Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мондан ё рафтан барои ҳамеша? "Посбони Помир". Бахши 2


Акс аз соли 2017
Акс аз соли 2017

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Бахши аввалро дар инҷо хонед

Аз таърихи асри навини қирғизҳо дар Помири Бузург ва Помири Кӯчак

Дар соли 1900 Ҷабборқул, писари Худоёри Ҳоҷӣ, ба унвони «мингбошӣ» ё пешвои тоифаи қирғиз (муодили раиси ноҳия ё уезд) дар Мурғоб интихоб шуд ва зери сайтараи ҳукумати маҳаллии Русияи подшоҳӣ бар ҳамтаборонаш ҳукумат мекард. Ба таври куллӣ, пас аз тақсими Помир оромиши нисбӣ дар тамомии минтақаи Осиёи Миёна ҳоким шуд. Ин амр шароитро барои вуруди сармоя ва рушди саноати «Туркистони Рус» ва иморати Бухоро фароҳам сохт.

Вале Ҷанги Ҷаҳонии Аввал баногоҳ тавсеаи минтақаро дар соли 1914 мутаваққиф кард. Дар соли 1916 аввал Хуҷанд ва баъд саросари Осиёи Миёнаро мавҷе аз ошӯбҳо алайҳи давлати Русияи подшоҳӣ ва сарбозгирии он аз миёни мусалмонон барои корҳои ақибгоҳ фаро гирифт.

Ин мардум ба далели сахткӯшӣ, имон ба Офаридгор, устуворӣ, меҳмоннавозӣ, вафодорӣ ба суннатҳо ва ғуруре, ки ба онҳо иҷоза намедиҳад дар рӯзгори тангдастӣ пеши касе сар хам кунанд, шоистаи эҳтиром ҳастанд.

Ин ошӯбҳо ба сурати ваҳшиёнае саркӯб шуд ва ба фирори дастҷамъии тоифаҳои кӯчӣ ба номи «urkun» (гурезогурез) анҷомид. Дар солҳои 1916-1917 беш аз 120 000 қазоқу қирғиз ба Туркистони Чин (устони Шинҷон ё Синкиёнги кунунӣ) ва ҳатто ба самти Помири Афғонистон фирор карданд.

Инқилоби соли 1917 ва ҷанги дохилие, ки ба ҳамроҳ дошт, таъсироте бар вазъияти «Боми ҷаҳон» ҳам барҷой гузошт. Ҳифзи ҳокимияти русҳо дар Помир чандон кори осон набуд, чун дар ин минтақаи кӯҳистонӣ ҳам тарафдорони ҳукумати подшоҳӣ ё артиши сафед, ҳам болшевикҳо ё артиши сурх, ҳам босмачиҳои Фарғона ва Олой ва ҳам тарафдорони амири Бухоро ҳузур доштанд. Дар Помир аврупоиён ҳам ҳузур доштанд – маҷорҳо, хорватҳо, словакҳо, чехҳо, туркҳо ва олмониҳо – асирони ҷангии собиқи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал, ки солҳои 1914-1916 дар урдугоҳҳои Фарғона ва Хуҷанд қарор дода шуда буданд ва давлати Русия дар моҳи марти 1918 таъмини ғизоро барои онҳо мутаваққиф ва онҳоро раҳо кард, ки ҳар куҷое мехоҳанд, бираванд.

Асирони ҷангӣ – ки аксар пайрави назму инзибот ва тарафдори сулҳу оромиш буданд– бетарафии худро ҳифз мекарданд ва фақат орзуи бозгашт ба сарзаминҳои худро доштанд. Масири роҳи оҳан ба далели ҷанги дохилӣ ва ҳарҷу марҷ дар Русия хатарнок буд, аз ин рӯ, асирони бағоят навмедшуда аз миёни онҳо саъй доштанд аз тариқи як масири тӯлонӣ ва шигифтангез – аз тариқи Ҳинд ба сарзаминҳои худ баргарданд. Онҳо умедвор буданд, ки аз «долони» Вахон ба Симло (пойтахти тобистонии ҳукумати маҳаллии Бритониё дар Ҳинд) убур намоянд, онҷо шиноснома ва раводиди Биритониё бигиранд, дар Карочӣ савори киштӣ шаванд ва аз роҳи дарё ба Ҳамбург ё Лондон сафар кунанд. Аз ин рӯ, онҳо дар отряд ё воҳиди низомии Помир худро сабти ном карданд. Аммо ҳангоме ки пояшон ба Помир расид, онҳо нохоста даргири ҷанги дохилӣ шуданд ва дар сангарҳои мухталиф қарор гирифтанд.

Казакҳои рус, ки Эронро дар соли 1917 тарк карда буданд ва сарбозони горди сафед ё артиши подшоҳии Русия, ки дар ҷангҳо алайҳи болшевикҳо дар Тошканду Фарғона шикаст хӯрда буданд, низ саъй мекарданд бо истифода аз ҳамин масир – аз тариқи Помир ва Афғонистон ба Ҳинд – ба назди муттаҳидони собиқи худ, англисҳо, бираванд. Баъдҳо, дар авоили даҳаи 1920, аъзои зидди шӯравии давлати нахусти Ҷумҳурии шӯравии халқи Бухоро ва босмачиҳо (Шермуҳаммад ё Кӯри Шермат ва ғайра) низ аз «долони» Вахон барои таҳаррукоти махфиёна байни Афғонистон, Бухоро, Чин ва Ҳинд истифода карданд.

Ҳоло баргардем ба соли 1918 – замоне ки болшевикҳои Тошканд, ки аз Маскав ҷудо шуда буданд ва аксар бо гароишҳои шовинистӣ тамоюле ба тақсими қудрат бо мусалмонони маҳаллӣ надоштанд, тасмим гирифтанд, ки сиёсати хориҷии худро пеш баранд. Дар моҳи март онҳо ба ҷанги амири Бухоро Олимхон рафтанд (ба истилоҳ «лашкаркашии Колесов»), бо шикасти сахте рӯбарӯ шуданд ва сипас таваҷҷуҳи худро ба Помир маътуф карданд.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Сардастаи отряд ё воҳиди низомии Помир, сарҳанг В.В. Фенин, дар моҳи ноябри соли 1918 аз иҷрои дастури комиссарҳо худдорӣ кард ва ҳамроҳи ҳамсару писараш ва 32 афсару сарбоз, миқдоре пул ва аслиҳаро бо худ гирифт ва аз тариқи Ишкошим ба қаламрави Бритониё фирор кард. Сипас комиссарҳо тасмим гирифтанд як отряд ё воҳиди низомии ҷадид ташкил диҳанд, ки чанде аз афсарони ҳукумати подшоҳӣ ва низомиёни утришу маҷористонӣ ҳам ҷузви он шуданд. Дар солҳои 1918-1919 қудрати сиёсӣ дар воҳиди низомии Помир, яъне дар саросари ин минтақаи кӯҳистонӣ, байни сурхҳо ва сафедҳо радду бадал мешуд. Як муддат фармондеҳи воҳиди низомии Помир як табааи хориҷӣ – аз мардуми Хорватия ба номи Вичич буд – пизишки ҳирфаӣ, ки русҳову тоҷикҳо ва қирғизҳоро муолиҷа мекард. Дар моҳи сентябри соли 1919 тамомии ҳайъати ҷадиди марзбонони Русия дар Помир, ба ҷуз Вичич ва як болшевик ба номи П. Воловик, ба озмоишҳои душвор ва билотаклифӣ тоб наоварданд ва ба дунболи гурӯҳи Фенин аз ҳалқа хориҷ шуданд. Гурӯҳи босмачиҳои зери фармони Ҷонибек (Ҷонибек-қозӣ Согинбоев), қирғизе аз Фарғона, дар Мурғоб бо ҳам мулоқот карданд.

Ҷонибек бар минтақаи марзии байни Қирғизистон ва Чин, аз Узганд то Кошғар, сайтара дошт ва ба қочоқи инсон ва коло даст мезад. Дар моҳи апрели соли 1920 босмачиҳо посгоҳеро дар Мурғоб тасарруф карданд ва афсарону сарбозони русро куштанд. Бо шунидани ин хабар, сардори отряд ё воҳиди низомии Помир – афсари сафед Ф. Тимофеев, аз тариқи Ишкошим ва Вахон ба Ҳинд фирор кард. Яъне аз босмачиҳо, болшевикҳо, бемориҳо ва баландкӯҳҳо худро раҳо карду роҳии Аврупо шуд.

Дар тамоми ин муддат, қирғизҳои Помир тарҷеҳ медоданд, ки дар даргириҳо мудохила накунанд ва пушти кӯҳҳои буланд паноҳ баранд. Яке аз аъзои ҳайъати намояндагони ҳукумати Туркистони шӯравӣ, ки дар моҳи сентябри соли 1921 аз Аличур (Помири шарқӣ) боздид карда буд, навишт: «қирғизҳое, ки имконот ва шароити ҳамлу нақл доштанд, ба Вахони Афғонистон рафтанд. Бақия мунтазиранд, ки шутурҳо ва говмешҳоро баргардонанд, то онҳо низ ба дунболи гурӯҳи аввал онҷо бираванд».

Иллати муҳоҷирати қирғизҳо монанди соири фирориёни он замон чунин буд – бедодӣ, набуди ҳукумат ё қудрат, тарс аз саркӯб, бемайлӣ ба истодан дар минтақаҳои ҷангзада ва ғайра.

То соли 1934 мақомоти Шӯравӣ рафтуомадҳои кӯчиёнро нодида мегирифтанд, ба қирғизҳои Афғонистон иҷоза медоданд, ки бо пардохти миқдоре пул аз чарогоҳҳои Помири Шарқӣ истифода кунанд. Аммо дар миёнаҳои даҳаи 1930 вазъият дар Помир ва дар саросари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ тағйир кард. Сиёсати режим сахтгиронатар шуд, саркӯбҳо шиддат гирифт ва дар марзҳо симхор кашида шуд. Нависандаи ин сатрҳо дар нимаи дувуми даҳаи 1950 борҳо аз Мурғоб, маркази Помири Шарқӣ, боздид кардааст. Барои ӯ дидани чанбараи азиме аз симхорҳо, ки дар канори русто анбошта шуда буд, шигифтовар намуд. Зоҳиран тайи 20 соли гузашта ин симхорҳо занг зада буд ва масъулон онро бо васоили ҷадид иваз карда буданд.

Қирғизҳо дар водии Вахон, акс аз соли 2017
Қирғизҳо дар водии Вахон, акс аз соли 2017

Баста шудани марзи Шӯравӣ-Афғонистон танҳо ба гусастагии равобити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии қаблӣ байни қавмҳои ҳамтабор дар Помири Афғонистон ва Помири Шӯравӣ сабаб нашуд. Ин амр боиси аз даст рафтани беҳтарин чарогоҳҳое шуд, ки дар Мурғоби Тоҷикистон монд. Қирғизҳои Афғонистон дигар наметавонистанд саршумори чорпоёни худро зиёд кунанд. Ба гуфтаи мардумшиноси амрикоӣ Назиф Шаҳронӣ (узбактаборе аз Бадахшони Афғонистон), ки дар даҳаҳои 1970 ва 1980 таҳқиқоте дар бораи қирғизҳо ва вахониҳои «долон» анҷом додааст, помириҳо бар ин бовар буданд, ки русҳо мехоҳанд онҳоро битарсонанд ва заминҳои мутааллиқ ба онҳоро мусодира кунанд.

Раҳмонқул посбони Помир

Ба назар мерасад, ки Ҷабборқул ва Раҳмонқул мухолифи Шӯравӣ ва тарафдори босмачиҳо буданд ва онҳоро «муҷоҳид» мехонданд. Дар шаклгирии ҷаҳонбинии онҳо қиёми соли 1916, ранҷу мусибат ва марги ҳазорон қазоқу қирқиз, ки аз саркӯбу таъқиби ҳукумати подшоҳии Русия маҷбур ба фирор ба Чин шуда буданд, таъсири чашмгире гузошта буд. Баъдҳо, Раҳмонқул эътироф мекард, ки бо таҳвили қудрат аз низоми подшоҳӣ ба низоми шӯравӣ сиришти истеъмории давлати Русия тағйир накард.

Бо ин ҳол, мухолифати қирғизҳо иқдомҳои сиёсии фаъолонае дар пай надошт. Ба унвони пешвои қабила, Раҳмонқул ва падараш Ҷабборқул, қабл аз ҳама ба рифоҳ ва якпорчагии тоифаи худ аҳамият медоданд ва масалан монанди ҳамтоборонашон аз Олой ва Фарғона, ба фикри сарнагунии ҳукумати Шӯравӣ набуданд.

Дар давраи солҳои 1930 то 1946 ягонҳои амалиётии ОГПУ (ниҳоди вижаи амниятии Шӯравӣ) чандин ҳамларо алайҳи қирғизҳо анҷом доданд ва дар ҷараёни ин ҳамалот ба таври ғайриқонунӣ вориди хоки Афғонистон ҳам мешуданд. Қабоили кӯчӣ муқовимат мекарданд ва аз ин ҳамлаҳо ба мақомоти афғон иттилоъ медоданд, аммо Кобул ҳеҷ дифое аз онҳо намекард. Сиёсати иҷборан водоштани кӯчиён ба шеваи зиндагии якҷонишинӣ, ки дар Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом шуд, дар равобити байни давлати Шӯравӣ ва қирғизҳои Помир зиддият ва хусумат эҷод кард. Дар соли 1935 Ҷабборқул ҳамроҳи бародар ва писараш мехостанд галаҳояшонро, ки тавассути марзбонони шӯравӣ мусодира шуда буд, бозгардонанд, аммо дастгир шуданд ва мавриди шиканҷаву озор қарор гирифтанд. Он замон Раҳмонқул шаш моҳро дар зиндон гузаронд.

Дар ҷараёни ин амалиёт даҳҳо мардуми қирғиз аз ҳарду тарафи марзи Шӯравӣ ва Афғонистон дар Помир кушта шуданд.

Раҳмонқул Хон
Раҳмонқул Хон

Пас аз марги Ҷабборқул дар соли 1943, писараш Раҳмонқул хон ё пешвои тоифаи қирғиз дар Помир шуд. Дар солҳои Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ҳамтаборони Раҳмонқул ҳамчунон ба қаламрави Тоҷикистони шӯравӣ рафтуомад мекарданд. Дар солҳои 1941-1945 фармондеҳии нерӯҳои марзбонии Шӯравӣ бо қирғизҳои Афғонистон, ки ба таври ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистони шӯравӣ мешуданд, қотеона бархӯрд намекард, зеро он замон лозим буд бештар бо нуфузи эҳтимолӣ ва хасмонаи авомили хориҷӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ муқобала кунад ва талошҳо барои эҳёи ҳаракати босмачиҳоро дар минтақа хунсо созад. Хушбахтона, ба ҷуз аз иттифоқоти нодире дар марз аз ихтилофот хабаре набуд ва Тоҷикистон дар тӯли солҳои ҷанг ба унвони ақибгоҳи қобили эътимоде барои давлати Шӯравӣ монд ва ин амр ба фароянди пирӯзӣ бар фошисм кумак кард.

Пас аз ҷанг, равобити пуртаниши қирғизҳо бо марзбонони Шӯравӣ мутаваққиф нашуд. Ин амр Раҳмонқулро маҷбур ба тарки Помири Кӯчак намуд. Дар соли 1948 ӯ ҳамроҳи 2000 нафар аз афроди қабилаи худ ба самти шарқ – Тошқурғон-Сарикули Чин ҳаракат кард. Ба гуфтаи вай, дар қаламрави Чин ӯ дороиҳое чун хона ва қитъаҳои замин дошт, ки аз падараш мерос монда буд. Вале онҷо ҳам иқбол ба рӯяш нахандид. Дар соли 1949 Артиши озодибахши халқи Чин (АОХЧ) ба раҳбарии Моу Зедунг вориди ғарби Чин шуд. Тамоми Шинҷон ё Синкиёнг ба такопӯ даромад. Маъмурони ғарбӣ, артишиёни сафеди Русия, мусалмонон – ҳамагӣ дар пайи хуруҷ аз минтақа буданд. Сипас Раҳмонқул тасмим мегирад сарбозони посгоҳи марзии Чин, иборат аз 8 нафарро, ки дар сари роҳи ӯ қарор доштанд, ба қатл расонад ва бо гирифтани аслиҳаи онҳо ба Помири Кӯчак баргардад. Аслан баъид нест, ки дар ин ҷиноят босмачиёни собиқ ба раҳбарии Ҷонибек даст дошта бошанд, зеро онҳо баъд аз шикасте, ки дар миёнаҳои солҳои 1920 аз шӯравиён хӯрданд, дар Синкиёнг ё Шинҷон мустақар шуда буданд. Чиниҳо бо насби симхор дар марз ва бастани роҳи тиҷорати корвонҳо аз Сарикул ба долони Вахон ба ин иқдом посух доданд. Солҳои тӯлонии инзиво барои қирғизҳои Вахон ва Помир оғоз шуд.

Бо вуҷуди шуҳрат доштан ба бадӣ дар миёни марзбонон ва мақомоти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Чин ва Покистон, касоне, ки аз Помири Кӯчак боздид мекарданд, ба Раҳмонқул арҷ мегузоштанд ва нисбат ба ӯ нигоҳи мусбат доштанд. Вай илова бар забони модарии худаш, ки қирғизӣ аст, ба забонҳои дарӣ-тоҷикӣ, пашту, урду ва ҳатто андаке ба англисӣ ҳам суҳбат мекард. Худаш ба фарзандонаш хату савод ва фароизи исломро омӯзонда буд. Дар Афғонистон Раҳмонқул тавонист худро бо зиндагӣ дар шароити марзҳои баста вифқ бидиҳад ва ҳатто ба равнақи иқтисодӣ барои ҳамтаборони худ то ҳадде даст ёбад. Қирғизҳои Афғонистон, ки тавонистанд солона ду то се кӯч дар фазоҳои начандон фарохи Помири Кӯчак ва Бузург анҷом диҳанд, батадриҷ шуруъ ба таркиб ё ба ҳам омехтани домдории суннатии кӯчӣ бо тиҷорат ва дигар анвои фаъолиятҳои иқтисодӣ карданд. Раҳмонқул дар асл як «колхоз» ё «мазраъаи ҷамъӣ» эҷод кард ва худаш раиси он буд. Ӯ худаш галаҳои худ ва ҳамтаборонашро ба Кобул мебурду мефурӯхт ва ҳама гуна маводи мавриди ниёзи онҳоро мехариду меовард ва байни ҳамтаборонаш дар Помир тақсим мекард.

Дар айни ҳол корҳои санадгузорӣ ва муҳосиботро худаш анҷом медод. Қирғизҳои зери назари Раҳмонқул ҷузви ноҳияи идории Вахон дар вилояти Бадахшон шуданд, худи ӯ ба як раҳбари бонуфузи минтақаӣ дар кишвар табдил шуд. Дар миёни тоҷикҳо, паштунҳо ва узбакҳои Афғонистон қирғизҳо ба унвони мусалмонони сарсахт, мудофеони дин дар баробари коммунистҳо шуҳрат доштанд. Мусофирону ҷаҳонгардоне, ки пояшон ба Помири Кӯчак мерасид, меҳмоннавозӣ, саховат, салобат ва шуҷоати қирғизҳои маҳаллиро таҳсин мекарданд. Муллоҳои Бадахшон гоҳ-гоҳе ба Помир мерафтанд ва усули исломро ба забони форсӣ ба қирғизҳо омӯзиш медоданд. Ба далели дуруфтодагӣ, обуҳавои сахт, набудани зербиноҳо, мақомоти афғон наметавонистанд идораҳои маҳаллии худро дар Помири Афғонистон таъсис диҳанд ва подгонҳои низомиро барои ҳифозат аз марз дар онҷо ҷойгир кунанд. Дар натиҷа, давлати марказӣ дар Кобул тасмим гирифт, ки ба Раҳмонқул вазоиф ва ихтиёроти ҳукумати марказӣ, аз ҷумла ҳифозат аз марзҳоро, вогузор кунад. Дар он замон буд, ки Раҳмонқул унвони «Посбони Помир»-ро дарёфт кард.

Подшоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ (даврони ҳукуматаш: 1933-1973) қирғизҳои Помирро дар изои қавли онҳо барои муҳофизат аз марз аз хидмати сарбозӣ муъоф кард. Дар соли 1965 Зоҳиршоҳ ба Раҳмонқул медали тило дод. Хони қирғизҳо дар Луя Ҷирга (маҷлиси қабоил)-и Афғонистон низ узвият дошт. Ӯ ҳар сол ба Кобул мерафт ва ҳангоми мулоқоти шахсӣ бо шоҳ ҳамаи мушкилоти мавҷударо ҳал мекард. Вай бо мақомоти давлатӣ ва дипломатҳои ғарбӣ низ дидор ва мулоқот мекард. Афғонистон дар аввали нимаи дувуми қарни гузашта беҳтарин солҳои худро қабл аз фурӯ рафтан дар ҳарҷу марҷ ва хушунат таҷриба мекард. Дар матбуоти ғарбии даҳаи 1950-1960 мақолаҳое бо аксҳои рангӣ дар бораи минтақаи асроромез ва мардуми шигифтангез нашр мешуданд. Шикорчиёни сарватманд ба дунболи моҷароҷӯии ҳаяҷонангез ва шикори гӯсфандони ваҳшии Марко Поло аз Помир дидан мекарданд. Раҳмонқул ҳамтаборони худро муваззаф карда буд, ки онҳоро меҳмон ҳисоб кунанд ва мустақим ба назди хон бифиристанд.

Зери ниқоби шикорчён ҷосусҳое аз қаламрави Шӯравӣ низ ворид мешуданд, ки ба туфангҳои Калашников мусаллаҳ буданд. Русҳо бо итминон додан ба қирғизҳо, ки дӯстони давлати Довудхон дар Афғонистон ҳастанд, аз қирғизҳо дар бораи қароргоҳҳояшон, ҷодаҳо, равобиташон бо ҳамсоягон ва давлати Афғонистон ва ғайра пурсиш мекарданд, дар ҳоле ки як лаҳза ҳам аз васоиле чун қутбнамоҳо ва нақшаҳои худ ҷудо намешуданд ва алоқаи хосе ба шикор ҳам аз худ зоҳир намекарданд.

Ин оромиш ва шугуфоӣ дар моҳи апрели 1978 ба фарҷоми худ расид – замоне ки кудетои марксистӣ дар Кобул давлати ҷумҳурихоҳи Муҳаммад Довуд, ҳомӣ ва сарпарасти «посбони Помирро» сарнагун кард. Аз бими саркӯби дубора, дар поёни моҳи июли соли 1978 теъдоди 1300 қирғиз аз Помири Кӯчак ба раҳбарии Раҳмонқул аз тариқи кӯҳҳои Ҳиндукуш ба Покистон фирор карданд. Бархе аз манобеъ мегӯянд, ки наздикони Ҷонибеки босмачӣ, ки пас аз шикасти қиёми мусалмонон дар Кошғар соли 1934 ба Ҳинд паноҳ бурда буданд, ӯро ба фирор ташвиқ кардаанд (Худи Ҷонибек дар соли 1939 дар Ишкумон, дар вилояти Читроли Покистони кунунӣ даргузашт). Тақрибан 500 қирғиз аз Помири Бузург аз итоати хон ё пешвои худ сар боззаданд ва аз муҳоҷират худдорӣ карданд. Дар тобистони соли 1979 беш аз 100 фирорӣ, ки ба Покистон паноҳ бурда буданд, умдатан ба далели ибтило ба бемориҳои ношӣ аз гармо, вабо ва шароити беҳдории номуносиб, ки барои мардуми кӯҳистонӣ хушоянд набуд, ҷони худро аз даст доданд. Сарзамини Кашмири Ҳинд, ки тавассути покистониҳо ишғол шуда буд, барои қирғизҳо ба ҷаҳаннам табдил шуд. Қирғизҳо, ки ба оби тоза ва ҳавои софи кӯҳистонӣ хӯ гирифта буданд, дар шаҳракҳои чодарии ғуборолуд барои паноҳҷуёни афғон дар канори шаҳрҳо ва рустоҳои Покистон мустақар шуданд. Мақомҳои Исломобод нисбат ба қирғизҳои Помир бадгумон буданд ва аз таҳаррукоти озодонаи онҳо монеъ мешуданд.

Сатҳи болои маргу мир ба иловаи норизоятӣ аз сабки раҳбарии мустабиддонаи Раҳмонқулхон ва замонати убури амн аз марз, ки фармондеҳии Шӯравӣ дар Хоруғ дода буд, боис шуд, ки 30 хонавода (ҳудуди 150 нафар) ба раҳбарии Абдуррашидхон аз Раҳмонқул ҷудо шаванд ва дар моҳи октябри соли 1979 ба Помири Кӯчак баргарданд. Дар онҷо онҳо кумакҳои чашмгире аз Иттиҳоди Шӯравӣ дарёфт карданд. Дере напойид, ки дар авохири соли 1979 артиши Шӯравӣ ба Афғонистон таҷовуз кард. Хотираи он таҷовуз ҳанӯз ҳам аз зеҳнияти пирону солмандони қирғиз пок нашудааст.

Покистон. Занзои қирғизи фирорӣ аз Афғонистон
Покистон. Занзои қирғизи фирорӣ аз Афғонистон

Дар айни ҳол, зиндагӣ дар Покистон барои қирғизҳои фирорӣ комилан ғайри қобили таҳаммул шуд. Дар моҳи апрели соли 1980 Раҳмонқул ба намояндагӣ аз мардуми худ аз давлати Амрико дархости паноҳандагӣ кард. Ҳадсу гумонҳое дар бораи сокин кардани қирғизҳо дар... Аляска вуҷуд дошт. Аммо давлати Амрико ин дархостро бидуни посух гузошт. Сипас, Раҳмонқул бо тавсияи Шаҳронӣ аз давлати Туркия дархости паноҳандагӣ кард. Дар моҳи марти соли 1982, пас аз чаҳор соли азобу ранҷи табъид дар Покистон, шигифтангезтарин кӯч дар зиндагии қирғизҳо иттифоқ уфтод. Давлати Туркия бо чанд ҳавопаймои «Боинг» 1130 қирғизи ҳамроҳи Раҳмонқулро аз Покистон ба шарқи Анатолия мунтақил кард. Дар Туркия қирғизҳо дар рустои Қарақундуз (Улу Помир) дар устони Вон дар ҳамсоягии як ақаллияти ғайритурк – курдҳо – зиндагӣ мекарданд (ва ҳанӯз ҳам зиндагӣ мекунанд), ки ин амр мушкилоти хосеро барояшон эҷод кардааст.

Охирин хон ё пешвои тоифаи қирғиз дар Осиёи Миёна, Ҳоҷӣ Раҳмонқул Кутлу, 7-уми августи соли 1990 дар Туркия дар 77-солагӣ даргузашт. Ҷумъаи Тоҷ, узви як хонаводаи фақири қирғиз, ки дар соли 1998 дар «интихобот» бар Муҳаммад Ориф, панҷумин писари Ҳоҷӣ Раҳмонқул, пирӯз шуд, ба таври расмӣ ҷойгузини ӯ шудааст. Ба ин тартиб, низоми хонии қирғиз ба таърих пайваст. Фарзандону набераҳои Раҳмонқул батадриҷ забони худро аз даст медиҳанд ва дар муҳити ҳарчанд дӯстона, аммо бегона, идғом мешаванд.

Мондан дар Помир ё рафтан барои ҳамеша?

Аз соли 2007 ба баъд давлати Қирғизистон талош мекунад, то қирғизҳои Афғонистонро дар чорчӯби барномаи бозгардондани ҳамтаборон, мавсум ба «қайрилман» (бозгаштагон), ба кишвари худ кӯчонад ва ҷой диҳад. Нахустин гурӯҳ аз қирғизҳои Афғонистон дар моҳи октябри соли 2017 вориди Қирғизистон шуд. Бо ин ҳол, бар хилофи Туркия, ки аз бародарони турктабораш истиқболи гарм карда ва ба онҳо маскан, чорпоён ва пул дода буд, кишвари фақир ва ноороми Қирғизистон барои помириҳо мақбул науфтод.

Дар тӯли чанд соли баъдӣ, бархе аз онҳо ба далели надоштани шуғл, замин ва маскани доимӣ ба Афғонистон бозгаштанд. Сипас, бархе аз онҳо дубора ба Қирғизистон баргаштанд. Имрӯз дар онҷо беш аз 100 қирғизи афғонистонӣ зиндагӣ мекунанд, ки робитаҳои худро бо ватани худ қатъ намекунанд. Онҳо бо мушкилоте чун созгор шудан бо муҳит, нооромии сиёсӣ, бархӯрди муҳтотонаи мардуми маҳаллӣ нисбат ба онҳо ва ғайра рӯбарӯ мешаванд. Ба назар мерасад, ки помириҳо дӯст доранд бештар байни Қирғизистон ва Помири Афғонистон ба кӯчкашӣ ва рафтуомади доимӣ бипардозанд.

Дар остонаи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар тобистони соли 2021 ва дуруст баъд аз он, ки қудрат ба дасти гурӯҳи Толибон гузашт, ҳазорон табааи ин кишвар аз ваҳшат ва бими қатлу саркӯб ватани худро тарк карданд. Дар миёни онҳо ҳудуди 345 қирғиз ҳам ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон фирор карданд. Албатта, бархе аз нозирон муътақиданд, ки зимистони сахт ва камбуди ғизо дар солҳои 2020-2021 иллати аслии ин муҳоҷират буд, ки дар он мавсим қирғизҳо тақрибан ниме аз галаҳои худро аз даст дода ва бо қаҳтии шадиде рӯбарӯ шуданд. Ҳудуди як ҳафта баъд аз убур аз марз, хабаргузории «Ховар»-и Тоҷикистон дар истинод ба манобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар гузориш дод, ки паноҳҷӯёни қирғиз ба Афғонистон бозгардонда шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, амнияти шахсии онҳо тавассути давлати Афғонистон тазмин шудааст.

Сиёсати ҷаҳонӣ

Ҳарчанд гуфтугӯҳое дар бораи аҳамияти роҳбурдии "долони" Вахон дар сиёсати ҷаҳонӣ аз муддатҳо пеш ҷараён дошта, аммо ин минтақа ҳаргиз ба майдони ҷанг ва ё маҳалли истиқрори пойгоҳҳои низомии ин ё он кишвар ё урдугоҳҳои террористӣ ва ё масире барои қочоқи маводди мухаддир табдил нашудааст. Агарчи талошҳое барои истифода аз Помир ба унвони муртафеътарин пойгоҳи низомӣ дар ҷаҳон дар қиболи Чин, Ҳинд, Покистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.

Тобистони соли 1981 як подгони Шӯравӣ бо ҳудуди 100 низомӣ дар Помири Кӯчак мустақар шуд ва ҳатто корҳо бар рӯи насби дастгоҳҳои мушакандоз ва сохти як фурудгоҳи низомӣ оғоз шуда буд. Боз ҳам кашидани симхорҳо оғоз шуд – симхорҳое, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ дар соли 1989, ҳанӯз ҳам дар Помири Кӯчак занг мезананд. Дар давраи ҳукумати аввали Толибон (1996-2001) «долони» Вахон дар итоати Эътилофи Шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

Сипас, баъд аз фоҷеаи 11-уми сентябр ва оғози амалиёти низомии эътилофи кишварҳои ғарбӣ алайҳи Толибон, дар моҳи октябри соли 2001 НАТО ё Паймони Атлантикаи Шимолӣ вориди минтақа шуд, як урдугоҳи низомӣ дар маркази Вахон таъсис дод ва баъд аз чанд сол ба сохтани як бузургроҳ дар имтидоди ин долон то марзи Чин пардохт. Дар айни ҳол, соли 2005, пас аз 130 соли сайтара, русҳо нерӯҳои худро аз Помир хориҷ карданд. Таниши баҷомонда аз «ҷанги сард» рафъ шуда, аммо мушкилот сари ҷои худаш боқист. Соли 2009 афғонҳо ва амрикоиҳо борҳо аз Чин хостанд, ки марзро боз кунад, то сохтмони роҳро ба таври муштарак анҷом диҳанд, аммо Пекин напазируфт. Лозим ба ёдоварист, ки он замон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва Тоҷикистон дар «ҷанг алайҳи терроризм» (алайҳи Толибон), ки Вашингтон эълом карда буд, муттаҳиди ҳам буданд. Агар ин муттаҳидон бо Чин тавофуқ мекарданд ва ин ҷодаро месохтанд, онгоҳ тағйироти азиме дар зиндагии помириҳо рух медод. Нерӯи барқ меомад, меҳмонхонаҳо барои гардишгарон сохта мешуданд, барои қирғизҳову тоҷикҳо ҷойи кор пайдо мешуд, дар қафасаҳои дӯкону мағозаҳо дар Душанбеву Кобул аз назари зистмуҳитӣ поктарин қурут ё кашк аз шири говмеш пайдо мешуд. Аммо афсӯс!

Чин фақат дар қаламрави худ 10 километри роҳро то Вахҷир сохт, онҷо терминале таъсис дод, хати иртиботӣ ва интернет гузаронд ва таваққуф кард – дар интизори лаҳзае муносиб, ки иқдом кунад ва пой дар Вахон бигзорад ва Афғонистонро дар чорчӯби барномаи ибтикории «Як камарбанд, як роҳ» ба долони иқтисоди Чину Покистон васл кунад.

Феълан, Чин ва дигар сармоягузорони билқувва бар ин боваранд, ки рискҳо ё хатароти сиёсии сармоягузорӣ дар Иморати Исломии Афғонистон дар умум ва Вахон бахусус, ҳамчунон болост. Дар соли 2018 барои тақвияти амният, Чин ба Афғонистон кумак кард, то як бригада ё тими низомии кӯҳистонӣ дар Вахон барои мубориза бо терурисм эҷод кунад. Чин аз он нигарон аст, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷудоиталаби уйғур мумкин аст аз гузаргоҳи Помир истифода кунанд.

Замоне ки гурӯҳи Толибон дар соли 2021 ба қудрат расид, низомиёни ғарбӣ ва афғон ҳамачиро дар Вахон раҳо карданду рафтанд, аз ҷумла роҳеро, ки сохтмонаш нотамом монда буд.

Дар амал, сохти як роҳ аз тариқи «долони» Вахон даҳҳо милёрд дулор ҳазина мехоҳад, зеро илова бар худи роҳ, бояд масоили амнияту эманӣ, таҷҳизот, тадорукот ва зерсохтҳои дигареро ҳам дар назар гирифт. Чунин тарҳеро фақат Чин метавонад иҷро кунад.

Афғонистон имрӯз аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ озод аст, аммо тавассути режиме идора мешавад, ки наметавонд бо шохаи “Хуросон”-и созмони террористии "Давлати исломӣ” мубориза кунад ва ҳузури “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористии байнулмилалиро дар хоки худ таҳаммул мекунад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки умдатан аз тоҷиктаборон ташкил шуда ва ба таври суннатӣ Вахонро мутааллиқ ба худ медонад, ба муқовимати мусаллаҳонаи худ алайҳи Толибон идома медиҳад, ки чандон маҳсус нест. Маъмурони гашти амниятии Толибон гоҳгоҳе дар Помир марзро назора мекунанд. Гуфтугӯҳо дар бораи бунёди роҳ дар «Боми Ҷаҳон» мутаваққиф шуда ва “долони” Вахон ба ҳамон сурате, ки чиҳил сол ё бештар аз он буд, боқӣ мондааст.

Охирсухан

Қирғизҳои Помир мардуми мусалмон ва сулҳҷӯ ҳастанд, ки бар асоси суннатҳо ва урфу одатҳои худ зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир онҳо тақрибан 1500 нафаранд – асосан қирғизҳои вобаста ба Абдуррашид, ки дар Афғонистон мондаанд. Раҳбари онҳо Равшан аст, яке аз писарони Абдуррашид, ки дар соли 2020 даргузашт, аммо он қудратеро, ки Раҳмонқул дошт, ӯ надорад. Ҳоло ҳеч далеле барои тарс ё нигаронӣ аз ин ки қирғизҳои Афғонистон дар маърази таҳдиди Толибон ё ҳар гурӯҳи дигаре дар Афғонистон бошанд, вуҷуд надорад.

Намояндагони қирғизҳои Помир ду бор бо Толибон мулоқот карданд ва Толибон ба онҳо ваъдаи таъмини амният ва ҳатто ҳимоят дар ояндаро додаанд. Ба эътиқоди Тобиас Маршал, мардумшиноси олмонӣ, ки дар солҳои 2015-2019 дар миёни қирғизҳои Помир таҳқиқе анҷом додааст, қирғизҳои Афғонистон тарҷеҳ медиҳанд байни Помири Шарқӣ, Қирғизистон ва Афғонистон муҳоҷиратҳои мудом дошта бошанд ва намехоҳанд, ки барои ҳамеша аз сарзамини аслии худ ҷудо шаванд – ҷое, ки сарфи назар аз мушкилот, озодона зиндагӣ мекарданд ва мекунанд. Онҳо мехоҳанд бо ҳамсоягонашон иртибот дошта бошанд, аммо мухторияти худро ҳифз кунанд.

Оё дар қарни бисту якум ин имкон вуҷуд дорад, ки домдории ашоирӣ дар иртифоъоти баланди кӯҳистонӣ ҳифз шавад? Бисёре аз донишмандон мегӯянд, ки ҷойгузине барои гузори қабоил ба шеваи зиндагии якҷонишинӣ вуҷуд надорад, ва дер ё зуд қирғизҳо низ «Боми ҷаҳон»-ро ба унвони паноҳанда ё муҳоҷир тарк хоҳанд кард ва ба зиндагӣ «мисли дигарон» хоҳанд пардохт.

Бо ин ҳол, тақрибан 1500 қирғизи Афғонистон дар иҳотаи кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва марзҳои сиёсӣ дар «долони» Вахон ба ҳаёти худ идома медиҳанд. Ва қасди рафтан аз хонаи худ ба ҷои дигаре ҳам надоранд, роҳбурдҳои тозае барои бақои худ пайдо мекунанд ва зиндагии худро бо шароити дар ҳоли тағйир дар перомунашон вифқ медиҳанд. Онҳо кумакҳои башардӯстонаеро, ки гоҳу ногоҳ ироа мешавад, бо иззат мепазиранд. Ин мардум ба далели сахткӯшӣ, имон ба Офаридгор, устуворӣ, меҳмоннавозӣ, вафодорӣ ба суннатҳо ва ғуруре, ки ба онҳо иҷоза намедиҳад дар рӯзгори тангдастӣ пеши касе сар хам кунанд, шоистаи эҳтиром аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла тоҷикон – ҳамсояи наздиктаринашон ҳастанд.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG