Пайвандҳои дастрасӣ

“Талко” барои истихроҷи тиллову нуқра сармоягузор меҷӯяд


“Талко Голд” -- ширкати вобаста тавлидкунандаи алюминий дар Тоҷикистон барои оғози истихроҷ ва коркарди конҳои тиллову нуқраи Кончочу, сармоягузор меҷӯяд. Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “Талко” 11-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар ҳоли бӯҳронӣ ба ширкати алюминийи кишвар конҳои маъданҳои нодир дар ноҳияи Айниро дар ихтиёр гузошт.

Вай афзуд: “Тибқи баровардаҳои мутахассисон, дар ин конҳо 55 тонна тилло, 44 тонна нуқра, 184 тонна симоб, 268 ҳазор тонна сурма ва 205 ҳазор тонна флюарит, маҳфуз аст. Барои оғози истихроҷи ин маъданҳо ва коркарди онҳо 50 миллион доллари америкоӣ зарур аст. Ширкати “Талко Голд” машғули ҷустуҷӯи сармоягузор аст”.

Змнан, ҳукумати Тоҷикистон иҷоза додааст, ки “Талко” барои ҷалби сармояи хориҷӣ то 50 дарсади саҳмияҳои “Талко Голд”-ро дар ихтиёри маблағгузорони хориҷӣ гузорад ва инчунин аз бархе сабукиҳои молиётӣ низ бархӯрдор шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG