Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи барқ дар се соли оянда беш аз 30% боло хоҳад рафт


Нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ имсол 7 дарсад, дар ду соли оянда 8-дарсадӣ ва дар соли 2020 ҳудуди 10 дарсад боло хоҳад рафт.

Қисми зиёди сокинон дар Тоҷикистон маоши ҳармоҳаи муайян надоранд. Баъзе моҳ бисёртар ва баъзе вақт камтар ё аслан пул ба даст намеоранд. Агар мабодо як нафар пул наёфт, бояд тӯли моҳ бидуни барқ бинишанд?

Бино ба барномаи пешбиникардаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасвиб шудааст, нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар се соли оянда тақрибан 2-дирамӣ боло рафта, дар соли 2020 ба беш аз 20 дирам хоҳад расид. Соли гузашта арзиши нерӯи барқ дар кишвар 16 дарсад афзуда, феълан 1 киловат нерӯи барқ ба аҳолӣ 14,65 қимат дорад.

Дар ҳуҷҷате, ки рӯзи 13-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, нархи нерӯи барқ барои корхонаву иношоот низ боло меравад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, нархи барқ барои корхонаву муассисаҳо соли 2018 ба қадри 9,9 дарсад, соли 2019 8,4 дарсад ва дар соли 2020 ба якборагӣ 15 дарсад боло хоҳад рафт.

Ҳоло арзиши 1 киловат нерӯи барқ дар фасли тобистон барои ширкати алюминиюми Тоҷикистон ё ТАЛКО 7,2 дирам ва дар фасли зимистон 11,8 дирамро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик” арзиши аслии 1 киловат нерӯи барқ дар нерӯгоҳи барқи обӣ 2 дирам ва дар Марказҳои ҳароратӣ 21 дирам аст.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати энержӣ ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур додааст, ки то охири сол шеваи пардохти нирӯи барқро барои аҳолӣ бо усули “биллингӣ” ва ё пешпардохт гузаронад. Манзур аз низоми биллингӣ насби чипҳо дар ҳисобкунакҳои барқӣ аст, ки ба сурати онлайн ҳаҷми истифодаи барқи хонаводаҳоро ба маркази ягона интиқол медиҳад ва бо тамом шудани пули суратҳисоб интиқоли барқ ба манзилҳо қатъ мешавад.

Бинобар ин, сокинон нахуст дар суратҳисоби худ миқдори кофии маблағ гузошта, имкон доранд то тамом шудани он, аз нирӯи барқ истифода кунанд. То кунун дар Тоҷикистон шеваи биллингии пардохти барқ танҳо дар ноҳияи Сарбанд ва Рӯдакӣ мавриди санҷиш қарор дошт.

Дилшод, як сокини вилояти Суғд гуфт, ки тасмими боло бурдани нархи нирӯи барқ ва тарҳи пешпардохт дар якҷоягӣ метавонад бисрёиҳоро аз дастрасӣ ба манбаи рӯшноиву гармӣ маҳрум кунад. Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, “Қисми зиёди сокинон дар Тоҷикистон маоши ҳармоҳаи муайян надоранд. Баъзе моҳ бисёртар ва баъзе вақт камтар ё аслан пул ба даст намеоранд. Агар мабодо як нафар пул наёфт, бояд тӯли моҳ бидуни барқ бинишанд?” – суол гузошт ӯ.

Пардохти пули нирӯи барқ солҳост, ки аз мушкили ширкати “Барқи тоҷик” боқӣ мемонад. Ин ширкат қарзҳои напардохтаи аҳолиро 786 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Ба ҳисоби ширкат, ҳар як сокини кишвар аз ин ширкат 100 сомонӣ қарздор аст. Мавзӯи қарзҳои напардохтаи мардум аз мояи нигарониҳои ҳукумат аст, ки дар сатҳи баланд матраҳ мешавад. Оғози соли равон раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбасти кори ҳукумат аз сокинон гила кард, ки “дар ҳар хонавода ду-се телефон доранд, аммо пули барқро намесупоранд”.

Тоҷикистон ҳамасола қимати барқро то андозае боло мебарад, ки барои ҷайби мардум қобили эҳсос набошад. Бо вуҷуди тавсияи созмонҳои байналмилалӣ, ки қимати барқро дар қаламрави Тоҷикистон поинтарин мешуморанд, мақомот аз ба шиддат боло бурдани арзиши барқ худдорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG