Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Тоҷикистон барои додугирифти барқ бо Узбакистон. ВИДЕО


Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон

Тоҷикистон барои додугирифти нерӯи барқ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон, омода аст. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 25-уми июл гуфт, ки “ин додугирифт то андозае ба фоидаи Душанбе хоҳад буд”.

Феълан Узбакистон камбуди нерӯи барқ дар кишварро аз роҳи хариди нерӯи барқи изофии Қирғизистон ҳал мекунад.

Вале ӯ гуфт, ки тахриби хатҳои интиқоли нирӯи барқ дар минтақаҳои наздимарзии Узбакистон дар ин кор мушкил эҷод мекунад. “Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловатӣ аз зеристгоҳи “Регар”-ро ташхис карданд ва ҳамаи камбудҳо рафъ шуд. Аммо масъулони энержии Узбакистон гуфтаанд, ки қисме аз хатти интиқоли барқ дар қаламрави вилояти Сурхандарё 10 сол пеш тахриб шуда, имкон дорад, дар фурсатҳои наздик барқарор гардад.”

Бинои асосии ширкати "Барқи тоҷик"
Бинои асосии ширкати "Барқи тоҷик"

Усмонзода афзуд, ба ҷуз аз ин, Тоҷикистону Узбакистонро хатҳои 220-киловатии интиқоли барқ дар вилояти Суғду Хатлон мепайвандад, ки феълан барои истифода омода ҳастанд. Муовини аввали раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода низ гуфт, тӯли чанд моҳ аст мақомоти энержии Узбакистон хоҳиш доранд, ки барои азназаргузаронии зеристгоҳҳои наздимарзии Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи вуруд дода шавад.

Дар зимистони гузашта Бонки Осиёии Рушд ба кишварҳои минтақа пешниҳод карда буд, ки музокирот барои азсаргирии бозори ягонаи энержӣ дар Осиёи Марказиро тақвият диҳанд. Азсаргирии фаъолияти бозори воҳиди энержӣ ё ҳалқаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ аз соли 2014 матраҳ аст ва бархе аз кишварҳо, ба мисли Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қасд доштанд, “ҳалқаи ягонаи энержӣ”-и минтақаро бидуни Узбакистон барқарор созанд.

Узбакистон соли 2009 ба нишони судовар набуданаш аз ин бозор берун рафт ва водор кард, ки Тоҷикистон мушкили камбуди нерӯи барқ дар кишварро дар танҳоӣ ҳал кунад. Феълан Узбакистон камбуди нерӯи барқ дар кишварро аз роҳи хариди нерӯи барқи изофии Қирғизистон ҳал мекунад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки фурӯши нерӯи барқи изофӣ ба Узбакистон ва ҳатто Қазоқистон фоидаовар хоҳад буд. Ҳоло Тоҷикистон дар фасли тобистон миқдоре аз нерӯи барқи изофии худро ба Афғонистон ва Қирғизистон содир мекунад. Ба иттилои вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон ба Афғонистон беш аз 650 миллион киловат соат нерӯи барқ содир кардааст.

Дар солҳои гузашта низ Узбакистон дар фасли тобистон ба далели таъмир шудани нерӯгоҳҳои ҳароратиаш аз Тоҷикистон нерӯи барқ мехарид ва зимистон ҳамин миқдор барқро бозпас медод.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, эҷоди “ҳалқаи ягонаи энержии” Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки камбуди нерӯи барқ дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ёрии якдигар ҳал шавад. Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, низ аз хабари эҳтимоли азсаргирии додугирифти нерӯи барқ бо Узбакистон истиқбол кард. Ӯ гуфт, ин амр идомаи ҳамкориҳои қаблии кишварҳои минтақа мебошад, ки дар пайи сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон имконпазир шудааст.

“Дар солҳои гузашта низ Узбакистон дар фасли тобистон ба далели таъмир шудани нерӯгоҳҳои ҳароратиаш аз Тоҷикистон нерӯи барқ мехарид ва зимистон ҳамин миқдор барқро бозпас медод. Эҳтимоли азсаргирии чунин додугирифт нишонаи хубест, ки ба афзоиши ҳаҷми табодули маҳсулот миёни ду кишвар метавонад сабаб шавад. Ин оғози ҳамкориҳост ва барои рушди ҳамкориҳои минбаъда асос мегузорад”, - афзуд ӯ.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси арсаи энержии Тоҷикистон, гуфт, Душанбе ба ҳеҷ шарт набояд вориди “ҳалқаи ягонаи энержӣ” шавад. Ӯ гуфт, ки “масъули назорати ин система дар Тошканд аст ва онҳо фақат ба фоидаи кишвари худ амал мекунанд. Хуб медонам, ки дар солҳои гузашта Тоҷикистон миқдори зиёди барқи тавлиди худро ба ин ҳалқа содир мекард ва миқдори андаке дарёфт мекард.”

Тоҷикистон дар фасли тобистон барқи изофӣ тавлид карда, ҳар зимистон ба барқи бештар ниёз пайдо мекунад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар зимистони оянда маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинон сабук карда хоҳад шуд. Зимистони гузашта маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ғайричашмдошт дар моҳи январ, яъне ҳадди ақалл се моҳ пеш аз вақти маъмулӣ, лағв гардид.

Мақомот далели барвақт бекор шудани маҳдудиятро ба фаъол гардидани Маркази гармидиҳии “Душанбе-2” рабт доданд, ки дар канори интиқоли гармӣ ба манзили сокинони пойтахти Тоҷикистон ҳамзамон то 400 мегаватт нерӯи барқ тавлид мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG