Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми 128-уми Тоҷикистон бо "камтарин озодиҳои иқтисодӣ"


Дар раддабандии «Озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон» Тоҷикистон дар миёни 151 давлати дунё ҷои 128-умро соҳиб шуд ва дар радифи кишварҳои бо «камтарин озодии иқтисодӣ» қарор гирифт.

Гузориши тозаи «Озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон», ки рӯзи 18-уми сентябр аз сӯи Пажӯҳишгоҳи Фрейзери Канада пахш гардид, бори аввал Тоҷикистонро ба ин раддабандӣ ворид кардааст. Тибқи ин раддабандӣ, Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ аз ҷиҳати озодиҳои иқтисодӣ кишвари аз ҳама ноозод эътироф шудааст. Аз миёни 15 кишвари пасошӯравӣ танҳо Узбакистон ба иллати набуди иттилои саҳеҳ ба ин раддабандӣ ворид нашудаст.

Аз ҳама кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ озод дар миёни кишварҳои прасошӯрави Эстония будааст, ки ҷои 16-умро ишғол карда мавқеаш ҳатто аз ИМА пештар аст.

Тавре торнамои «Маркази бозори озод» -коршарики пажӯҳишгоҳи Фрайзер дар Тоҷикистон - мегӯяд, миёнии кишварҳои Осиёи миёна дар ин баҳодиҳӣ Қазоқистон аз ҳама пештар буда, дар ҷадвал мақоми 84-умро касб кардааст .

Дар миёни кишварҳои шарики Тоҷикистон бо вуҷуди таҳримҳои шадид Эрон дар ҷои 127-ум қарор дорад. Кишварҳое чун Ҳонгконг, Сингапур, Зелендияи нав ва Швейтсария дар саргаҳи ин раддабандӣ қарор доранд.Венесуэла, Мянмар, Ҷумҳурии Конго, Зимбабве ва Чад ба панҷгонаи кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ноозодтарини дунё ворид шудаанд.

Манзури пажӯҳишгарон аз кишварҳои иқтисодашон озод ин аст, ки дар ин давлатҳо моликияти хусусӣ хуб ҳимоя мешавад ва даолати судӣ вуҷуд дорад, имконияти гирифтани қарз аз бонк бо фоизи пастар бештар аст. Дар чунин кишварҳо масрафоти давлатӣ кам буда, пешубурди тиҷорати байналмиллалӣ соддаву осон аст. Дар маҷмӯъ пажӯҳишгарон барои таҳияи ин раддабанди 42 нишондоди иқтисодиро аз ҳар кишвар ҷамъ карда онро бо ҳам қиёс кардаанд.

Аммо Шӯҳратҷон Раҳматбоев - муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аз ниҳодҳои аршади блоки иқтисодии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ман бо ин рейтинг шинос нашудаам. Вале ҳамаи ин гунна рейтингҳо хусусияти субективӣ доранд ва дар аксарияти мавридҳо ҳолати воқеии кишварҳоро нишон намедиҳад.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Констатин Бондаренко - роҳбари «Маркази бозори озоди Тоҷикистон», раддабандии пажӯҳишгоҳи Фрейзер нисбат ба дигар ҷадвалҳо хеле аниқу дақиқтар ҳаст ва дар мисоли кишварҳои конкрет мешавад дид, ки озодии иқтисодӣ чи гуна ба пешрафти иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад: «Масалан, мувофиқи ин рейтинг мавқеъи Қазоқистон дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳама болотар аст, ҳарчанд режими ин кишвар демократӣ не, балки авторитарӣ аст. Лекин маҳз ба ҳамин кишвар сармояи хориҷӣ бештар ворид мешавад ва аз дигар давлатҳо ба он ҷо барои пешбурди тиҷорат мераванд. Масалан ман чандин нафар тоҷирони тоҷикро медонам ки дар Қазоқистон соҳибкорони калон ҳастанд. Ин на барои он аст, ки Қазоқистон нефту гази бисёр дорад (туркманистону Узбакистон ҳам аз ин неъматҳо бой ҳастанд), балки озодии иқтисодӣ дар ин кишвар бештар аст.»

Дар гузориш гуфта мешавад, ки даромади 10 дарсад шаҳрвандони нодортарини кишварҳое, ки дар ин раддабандӣ дар ҷойҳои аввал ҳастанд, аз даромади синфи миёнаи кишварҳои «иқтисодашон ғайриозод» ду маротиба бештар аст.

Даромади солонаи нодортарин шаҳрвандони кишварҳое мисли Сингапуру Ҳонконг ва Шветсия , ки дар ин раддабандӣ дар ҷои авваланд, 10 556 доллар будааст. Дар ҳоле, ки даромади солонаи нодорҳои кишварҳои «иқтисодашон ғайриозод»ҳамагӣ 932 долар дар як сол будааст. Сатҳи миёнаи даромади аҳолии Тоҷикистон аз ин ҳам камтар - 860 доллар дар як солро ташкил медиҳад.

Шохиси (индекс) озодиҳои иқтисодӣ сатҳи мудохилаи сиёсатмадорон ва ниҳодҳои давлатӣ ба иқтисодро чен мекунад. Гузориши солонаи «Озодиҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон» аз ҷониби пажӯҳишгоҳи Фрейзер дар Канада нашр мешавад, ки бо донишгоҳҳову марказҳои таҳқиқотии 85 кишвари дунё ҳамкорӣ доштааст. Нашри имсолаи гузориш 151 кишвари ҷаҳонро, ки дар он 95 дарсади аҳолии кураи замин зиндагӣ доранд дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG