Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаштод миллион барои кӯмак ба оилаҳои камбизоат. ВИДЕО


Аз моҳи ноябри имсол ҳамаи хонаводаҳои камбизоат дар Тоҷикистон барои ҳар узви оила 100 сомонӣ кумак дарёфт хоҳанд кард. Ба ин манзур дар буҷети Тоҷикистон бо машварати Иттиҳоди Аврупо ва ёриҳои молии шарикон 80 миллион сомонӣ ихтисос шудааст. Ин кумак дар се моҳ як бор расонда мешавад.

Дар гузашта низ ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ бо ҳадафи кумак ба камбизоатон ва поин бурдани мизони фақр дар Тоҷикистон маблағҳоеро ихтисос дода буданд. Мақомот мегӯянд, ин кумакҳо тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ ва баъди номнавис шудани афроди кмабизоат расонда хоҳад шуд.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфта, ҳоло ҳудуди 30 дарсади аҳолӣ дар ҳоли фақр зиндагӣ мекунанд.

Шарофиддин Нурови 50-сола, як сокини ноҳияи Ҳисор, ба далели надоштани кор дар вазъи душворе ба сар мебарад. Дар гузашта ӯ дар шаҳри Душанбе дар як корхонаи хурд кор мекард, аммо дар пайи бӯҳрони молиявӣ ин ширкат муфлис шуд.

Ҳарчанд ду писараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ озими Русия шудаанд, дар он кишвар низ вазъи иқтисодӣ дар ҳоли бӯҳронӣ аст ва хонаводаи Нуровҳо бо мушкилӣ рӯз мегузаронанд. Шарофиддин Нуров рӯзи 29-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз иқдоми кумакпулӣ ба хонаводаҳои камбизоат истиқбол кард ва гуфт, "дар оилаи мо 6 нафар ҳаст. Ду писарам дар Русия, вале дар он ҷо ҳам кори хубе нест ва писаронам ба хона пул намефиристанд. Аҳволамон хеле бад аст."

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон
Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл дар нишасти хабарӣ эълон карданд, ки дар нимсолаи дувуми соли 2017 пардохти кумакпулиҳо ба ҳама хонаҳои камбизоат дар кишвар шурӯъ мешавад. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ин тарҳ бо машварати Иттиҳоди Аврупо ва бо кумаки молии шарикони рушди Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, то кунун дар се ноҳияи кишвар ба таври озмоишӣ роҳандозӣ шудааст.

Ӯ афзуд, "нахуст ин тарҳ дар се ноҳияи озмоишӣ ё пилотӣ татбиқ карда шуд ва ҳамакнун дар тамоми ҷумҳурӣ иҷро карда мешавад. Ба ин манзур дар буҷети соли ҷории Тоҷикистон барои расондани кумаки молӣ ба оилаҳои камбизоат 80 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст."

Бархе аз соҳибназарон иқдоми давлати Тоҷикистон барои кумак ба оилаҳои фақир дар кишварро нокофӣ медонанд

Ба иттилои Каримзода, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки дар зудтарин фурсат рӯйхати хонаводаҳои камбизоат дар тамоми қаламрави кишварро таҳия кунад. Сипас, ниҳодҳои иҷтимоӣ ба ҳар як хонаводаи камбизоат дар ҳар як се моҳ барои ҳар як узви оила 100 сомонӣ маблағ барои ҷуброни қимати нерӯи барқ ва хароҷоти дигар пардохт мекунад. «Маъмулан, оилаҳои камбизоат аз чаҳор нафар иборат аст ва ба ин тартиб онҳо ҳар се моҳ 400 сомонӣ кумакпулии ҳукуматиро дарёфт мекунанд», - гуфт Ҷамшед Каримзода.

Соима Муҳаббатова, як масъули шӯъбаи рушди иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феълан кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон тибқи ду қарори ҳукумати кишвар дода мешавад.

​Ӯ афзуд, тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон дар бораи расондани кӯмакҳои якдаъфина ба оилаҳои камбизоат ба 49 677 оилаи камбағал кумакпулӣ дода мешавад ва ин оилаҳо ба салоҳияти худ ин маблағро сарф мекунанд. Ба гуфтаи вай, тибқи қарори дувум дар бораи ҷубронпулӣ барои пардохти қимати газу барқ 76 618 оила номнавис шудаанд ва онҳо кумакпулӣ барои пардохти арзиши барқро дарёфт мекунанд.

Тоҷикистон тайи як даҳсола аз солҳои 2003 то 2015 дар коҳиши мизони камбизоатӣ шоҳиди дастовардҳои чашмрасе гашта, мизони камбизоатиро аз 73 дарсади қаблӣ то ба 31 дарсад коҳиш дода буд.

Аммо дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ки дар ҳошияи таҳияи стратегияи нави ҳамкории ин бонк бо Тоҷикистон таҳия шуда, моҳи июни имсол нашр гардид, гуфта мешавад, шурӯъ аз соли 2014 ба инҷониб, мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш наёфт ва бетағйир боқӣ монд. Бонки ҷаҳонӣ мизони фақрро аз рӯи ченаки харҷӣ камтар аз 3 доллару 10 сент барои як нафар дар як рӯз ҳисоб мекунад. Бинобар арзёбии ин бонк, нафаре, ки дар як рӯз камтар аз 3 доллару 10 сент харҷ мекунад, нодор ва онҳое, ки дар як рӯз камтар аз 1 доллару 10 сент харҷ мекунанд, “бисёр фақир” эътироф мешаванд.

Бинобар арзёбии ин бонк дар Тоҷикистон, 13 дарсади аҳолӣ дар ҳолати “фақри шадид” ба сар мебаранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG