Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбоз Шариф нахуствазири нави Покистон шуд


Шаҳбоз Шариф, 11-уми апрели 2022

Порлумони Покистон намояндаи мухолифин Шаҳбоз Шарифро ба ҳайси сарвазири нави ин кишвар интихоб кард.

Тасмим пас аз як рӯзи барканории Имрон Хон гирифта шуд. Имрон Хон беш аз се сол дар мансаби нахуствазири Покистон фаъолият дошт. Ӯро шоми 9-уми апрели имсол барканор карданд.

Намояндагони ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар порлумони Покистон сарвазири собиқро барои бештар шудани мушкилоти иқтисодӣ ва фасоди густарда дар кишвар муттаҳам донистанд.

Шаҳбоз Шарифи 70-сола раиси Лигаи мусулмонони Покистон ва бародари хурдии Навоз Шариф, нахуствазири пешини Покистон, аст. Навоз Шариф ба фасод гунаҳкор шудааст.

Вакилони ҳизби нахуствазири пешин, Имрон Хон, пеш аз овоздиҳӣ дастҷамъона аз порлумон истеъфо доданд.

Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон номзадии Маҳмуд Қурайшӣ, вазири собиқи хориҷиро ба мақоми нахуствазир пас гирифт.

XS
SM
MD
LG