Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомот алайҳи Назаров ва Эрматов бекор шуд


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Аваз Назаров, раиси ширкати «Ансол» ва Абдуқодир Эрматов, собиқ раиси корхонаи алюминиюми тоҷик (он замон «ТадАЗ», феълан «Талко») қатъ шудаанд.

Бобоҷон Бобохонов имрӯз, 13 январ, дар конфронси матбуотии солонаи худ дар шаҳри Душанбе гуфт, Додситонии кул иттиҳомот алайҳи Аваз Назаров ва Абдуқодир Эрматовро бекор мекунад. Ӯ гуфт, сабаби қатъи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи ин ду нафар он аст, ки Талко моҳи ноябри соли гузашта даъвои худ алайҳи ин ду нафарро дар Додгоҳи олии Лондон бозхонд. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҳамакнун, Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров мавриди пайгард қарор надоранд ва агар хоҳанд бидуни мушкил метавонанд ба Тоҷикистон биоянд.

Абдуқодир Эрматов, собиқ раиси корхонаи алюминиюми тоҷик ва Аваз Назаров, раҳбари ширкати ҳамкори ин корхона - «Ансол», дар сирқати ҳудуди 400 миллион доллар аз «Талко» муттаҳам мешуданд.

Баҳси додгоҳии «Ансол» ва «Талко» дар Лондон муддати дарозе идома кардаву яке аз гаронтарин баҳсҳои додгоҳӣ дар таърихи Бритониё маҳсуб мегардид. Барои иштирок дар он мурофиа аз Тоҷикистон чунин исмҳое чун Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки миллӣ ва муовини феълии сарвазир, Садриддин Шарифов, раиси феълии «Талко» ва Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ба Лондон рафта буданд.

Он баҳс охири ноябри соли гузашта бо сулҳ анҷом ёфта буд. Ҳар ду ҷониб: ҳам «Талко» ва ҳам «Ансол» аз иттиҳомот алайҳи якдигар даст кашида буданд. Тафсилоти он мусолиҳа то ба ҳанӯз ҳам расман маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG