Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Лондон Аваз Назаровро ба зиндон маҳкум кард


Аваз Назаров
Аваз Назаров

Додгоҳи олии Лондон як соҳибкори тоҷикро, ки аз афроди сарватмандтарини Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт, ба 1 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Аваз Назаров, ки як замон Корхонаи алюминиюми тоҷик (Талко)-ро дар Бритониё ба додгоҳ кашид ва барои ҳукумати Тоҷикистон дарди сари зиёде эҷод кард, ба сабаби иҷро накардани амри Додгоҳи олии Лондон барои бозгардондани 35 миллион доллари як соҳибкори рус ба зиндон маҳкум шудааст.

Аммо айни замон соҳибкори тоҷик дар Узбакистон қарор дорад ва маълум нест, ки чӣ гуна ҳукми зиндонро адо мекунад.

Ин ҳукм ба моҷарои Корхонаи алюминиюми тоҷик бо ширкати "Ансол Лимитед"-и Аваз Назаров ҳеҷ робита надорад. Аммо Аваз Назаров 10 миллион доллари ин маблағро барои пардохти ҳаққи вакилони мудофеъ дар баҳси додгоҳиаш бо Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аз ширкати VIS Trading, мутааллиқ ба Валерий Воробёв, як соҳибкори рус гирифта ва дигар барнагардондааст.

Додгоҳи салтанатии Лондон се сол пеш ба Аваз Назаров амр дода буд, барои риоят накардани қарордодҳояш бо ширкати VIS Trading Co Limited ба ин ширкат 35 миллион доллар бипардозад, вале Аваз Назаров ин амрро иҷро накардааст. Аваз Назаров аз ширкати мазкур тақрибан 24 миллион доллар пул гирифта ва ваъда додааст, ки онро бармегардонад, аммо натавонистааст. Сиву панҷ миллион доллар бо шумули ҷаримаву хароҷот таъйин шудааст.

Корхонаи алюмилниюми Тоҷикистон
Корхонаи алюмилниюми Тоҷикистон

Дар ширкати байналмилалии ҳуқуқии Фарлей ва Вилямс, ки ҳаққи соҳибкори русро ҳимоят мекунад, рӯзи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукми Аваз Назаров моҳи феврали имсол содир шуд. Дар муҳокима Аваз Назаров аз тариқи иртиботи видеоӣ шаҳодат додааст ва додрас Ҷастис Виппл гуфтааст, “гумонбар ё шоҳид сазовори боварӣ нест ва бисёр вақт амрҳои додгоҳро нодида гирифтааст.”

Аваз Назаров иддао кардааст, ки судури ҳукми зиндон беҳуда аст, чун ӯ дар қаламрави Бритониё нест, вале бо вуҷуди ин додрас гуфтааст, амалкардҳои Назаров мухолифи қонун аст ва ӯ бояд дар назди додгоҳ ҷавоб гӯяд. Мушовирони ширкати VIS Trading, ки дар додгоҳ ҳузур доштаанд, рӯзи 3 ноябр гуфтанд, ки ҳаққи шарҳ додани ҳукми додгоҳи олии Лондонро надоранд.

Аммо Роберт Платт, намояндаи ширкати Фарлей ва Вилямс, аз ҳукми додгоҳи Лондон изҳори қаноатмандӣ карда ва гуфтааст, бо вуҷуди онки Аваз Назаров баъди бохтани баҳси додгоҳӣ ба тоҷири рус, ягон тин напардохта ва ҳукми додгоҳи Лондонро иҷро накардааст, вале ҳукми нав нишондиҳандаи он аст, ки "додгоҳҳои Англия ингуна рафторро қабул надорад".

Игор Сатторов
Игор Сатторов

Соҳибкори тоҷик дар Узбакистон қарор дорад ва маълум нест, ки чӣ гуна ҳукми зиндонро адо мекунад. Аваз Назаров, ки аввали солҳои 2000-ум яке аз миёнаравҳои асосӣ барои фурӯши алюминий аз Тоҷикистон буд, бо ширкаташ “Ансол Лимитед” Корхонаи алюминиюмро бо иддаои вайрон кардани қарордодҳои харидуфурӯши алюмний ба додгоҳ кашид ва ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, барои ҳалли ин баҳс дар додгоҳҳои Лондон бештар аз 100 миллион доллар харҷ кунад.

Соли 2009 ҷонибҳо сулҳ карданд, вале ин баҳс яке аз гаронтарин баҳсҳои додгоҳӣ арзёбӣ шуд. Игор Сатторов, намояндаи “Талко” дар посух ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи шарҳи ҳукми зиндони Аваз Назаров гуфт, “ман намехоҳам ҳеҷ гуна масъалаеро дар бораи ин шахс, ки дигар барои мо вуҷуд надорад, шарҳ диҳам. Мо коҳи кӯҳнаро бод додан намехоҳем ва намехоҳем ҳеҷ робитае бо ӯ дошта бошем.”

Аваз Назаров, ки ҳеҷ гоҳ дар матбуот зоҳир нашудааст, баъди анҷоми баҳс бо Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ гирифтор шуд ва баҳси ӯ бо VIS Trading солҳо идома карда ва соли 2014 ба нафъи ширкат анҷом ёфт. Алайҳи ӯ дар Тоҷикистон ва Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд ва Аваз Назаровро соли 2012 бо дархости Русия дар Олмон дастгир, вале баъд аз чанд рӯз озод карданд.

XS
SM
MD
LG