Ҷангҷӯёни Толиб дар аввали моҳи марти соли 2001 пайкараҳои Буддо дар Бомиён, ганҷинаи бебаҳо ва таърихии Афғонистонро тарконида, нобуд карданд. Буддоҳои азимро дар асрҳои 6 ва 7 дар қалби шах дар вилояти имрӯзаи Бомиён тарошида ва ё ҳаккокӣ карда буданд. Баъд аз 20 соли вайронгариҳои Толибон Шуморо ба ин маҳал мебарем, то бубинед, ҳоло чӣ гуна аст.
Ҷойи холии Буддо. Маҳалле, ки Толибон 20 сол пеш тарконданд
![Пайкара бо номи Солсол ва ё Буддои Ғарбӣ бештар аз 50 метр буд. Ин аксро рӯзи 28-уми ноябри соли 1997 гирифтаанд.](https://gdb.rferl.org/b4e55715-7733-4640-9685-0e6239027648_w1024_q10_s.jpg)
1
Пайкара бо номи Солсол ва ё Буддои Ғарбӣ бештар аз 50 метр буд. Ин аксро рӯзи 28-уми ноябри соли 1997 гирифтаанд.
![Буддои хурдтари 38-метриро Буддои Шарқӣ меномиданд.](https://gdb.rferl.org/056298e3-f685-4ca4-a709-81ef059ac58d_w1024_q10_s.jpg)
2
Буддои хурдтари 38-метриро Буддои Шарқӣ меномиданд.
![Толибон бо истифода аз маводи тарканда яке аз бутҳоро моҳи марти соли 2001 тарконданд. Ин ифротгароёни исломӣ мегуфтанд, ки бар асоси шариати ислом бутҳо набояд вуҷуд дошта бошанд.](https://gdb.rferl.org/9adec2a9-a412-4643-be5b-8fe54bd98886_w1024_q10_s.jpg)
3
Толибон бо истифода аз маводи тарканда яке аз бутҳоро моҳи марти соли 2001 тарконданд. Ин ифротгароёни исломӣ мегуфтанд, ки бар асоси шариати ислом бутҳо набояд вуҷуд дошта бошанд.
![Ҷойи холии Буддо дар Бомиён дар ин акс, ки моҳи феврали соли 2021 бардошта шудааст.](https://gdb.rferl.org/bbe496f9-2d27-4c0c-87d7-8186cb99a30a_w1024_q10_s.jpg)
4
Ҷойи холии Буддо дар Бомиён дар ин акс, ки моҳи феврали соли 2021 бардошта шудааст.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Нигористон
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир