Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди ҳамсари Содир Ҷабборов ба таҳқиқот вокуниш кард


Ойгул Ҷабборова (Жапарова)
Ойгул Ҷабборова (Жапарова)

Рӯзноманигори таҳқиқотгари қирғизистонӣ Болот Темиров дар бораи Бунёд (Фонд)-и хайрияи "Эне-балага тирек" таҳқиқот нашр кард.

Ин Бунёд (Фонд) ба Ойгул Ҷабборова (Жапарова), ҳамсари президенти Қирғизистон рабт дорад.

Ба иттилои Temirov Live, саҳифаи Болот Темиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ, соли 2022 ин Бунёд аз чанд манбаъ, аз ҷумла аз сафорати Чин дар Қирғизистон маблағ гирифтааст.

Ба навиштаи Temirov Live, Бунёд (Фонд) дар умум аз сафорати Чин бештар аз 102 миллион доллар дарёфт кардааст. Ба илова "Маркази Ас-Сафо" ба Бунёд (Фонд) ба миқдори 14,6 миллион доллар дастгоҳ расонидааст.

Ҳамчунин молики беморхонаи хусусие дар шаҳри Бишкек Чакмак Мемет ба Бунёд 6,3 миллион доллар ёрӣ расонидааст.

Дар посухи Бунёд (Фонд)-и "Эне-балага тирек" омадааст, ки ин иттилоъ саҳеҳ нест. Ба иттилои бунёд, аз сафорати Чин на 102 миллион доллар, балки ҳамагӣ каме бештар аз 1 миллион доллар дарёфт шудааст, ки ин маблағҳоро ба иҷрои иншооти иҷтимоӣ дар вилояти Бодканд харҷ карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG