Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф баъди чор соли тарки ихтиёрии Покистон ба ватан баргашт


Акси Навоз Шариф, собиқ нахуствазири Покистон аз соли 2019
Акси Навоз Шариф, собиқ нахуствазири Покистон аз соли 2019

Навоз Шариф, собиқ нахуствазири Покистон, ки дар интихобот се карат баранда шудааст, баъди чор соли тарки ихтиёрии кишвар дубора ба ватан баргашт. Шариф, ки дар Лондон ба сар бурдааст, рӯзи 21 октябр бо ҳавопаймои вижа аз шаҳри Дубай ба Покистон баргашт, то ки дар остонаи интихоботи парлумонии моҳи январ дили тарафдоронашро ба даст оварад.

Интизор меравад, ки ӯ рӯзи шанбе дар шаҳри шарқии Лоҳур дар баробари тарафдоронаш суханронӣ кунад.

Бозгашти Навоз Шариф ба давраи бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва ҳам марҳилаи бисёр сангини иқтисодии Покистон рост омад. Навоз Шариф соли 2019 бо иттиҳоми порагирӣ аз мақомаш истеъфо дод ва ҳоло дар рӯбарӯи мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG