Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко фурӯхта намешавад


Дафтари матуботии ширкати Талко хабари эҳтимоли фурӯши ин корхона ба ширкати ҳиндии Налкоро қотеъан рад кардааст.

Дар иттилоияи дафтари матбуотии Талко омадааст, ҳеҷ гуна музокирае дар ин замина бо ширкати Налко сурат нагирифтааст. Ва ширкати Талко давлатӣ аст, на саҳҳомӣ, то имкони фурӯши саҳмияҳои он вуҷуд дошта бошад ва аз ин хотир Талко ба ҳеҷ ваҷҳ ба ягон ширкати хориҷӣ ва ё кишвари дигар фурӯхта нахоҳад шуд. Зеро фурӯши ин ширкат ба манофеъи миллӣ ва давлатии Тоҷикистон мувофиқ намебошад.

Ба гуфтаи маркази матбуотии Талко ширкати мазкур бузургтарин харидори нируи барқи ширкати «Барқи тоҷик» аст. Ва дар ҳоли ҳозир моҳона барои истифодаи нируи барқ 9, 5 миллион ва солона бештар аз 114 миллион доллар пардохт мекунад.

Дар ҳоле, ки корхонаи мазкур то соли 2004 солона танҳо 11 миллион доллар барои истифодаи нируи барқ пардохт мекард.

Ширкати Талко ба гуфтаи масъулони он танҳо 34 дарсади тавлидоти умумии барқ дар ҷумҳуриро масраф мекунад, на тавре ки дар ахбор омадааст, бештар аз нисфи барқи тавлидотии ҷумҳуриро. Ва гузшата аз ин дар фасли зимистон воридоти барқ ба Тоҷикистон тавассути ширкати Талко сурат мегирад. Ширкати Талко танҳо 25 дарсади даромад аз тавлидоти худро барои истифодаи барқ масраф мекунад.

Ба гуфтаи масъулини Талко ин ширкат ҳамчунин муҳимтарин омили нигаҳдорандаи тавозуни ва муомилаи асъори хориҷӣ мебошад ва ҳафтоду панҷ дар сади воридоти асъор ба ин ширкат тааллуқ мегирад ва ин маврид яке дигар аз омилҳое номбар шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз фурӯши Талко манфиатдор нест.

XS
SM
MD
LG