Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватикан хост, Русия "ба таҷовузкорӣ" поён бахшад


Поп Франсис
Поп Франсис

Ватикан рӯзи 12-уми март гуфт, "шарти асосӣ" барои сулҳ дар ҷанги Русия ва Украина ин аст, ки Маскав "ба таҷовузкориҳояш" поён бахшад.

Ин эъломия пас аз изҳороти баҳсбарангези Попи Рум Франсис садо дод.

Раҳбари 87-солаи католикҳои ҷаҳон рӯзи якшанбе гуфт, Украина бояд "ҷуръат"-и нишон додани парчами сафедро дошта бошад, то бо Русия музокира кунад ва ҷони шаҳрвандонашро наҷот диҳад.

Изҳороти ӯ бо вокунишҳои тунди Киев ва ҳампаймонҳояш рӯбарӯ шуд.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дархости Поп Франсисро рад кард. Вай гуфт, роҳи беҳтарини хотима додан ба низоъ мусаллаҳ кардани Киев аст.

Русия ду сол пеш, 24-уми феврали соли 2022, алайҳи Украина ҷанги беасос оғоз кард. Дар натиҷаи он аз ду тараф ҳазорон нафар кушта шуда, миллионҳо тан бехонаву дар монданд.

XS
SM
MD
LG