Пайвандҳои дастрасӣ

Саудӣ боҷи шоҳиро барои ҳоҷиён 60 доллар боло бурд


Ҳоҷиёни тоҷик дар Макка. Моҳи сентябри соли 2016

Арабистони Саудӣ боҷи шоҳиро барои зоирони Хонаи Худо, аз ҷумла ҳоҷиёни тоҷик, 60 доллар боло бурдааст. Соли гузашта боҷи шоҳӣ барои ҳар як довталаби зиёрати Каъба дар маҷмӯъ ба 275 доллар баробар буд ва имсол бо нархи нав ба 335 доллар расидааст. Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин 60 доллар ба нархномаи сафари ҳоҷиёни тоҷик илова карда хоҳад шуд.

Афшини Муқим – сухангӯи Кумитаи дин –рӯзи 22 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо афзоиши қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ эҳтимол нархи имсолаи Ҳаҷ низ боло бурда шавад. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳоҷиён харҷи сафари худро ба ҳисоби сомонӣ ба онҳо пардохт мекунанд ва аммо тамоми додугурифт бо ҷониби Саудӣ бо доллар сурат мегирад. “Аз сабаби онки шартномаҳои Кумита бо ширкатҳои Арабистони Саудӣ бо доллар мешаванд, ин ниҳод маҷбур нархи ҳаҷро бо доллар ҳисоб кунад ва аз ин нигоҳ нархи сафари Ҳаҷ афзоиш хоҳад ёфт. Қурби пули миллӣ дар баробари доллар ҳафтаҳои охир поин рафтааст”, – афзуд ӯ.

Соли гузашта нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик 28 ҳазору 649 сомонӣ, муодили 3584 доллар (бо қурби онвақта) муқаррар шуда буд. Ин назар ба соли 2015 5649 сомонӣ бештар буд. Нархи имсолаи Ҳаҷ ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Дар назар аст, сафари зоирини тоҷик имсол дар моҳи август шуруъ шавад. Ба иттилои Кумитаи дин, соли равон Арабистони Саудӣ квотаи Ҳаҷ барои Тоҷикистонро бетағйир мондааст. Чанд соли ахир аз Тоҷикистон каме бештар аз 6 ҳазор нафар барои зиёрат ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG