Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен бори дигар ба Исроил сафар мекунад


Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен охири ин ҳафта ба Исроил сафар мекунад.

Ин шашумин сафари Вазири корҳои хориҷии Амрико ба Ховари Миёна пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар 7-уми октябри соли 2023 мебошад. Сафари Блинкен ба Исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки ихтилоф миёни Вашингтон ва ҳукумати Бенямин Нетаняҳу бар сари ҷанги Ғазза афзоиш ёфтааст.

Нетаняҳу таъкид дорад, ки артиши Исроил ба Рафаҳ ҳамла хоҳад кард. Ин минтақа дар ҳамсоягии Миср қарор дорад. Ба бовари мақомоти исроилӣ, омилони ҳамлаи рӯзи 7-уми октябр дар инҷо паноҳ гирифтаанд.

Аммо бо таваҷҷуҳ ба паноҳ гирифтани беш аз як миллион фаластинӣ дар Фараҳ, Амрико ҳушдор додааст, ки ҳамла ба ин минтақа боиси куштори густурда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Блинкен ният дорад, ки рузи ҷумъа бо масъулини исроилӣ дар бораи гуфтугӯҳои ҷорӣ барои озодии гаравгонҳо, ҳифзи ҷони ғайринизомиёни фаластинӣ ва кӯмакҳои башардӯстона ба онҳо суҳбат кунад.

Энтони Блинкен рузи чаҳоршанбе дар Ҷидда бо мақомоти Саудӣ гуфтугӯ кард ва қарор аст пас аз он роҳии Миср шавад.

XS
SM
MD
LG