Ҳомиди Карзай баъди 13 соли раҳбарӣ тарки мақоми раисиҷумҳури Афғонистон кард. Ӯ бо чӣ тасвире аз худ дар ёди мардум мемонад?
Ҳомиди Карзай - аз Лилл то арки раёсати Кобул

5
4 январи 2002: Генерал-майори бритониёӣ Ҷон Маккол (аз рост), намояндаи СММ Аҳзар Иброҳимӣ (дар марказ) ва Карзай созишнорма дар бораи истиқрори нирӯҳои кумак ба амнияти Афғонистонро имзо карданд. Дар соли 2011 теъдоди нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба 132 000 нафар расида буд.

6
19 июни 2002: Суханронӣ дар Луя Ҷиргае, ки Карзайро барои давраи гузариши дусола раҳбари Афғонистон интихоб кард.

7
Варақаи овоздиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 9 октябри соли 2004. Дар ин интихобот Карзай барои 5 сол раисиҷумҳур интихоб шуд.

8
Нишасти хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, 26 сентябри соли 2006.