Пайвандҳои дастрасӣ

Марям Навоз, духтари Навоз Шариф, боздошт шуд


Марям Навоз

Бюрои миллии мубориза бо коррупсия дар Покистон рӯзи 8-уми август Марям Навоз, раҳбари мухолифон ва духтари нахуствазири пешини ин кишварро дастгир кард. Марям Навоз муовини раҳбари Ҳизби Лигаи мусалмонҳои Покистон аст.

DawnNewsTV ба нақл аз манобеи Бюрои миллии зидди фасод гуфт, Марям Навозро ҳангоми дидор бо падараш Навоз Шариф дар зиндон боздошт кардаанд.

Раъно Аббос, як намояндаи Ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот то ҳол далели боздошти Марям Навозро эълон накардаанд.

Манобеи Бюрои миллии зидди фасод бо шарти фош нашудани номи худ гуфтаанд, Марям Навоз ба “амалиёти шубҳаовар” дар корхонаи тавлиди шакари Chaudry Sugar Mills гумонбар аст. Вай яке аз саҳмдорони корхона аст.

Қарор аст, Марям Навоз рӯзи 9-уми август дар додгоҳ ҳозир шавад.

Навоз Шариф, нахуствазири пешини Покистон давраи ҳафтсолаи ҷазоро дар зиндон адо мекунад. Ӯ бо ҷурми фасоди молӣ ҳабс шудааст. Ҷонишини ӯ дар Ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон Шаҳид Ҳоқон Аббосӣ низ бо ҷурми фасоди молӣ дастгир шудааст. Вай иттиҳомро рад мекунад.

Ин боздоштҳо мухолифонро асабонӣ кард. Онҳо ҳукумати нахуствазир Имрон Хонро ба он айбдор мекунанд, ки барои халосӣ аз рақибони худ аз низоми додгоҳӣ сӯистифода мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG