Додгоҳе дар Покистон иҷоза додааст, ки нахуствазири собиқ Навоз Шариф барои муолиҷа ду моҳи дигар дар шифохона бимонад. Додгоҳи Исломобод амри навро рӯзи 29-уми октябр ва чанд соат пеш аз он содир кард, ки эътибори ҳукми қаблӣ дар бораи муолиҷаи Навоз Шарифи 69-сола ба поён мерасид. Ӯро бо гуноҳи фасоду ришвахорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кардаанд.
Навоз Шарифро рӯзи 21-уми октябр ва баъди бад шудани сиҳатиаш ба бемористон бурданд. Ӯро айни замон дар шифохонаи шаҳри Лоҳур муолиҷа мекунанд ва ба гуфтаи табибаш Аднон Хон, вазъи сиҳатии Навоз Шариф фавқуллода бад аст ва ӯ дар "байни маргу зиндагӣ қарор дорад".
Нахуствазири собиқи Покистон мушкили рақиқии хун дошта ва сактаи дил ҳам шудааст. Аднон Хон навиштааст, ки "вазъи ӯ баъди мушкилот дар фаъолиятҳои гурдааш", бадтар шудааст.
Баъди ҳашт ҳафтаи муолиҷа додгоҳ ё амр медиҳад, Навоз Шариф ба зиндон баргардонда шавад ва ё табобаташ идома ёбад. Навоз Шариф, ки се дафъа нахуствазири Покистон буд, иттиҳомот дар бораи фасодкориро рад карда ва гуфтааст, ки парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад.