худро дарёфт карданд.

Кумитаи андози Тоҷикистон суратҳисоби корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин мавсум ба «Зарафшон» дар ноҳияи Панҷакентро боз намуд ва беш аз 2200 коргарони он соҳиби музди думоҳа шуданд. Суратҳисоби ин корхона ҳудуди ду моҳ қабл бинобар пардохт нашудани 200 миллион сомонӣ маблағҳои андоз, баста шуда буд.

Исмоил Зарифов, намояндаи корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин мавсум ба «Зарафшон» рӯзи ҷумъаи 18 декабар ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди боз кардани суратҳисоби корхона, коргарон маоши думоҳа барои моҳҳои октябр ва ноябрро дарёфт намуданд ва корхона ҳоло ба ҳолати муқаррариаш бармегардад.

Вай афзуд, кони тилои “Тарор” ба кор даромад ва дар авалҳои ҳафтаи дигар кони “Ҷилав” низ мавриди баҳрабардории дубора қарор хоҳад гирифт. Ҷаноби Исмоилов афзуд, ки имкони харидории маводи сӯхт низ пайдо шудааст ва барои аз Саразму Навобод ба маҳалли конҳо интиқол додани коргарон, низ имкон ба вуҷуд омадааст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав рӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи баррасии вазъи корхонаи тилои Панҷакент дар сатҳи муовинати нахуствазири кишвар, Кумитаи андоз суратҳисоби ин корхонаро муваққатан боз намуд. Дар баррасии вазъи корхона вазири саноат ва технологияҳои нав, масъулони корхона ва намояндагони Кумитаи андоз ширкат доштаанд.

Ин дар ҳолест, ки авоили моҳи ҷорӣ Бахтиёр Рабиев, сардори бахши фаннӣ ва истесолоти корхонаи тилои «Зарафшон» аз вазъи нигаронкунандаи ин корхона хабар дода буд. Вай гуфта буд, ки ин муассиса бо баста шудани суратҳисобаш аз тарафи Кумитаи андоз, дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад.

Намояндагони корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин гуфтанд, баъди он, ки Кумитаи андоз бо назардошти пас гирифтани қарзи 200 миллион сомонӣ аз ин корхона, суратҳисоби онро масдуд кард, маблағҳои ворида мустақим ба ҳисоби Кумитаи андоз ворид шуда, коргарон бемаош монданд ва имкони харидории маводи сӯхт бениҳоя кам шуд ва дар натиҷа конҳо баста шуданд.

Ба дунбол, Вазорати саноат ва технологияҳои нав гуфт, онҳо дар ҷараёни вазъи пешомада дар корхонаи муштараки Тоҷикистон Чин ҳастанд ва ҳама талошҳоро ба харҷ медиҳанд,то фаъолияти онро ба ҳолати қаблиаш баргардонанд.

Корхонаи муштараки истихроҷи тилои "Зарафшон" дар соли 1994 бо сармояи ширкати "Commonwealth&British Mineral Ltd"-и Бритониё дар заминаи корхонаи истихроҷи тилои даврони шӯравии пешин дар ноҳияи Панҷакент таъсис шудааст, ки 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG