Пайвандҳои дастрасӣ

Агар арзиши доллар аз марзи пешбиникардаи ҳукумати Тоҷикистон берун нашавад, қурби як доллари амрикоӣ дар соли 2020 дар сатҳи 10 сомонӣ қарор хоҳад гирифт. Ин қурби доллар пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва дар се соли оянда ҳамаи ниҳоду вазоратхонаҳои блоки иқтисодии Тоҷикистон аз рӯи он фаъолият хоҳанд кард.

Вазорати рушди иқтисод дар гузориши наваш таҳти унвони “Пешбинии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” муҳимтарин нишондодҳоеро, ки бояд ҷумҳурӣ ба он дар ин муддат ноил шавад, муайян кардааст. Дар ин дурнамо гуфта мешавад, ки қурби як доллар дар соли 2018 ба 9 сомонӣ, соли 2019 - ба 9 сомониву 40 дирам ва дар соли 2020 ба 10 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Гардиши савдо дар мо манфӣ аст, яъне мо хеле бештар аз оне, ки мол содир кунем, мол ворид мекунем. Бинобар ин, ҳанӯз ҳам сомонӣ аз нархи аслиаш гаронтар аст

Аммо ин пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба пояи чанд «агар» таҳия шудааст. Ба ибораи дигар, қурби доллар дар шароите дар чунин сатҳ қарор хоҳад гирифт, ки Тоҷикистон содироти ду маҳсулоти асосиаш - пахта, аллюминиум ва меваву сабзаҷот ва инчунин нерӯи барқро ба хориҷа зиёд кунад. Дурнамо ваё пешбинӣ аст, ки дар соли 2020 Тоҷикистон бояд аз фурӯши нерӯи барқ 120 миллион доллар, аз аллюминиюм 402 миллион доллар ва аз пахта 154 миллион доллар суд бигирад.

Ин даромадҳои кишвар бо асъори хориҷӣ барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ нақши калидӣ хоҳанд дошт.

Омилҳои беруна

Ҳарчанд маълум нест оё Тоҷикистон дар ду соли оянда ба ин нақшааш ноил мегарда ё на, аммо таҳлилгарон мегӯянд, қурби сомонӣ аз омилҳои дигари беруна низ вобаста мебошад.

Нозим Ишонқулов, иқтисоддони маркази Mercatus дар донишгоҳи Ҷорҷ Мейсони Амрико рӯзи 7 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон қурби сомонӣ аз арзиши воқеиаш баландтар шудааст.

Вай гуфт: “Гардиши савдо дар мо манфӣ аст, яъне мо хеле бештар аз оне, ки мол содир кунем, мол ворид мекунем. Бинобар ин, ҳанӯз ҳам сомонӣ аз нархи аслиаш гаронтар аст”.

Ишонқулов афзуд, дар сурати бадтар шудани вазъи иқтисодии Русия ваё боло рафтани меъёри бозтамвили Идораи федеролии хазинадории Амрико, риски устувор шудани қурби доллар ва поин рафтани сомонӣ вуҷуд дорад.

Аммо Бонки Миллӣ мегӯяд, сомонӣ ҳоло ба истилоҳ “озодона шино мекунад” ва қурби он ҳар рӯз ба пояи додуситадҳо дар бозори байналмиллалии Forex то соати 16:00 муайян карда мешавад.

Дар се соли ахир қурби доллар дар Тоҷикистон батадриҷ то 30 дарсад боло рафт ва айни замон он дар сатҳи 8 сомониву 80 дирам қарор дорад.

Бӯҳрони Русия, ислоҳот дар Бонки миллӣ

Парвози қурби доллар бахусус дар нимаи дувуми соли 2014 ва нимаи аввали соли 2015 мушоҳида шуд. Дар моҳи майи соли 2015 раис ва тамоми муовинони раиси Бонки миллӣ барканор шуда ва раҳбарияти нави бонк сиёсати шадидеро барои танзими вазъи бозори асъор рӯи даст гирифт.

Ибтидо дар роҳи фаъолияти саррофони хусусӣ дар кишвар маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ шуда, аз 1 декабри соли 2015 салоҳияти мубодилаи асъори хориҷиро пурра ба ихтиёри бонкҳо гузоштанд ва нуқтаҳои хусусии мубодилаи асъорро аз байн бурданд.

Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо доллару евро фурӯхтани манзилу мошин ва мубодилаи асъор берун аз бонк, ҷаримаҳои сангин ва ҳатто ҳукми зиндон ҷорӣ карданд.

"Дигар бо доллар сару кор надорем"

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, пас аз ин реформаи Бонки миллӣ хариди асъори хориҷӣ, хусусан доллар мушкил шуд. Чунки бонкҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар фурӯши доллар лимитро аз байн набурдаанд ва дар як рӯз ба як нафар на бештар аз 200-300 доллар мефурӯшанд.

Сулаймон Вафоев, як соҳибкор дар шаҳри Бохтар ҷануби Тоҷикистон гуфт, пас аз камчин шудани доллар дигар аз ворид кардани молу маҳсулот аз хориҷа даст кашид. Чунки ба гуфтаи ӯ: "ҳоло танҳо соҳибкорон ва ширкатҳои бузург имкони хариди доллар аз бонкҳоро доранд. Мо танҳо аз ширкатҳои умдафурӯшӣ, ки аз хориҷа мол меоранд, по сомонӣ мол харида мефурӯшем. Дигар бо доллар сару кор надорем».

То ин тадобири шадиди Бонки миллӣ дар Тоҷикистон «бозори сиёҳ»-и асъори хориҷӣ вуҷуд дошт, ки гоҳо аз қурби расмӣ фарқи калон дошт. Бонки миллӣ мегӯяд, яке аз натиҷаҳои мусбати реформаи охираш ин буд, ки ин бозори сиёҳ аз байн рафта ва ҳамкнун қурби расмӣ ва бозорӣ қариб ба ҳам баробар ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG