Ҳомиди Карзай баъди 13 соли раҳбарӣ тарки мақоми раисиҷумҳури Афғонистон кард. Ӯ бо чӣ тасвире аз худ дар ёди мардум мемонад?
Ҳомиди Карзай - аз Лилл то арки раёсати Кобул
1
Карзайи 28-сола (аз боло аз тарафи рост) дар давраҳои семоҳаи журналистика дар Лилли Фаронса, соли 1985.
2
Карзай (қатори боло, дуюм аз чап) бо толибилмони дигари давраҳои журналистика дар Лилл. Баъди хатми таҳсил Карзай ба Покистон баргашт ва раҳбари Ҷабҳаи миллии наҷоти Афғонистон шуд.
3
Акси нодири Карзай бидуни риш - аз номаи аъмоли ӯ, ки соли 2001, қабл аз таъини ӯ ба мақоми раҳбари маъмурияти муваққати Афғонистон дар анҷумани Бонн таҳия шудааст.
4
Бо вазири дифои Амрико Доналд Рамсфелд дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар наздикии Кобул. 16 декабри соли 2001, 6 рӯз қабл аз таъин шудани Карзай ба мақоми раҳбари идораи муваққати Афғонистон.