Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Агар истеҳсолот набошад, қурби асъор ҳамеша зери фишор аст" ВИДЕО


Меҳрубон Бурҳонов

Меҳрубон Бурҳонов – муассиси "Dushanbe Business School" ва коршиноси умури бонкӣ – гуфт, боло рафтани меъёри бозтамвил (ставка рефинансирования) дар Тоҷикистон фоизи қарзҳоро афзоиш хоҳад дод. Бонки Миллии Тоҷикистон дар оғози ҳафтаи ҷорӣ аз бими афзоиши таваррум ва боло рафтани қимати молу коло меъёри бозтамвилро якбора 3.5 фоиз боло бурд, ки дар гузашта бисёр кам дида шудааст. То рӯзи 20 март меъёри бозтамвил 12.5 фоизро ташкил медод ва ҳоло ба 16 дар сад расид. Дар тӯли як моҳи охир ин бори дувум аст, ки меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон боло бурда мешавад.

Навори видео дар инҷост:

Коршинос: “Агар истеҳсолот набошад, қурби асъор ҳамеша зери фишор аст”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00

Мо медонем, ки агар дар давлат истеҳсолот набошад, қурби асъор ҳамеша зери фишор аст. Тоҷикистон низ аз қабили ҳамин гуна давлатҳост. Беш аз 80 дарсади мол аз берун бо асъори хориҷӣ ворид карда мешавад.

Радиои Озодӣ: Боло рафтани меъёри бозтамвил барои иқтисоди Тоҷикистон чӣ маъно дорад ва таъсир хоҳад дошт?

Меҳрубон Бурҳонов: “Пеш аз онки ба ин суол посух гӯям, бояд донем, ки худи меъёри бозтамвил чӣ аст. Ин фоизи қарзе аст, ки Бонки Миллӣ аз рӯи он ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад. Бонки Миллӣ бо истифода аз ин фишанг фоизҳои қарзҳое, ки аз тарафи бонкҳо дода мешавад, танзим мекунад. Ҳамчунин, тавассути ин фишанг Бонки Миллӣ то як андоза беқурбшавии пули миллиро нигоҳ медорад. Мизони беқурбшавӣ дар Тоҷикистон солона ба 5-6 дар сад мерасад. Бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ меъёри бозтамвил аз беқурбшавии пул бояд баландтар бошад. То 16 дарсад боло рафтани меъёри бозтамвил ҷиҳатҳои манфӣ ва ҳам мусбати худро дорад. Яъне, тавре гуфтем аз як сӯ Бонки Миллӣ бо ин рӯ талош дорад, сатҳи беқурбшавии пулро нигоҳ дорад. Аммо аз сӯи дигар ин меъёр дар мадди аввал ба соҳибкороне, ки қарз мегиранд ва ҳам худи бонкҳо таъсири манфӣ мерасонад.”

Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Яъне мешавад гуфт, ки бо боло рафтани меъёри бозтамвил фоизи қарзҳои бонкҳо низ боло меравад?

Меҳрубон Бурҳонов: “Албатта. Чунки бонкҳо дигар наметавонанд аз 16 фоиз, яъне аз меъёри бозтамвили муқарраркардаи Бонки Миллӣ пасттар қарз бидиҳанд. Ҳадди ақал фоизи қарз бояд 16 бошад, на камтар аз он. Агар бонкҳо бо асъори хориҷӣ ва ё миллӣ бо фоизҳои аз ин пасттар ба мизоҷон қарз пешниҳод мекард, дигар ин имкониятро нахоҳад дошт. Вақте фоизи қарзҳо боло рафт, қарзгирӣ кам мешавад ва дар натиҷа ин боис ба карахтӣ дар рушди иқтисоди кишвар мешавад. Агар мо ба портфели қарзии бонкҳо назар кунем, ҳоло бештари қарзҳои тиҷоратие, ки гирифта мешаванд назар кунем, мебинем, аксарият барои рӯйпӯш кардани қарзҳои пешинаи худ қарз мегиранд. Ҳамагӣ 40 дарсади қарзҳои бонкӣ барои истеъмол аст ва фоизи хеле кам барои истеҳсолот дода мешавад. Мо медонем, ки агар дар давлат истеҳсолот набошад, қурби асъор ҳамеша зери фишор аст. Тоҷикистон низ аз қабили ҳамин гуна давлатҳост. Беш аз 80 дарсади мол аз берун бо асъори хориҷӣ ворид карда мешавад."

Радиои Озодӣ: Тайи ҳафтаҳои охир болоравии қурби асъори хориҷӣ, хусусан доллари Амрико, нисбат ба сомонӣ ба мушоҳида мерасад. Сабаби аслиро дар чӣ мебинед?

То замоне ки дар Тоҷикистон мо худро ба маҳсулоти ватанӣ таъмин накунем, аз ин варта баромада наметавонем. Яъне, агар мо меъёри бозтамвилро то 20 дар сад ҳам боло барем, фишор болои қурби сомонӣ боқӣ мемонад.

Меҳрубон Бурҳонов: "Як омили асосӣ талабот ба доллар аст. Чунки соҳибкорони ватании мо аз хориҷа мол ворид карданӣ мешаванд ва онҳо ночоранд, доллар бихаранд. Вақте талабот зиёд шуд, қурб низ боло меравад. Соли гузашта суръати болоравии қурби асъори хориҷӣ аз ин ҳам боло буд. Аммо Бонки Миллӣ бо фишангҳои дар даст доштааш то андозае қурби асъорро нигоҳ дошт ва дуруст ҳам кард. Аммо барои пешгирӣ кардани болоравии қурб Бонки Миллӣ наметавонад танҳо аз чораҳои маъмурӣ кор бигирад ва бонкҳоро маҷбур кунад, ки қурбро ба таври сунъӣ нигоҳ доранд. Дар ин вазъият бояд дигар идораҳои давлатӣ даст ба кор шаванд ва ба соҳибкорон, хусусан ба соҳибкорони истеҳсолӣ шароити хуб фароҳам биёранд, то истеҳсолот рушд кунад ва ба кишвар асъори хориҷӣ ворид шавад."

Шарҳи боло бурдани меъёри бозтамвил дар ин видеост:

Бонки Миллӣ аз тарси болоравии қиматҳо сиёсати пулиро тағйир дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Радиои Озодӣ: Оё кам шудани пули интиқолии муҳоҷирони корӣ низ сабаби болоравии қурби асъори хориҷӣ дар бозори арзи дохилӣ буда метавонад?

Меҳрубон Бурҳонов: "Бале, ин ҳам яке аз омилҳо аст. Лекин бубинед пулҳое, ки аз 800 ҳазор то 1 миллион муҳоҷирони кории мо мефиристанд дар дохили кишвар намемонанд. Вақте онҳо пул мефиристанд, оилаҳои онҳо зуд рафта аз бозор барои худ мол мехаранд ва ин пул дар иқтисоди мо гардиш намехӯрад. Чунки аксар моли бозорҳои мо воридотӣ аст ва ин пул боз меравад ба хориҷа. То замоне ки дар Тоҷикистон мо худро ба маҳсулоти ватанӣ таъмин накунем, аз ин варта баромада наметавонем. Яъне, агар мо меъёри бозтамвилро то 20 дар сад ҳам боло барем, фишор болои қурби сомонӣ боқӣ мемонад. Ягона роҳ рушд додани истеҳсолот аст."

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG