Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синфи миёна чисту миёнаҳол - кӣ?


Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад бо анҷоми як пажӯҳиши саросарӣ шумораи дақиқи қишри дорову камбизоат ва миёнаро дар кишвар муайян кунад.

Моҳи сентябр дар саросари Тоҷикистон тадқиқоте анҷом хоҳад ёфт, ки ҳадафи асосияш муайян кардани ҷойгоҳи синфи миёна дар кишвар хоҳад буд. Синфи миёна сутунмӯҳраи ҷомеаи ҳар кишвар ва омили рушду суботи он ба шумор меравад.

Фарида Мӯъминова, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ рӯзи 7-уми июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, бино бар нахустин пажӯҳиши хурде дар бораи синфи миёна, ки ҳанӯз соли гузашта анҷом дода шуд, ҳоло ин синф 22 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад: «Дар раванди таҳқиқоти гурӯҳҳои мақсаднок, яъне духтурон, соҳибкорон, муаллимон, хизматчиёни давлатӣ ва фермерҳо мо 8 нишондодро ба назар гирифтем. Яъне, даромаду хароҷоти пурсидашудагон, маълумоти онҳо, мавқеи зист ва ҳаҷми пасандозҳояшон. Мо фикр кардем, дарки он ки сохтори хароҷот хеле муҳим мебошад ва имкон медиҳад, ки муносибат ба синфи миёна муайян карда шавад.»

Фарида Мӯъминова, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ
Фарида Мӯъминова, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ

Ба гуфтаи хонум Мӯъминова, яке аз меъёрҳое, ки қишри миёнаро муайян мекунад, доштани даромадест, ки 5 маротиба бештар аз сабади истеъмолӣ бештар бошад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон сабади истеъмолӣ 432 сомонӣ ва ё худ 86 долларро ташкил мекунад.

Ба ин тартиб, аз сӯи пажӯҳишгарон мушаххас шудааст, ҳар хонаводае, ки дар Тоҷикистон солона 30 ҳазор сомонӣ ё бештар аз он даромад ба даст меорад, соҳиби маълумот, манзил ва мошин аст, пасандози зиёд ва имкони молӣ барои истироҳат ва таҳсили фарзандон дар дохилу хориҷаро дорад, қишри миёна шумурда мешавад. 22 дарсади аҳолиро ташкил кардани ин қишр баёнгари он аст, ки ҳар нафари 5-ум дар Тоҷикистон намояндаи синфи миёна аст ваё ҳадди ақал худро чунин мешуморад. Аммо ин дар ҳолест, ки 35 дарсади дигари аҳолӣ зери хатти фақр ба сар мебарад. Гузашта аз ин, музди кори сокинони Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ пасттарин дониста шуда, ба ҳисоби миёна чизе бештар аз 100 долларро ташкил медиҳад.

Баҳриддин Ашӯров, як корманди соҳаи маориф мегӯяд, бо он ки тайи чанд соли ахир маоши кормандони ин соҳа ба маротиб баланд рафтааст, аммо ӯ худро ба қишри миёна мансуб намедонад. Ӯ мегӯяд, «барои беҳтар кардани зиндагӣ боз машғул шудан ба кори иловагӣ зарур мешавад. Масалан дар замин кор кардан ва ё ягон ҳунари дигар доштан. Барои мисол, ман имкони дар хориҷи кишвар истироҳат кардан ва ё хонондани фарзандонамро надорам ва мо фақат сабрро пешаи худ кардаем.»

Зимнан, нозирони умур мегӯянд, дар назарсанҷиҳои муосир дар Ғарб барои муайян кардани намояндагони синфи миёна ду равия – субъективӣ ва объективӣ - вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон усули субъективӣ, яъне “худшомилнамоӣ” истифода шудааст ва пурсидашудаҳо худ мегӯянд, ки онҳо намояндаи кадом синф ё қишранд, ки ин усулро наметавон қобили эътимод арзёбӣ кард.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Аз нигоҳи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, ҳоло дар Тоҷикистон ҳиссаи камбизоатон дар асл аз 50 дарсад бештар буда, шумораи онҳое, ки воқеан ба қишри миёна дохиланд, баръакс хеле камтар аз омори расмист:, «Маркази таҳқиқоти стратегӣ қабл аз он, ки чунин таҳқиқот мегузаронад, бояд бо мутахассисон машварат кунад ва он меёърҳое, ки дар назар гирифта шудаанд, то куҷо дуруст ва ё нодуруст будани он муайян гардад. Зеро он меъёрҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии асъор таъин кардааст, хатост. Ин ҷо пеш аз ҳама меъёри истеъмол, даромадҳои умумии пулии хоҷагиҳо бояд дар назар гирифт. Ҳатто моделҳои математикӣ ҳам вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳоро бояд ҷамъ кард. Ман боварии комил дорам, ки шумо ҳатто агар 10 ҳазор доллар даромад дошта бошед, метавонед ба гурӯҳи камбизоатон дохил шавед ва муайян кардани худи ҳамин меъёри миқдорӣ ҳам нодуруст аст.»

Дар ҳамин ҳол, Саодат Олимова,ҷомеашиноси тоҷик аз маркази таҳлилии “Шарқ” мегӯяд, бо он ки дар Тоҷикистон иқтисоди «соягӣ» рушд кардааст ва мардум аз ошкор кардани даромади воқеӣ худдорӣ мекунанд, муайян намудани қишри миёна ғайримумкин аст.

Хонум Олимова афзуд, «ҳатто агар ин таҳқиқот теъдоди қишри миёнаро дар Тоҷикистон танҳо 22 дарсад муайян кардааст, ва ё агар 30 дарсад бигӯяд, ин хеле кам аст. Аммо масъала сари ин аст, ки ин пажӯҳиш бо кадом ҳадаф гузаронида ва дар куҷо истифода мешавад? Агар танҳо хусусияти фаннӣ ва ё илмӣ дошта бошад, ва ба хотири таҳияи барномаҳои ҳукуматӣ анҷом шавад, он гоҳ ин хуб аст. Аммо ба ҳар сурат аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ ман наметавонам онҳоро

Саодат Олимова
Саодат Олимова

қишри миёна ном барам. Инҳо танҳо қишре ҳастанд, ки сатҳи миёнаи даромад доранд. Аз рӯи меёрҳои байналмилалӣ қишри миёна бояд ҳам сармоя ва ҳам имконияти мушаххас кардани ояндаи худро дошта бошад. Аммо дар ҷомеаи мо мутаассифона, ин чиз нест. Бале, шояд се мошин ва ҳам манзил дошта бошем, аммо имкониятҳои мо маҳдуд аст. Масалан, агар таъминотро бо барқ бигирем, оё кадоме аз мо ба он гурӯҳе шомилем, ки 12 моҳ дар сол бо барқ таъминем? Тақрибан ҳеҷ кас. Ҳамин гуна мушкили дастрасӣ ба об низ. Ин омилҳо дарҳол мардумро аз қишри миёна берун мекунад.»

Саодат Олимова меафзояд, ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон қишри камбизоат ва доро вуҷуд дорад, аммо ҳузури онҳое, ки худро сатҳи миёна мегӯянд, дар арсаҳои гуногуни ҳаёти кишвар аз ҷумла сиёсат ва иқтисод тақрибан эҳсос намешавад.

XS
SM
MD
LG