Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи даъвои Талко дар Лондон


Корхонаи алюминиюми Талко
Корхонаи алюминиюми Талко

Рӯзи душанбе (27 октябр) дар додгоҳи олии салтанатии Бритониё мурофиъаи даъвои ширкати Талко аз ширкати Ансол оғоз ёфт.

Коршиносон мегӯянд, ин баҳс шояд ним сол идома ёбад. Ба гуфти ҳолдонҳо, фақат ду дафъа дар таърихи додгоҳи Бритониё харҷи муҳокима (90 миллион фунт стерлинги Бритониё) аз ин муҳокима бештар будааст. Ҳафтаи равон дар Додгоҳи олии салтанатии Бритониё муҳокимаи яке аз бузургтарин даъвоҳои фасод оғоз ёфт, ки танҳо хароҷоти ҳуқуқии он ба 90 миллион фунт стерлинг ё худ 140 миллион доллар баробар дониста мешавад.

Ба қавли Талко, ширкати давлатии алюминиюми Тоҷикистон, собиқ коршарикаш ширкати Ансол дар байни солҳои 1996-2004-ум бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ то ним миллиард доллари ин корхонаро аз худ намудааст. Ширкати давлатии алюминиюми Тоҷикистон бар ин назар аст, ки соҳиби Ансол Аваз Назаров бо кӯмаки Абдуқодир Эрматов, раиси пештараи Талко, (он замон корхонаи алюминий Тоҷикистон: Тадаз) ба касби ғайришаръии чунин маблағ муваффақ шуд.

Нашрияи бритониёии "Times" аз нақли тарафи даъвогар овардааст, ки бар ивази хидматҳояш Ансол ба Эрматов ба маблағи 300 ҳазор фунт стерлинг хона тӯҳфа кардааст, ки дар он фарзанди Эрматов иқомат дорад.

Вале дар навбати худ Аваз Назаров мегӯяд, ки ширкати Талко ба Ансол 130 миллион доллар қарздор аст. Ба гуфти вакили мудофиаи Назаров, бо кӯмаки Ансол корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрҳвандӣ аз кор намонд. Ҳамчунон вакили Назаров мегӯяд, ки Ансол миллионҳо долларро барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони мактабҳову роҳҳову бемористонҳо, масраф намудааст.

Барои ширкат дар оғози муҳокима як ҳайъат аз Тоҷикистон ба Лондон сафар кард, ки дар байни онҳо Садриддин Шарифов, раиси Талко, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва собиқ раиси Бонки марказии ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунон раиси Ориёнбонк Ҳасан Асадуллозода шомил будаанд.

Аз манбаъҳои муътамад маълум шуд, ки аллакай аксари аъзои ҳайъати Тоҷикистон ба ватан баргаштанд ва эҳтимол вақте пурсупоси шоҳидон бозгашти онҳо ба Лондон лозим шавад. Ба қавли коршиносон, сабаби сафари чунин ҳайъати бузург ба Лондон ин аст, ки ҷониби Тоҷикистон хавфе ва ё чизе барои пинҳон кардан надорад.

Рӯзи 29-уми октябр дар Лондон аз номи Аваз Назаров сухангӯи ӯ хонум Меланӣ Райлӣ ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Мо фавқулода маъюс ҳастем, ки корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, ки имрӯз Талко ном дорад, чунин сармояи бузургро барои пешбурди ин қазия масраф кардааст. Ансол дар назди Талко қаздор нест. Баръакс Ансол дар тӯли солҳои зиёд ба пешрафти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, ки он замон ТадАЗ ном дошт, ёрӣ расондааст. Бо ёрии Ансол ТадАЗ аз як муассисаи зиёновари солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба як муассисаи кумакрасони иқтисоди ин кишвар табдил ёфт. Ҷаноби Назаров мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ба воситаи як силсила иттиҳомоти хандаовар мехоҳанд шахсан ӯ ва ширкаташро бадном кунанд. Назаров ин айбномаҳоро комилан рад мекунад. Дар навбати худ Ансол иддао дорад, ки моҳи лекабри соли 2004-ум ин ширкатро аз шабакаи таъминкунадагони корхонаи алюминиюм беасос барканор намудаанд. Ансол бовар дорад, ки муҳокима ба нафъи ин ширкат ба анҷом мерасад".

Намояндаи Талко дар Лондон, Ҷонатан Гласс дар изҳороте аз ҷумла гуфт: "Феълан, Талко ҳамчун коршарики қобили эътимод ва мустақил аз ҷониби ширкатҳои саросари олам шинохта мешавад. Ин фарқи муҳим аз давраи ТадАЗ мебошад, ки он замон муассиса мавриди баҳрабардории Ансол ва ширкати марбути он қарор гирифта буд. Ҳоло барои аввалин бор Талко аз тарафи тоҷикон ва ба нафъи Тоҷикистон хидмат мекунад. Талко муҳокима дар додгоҳи олиро ҳамчун қадами ҳаётан зарур дар дифоъ аз манфиатҳои иқтисоди Тоҷикистон ва эҳёи бомуваффақияти саноати алюминийи Тоҷикистон мешуморад".

Ҷои ёдоварист, ки дар додгоҳи олии салтанатии Британия ширкати ҳуқуқии Ҳерберт Смит аз манфиати ширкати Талко ва ширкати ҳуқуқии Клайд энд КО аз ширкати Ансол дифоъ мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки муҳокимаи баҳси Талко ва Ансол то ним соли дигар идома меёбад.

Талко ягона корхонаи тавлиди алюминиюм дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба навиштаи хабаргузориҳои Русия соли 2007-ум ин муассиса беш аз 421 ҳазор тонна алюминий истеҳсол намуда буд. Имсол бошад, доду гирифти Талко ба тахминан 830 миллион доллар баробар будааст.

XS
SM
MD
LG