Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомуни хушкида. Кӯли бузурге дар Эрон, ки дигар нест

Кӯли азими Ҳомун дар вилояти Сиистон ва Балуҷистони Эрон баъд аз қатъи интиқоли об аз дарёи Ҳилманди Афғонистон ва хушксолии дарозмуддат пурра хушкидааст. Ҳомун пас аз Хазар ва Орумия кӯли севуми бузург дар Эрон аст. Ҳоло Ҳомун хушкида ва ба макони хезиши чангу хок дар шарқи Эрон табдил шудааст. Ин рӯзҳо дар Сиистону Балуҷистон аз кишоварзӣ ва моҳидорӣ хабаре нест. Деҳаҳо сокиту холӣ шудаанд. Сокинон мегӯянд, чангу хоке, ки аз кӯли хушкшудаи Ҳомун баланд мешавад, боиси зери хок мондани хонаҳо шудааст. Аксҳоро моҳи октябри имсол гирифтаанд.


Гуфтугӯ

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG