Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ҷанҷоли марзӣ. Тоҷикону қирғизҳо дар Мурғоб чӣ гуна зиндагӣ доранд? ВИДЕО


Қирғизҳои ноҳияи Мурғоб мегӯянд, аз баста будани марз бо Қирғизистон нороҳатанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Мақомоти ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ҷанҷоли марзии Душанбеву Бишкек ба муносибати сокинони ин ноҳия, ки аз қирғизҳову тоҷикҳо иборат аст, таъсире нарасонд. Танҳо, ба гуфтаи онҳо, баста шудани марз дидорбинии наздиконро мушкил кардааст.

Уланчач Калилова дар деҳаи Қароқул зиндагӣ мекунад, вале хотироти ҷавонӣ ва азизонаш дар Қирғизистон мондаанд. Ӯ мегӯяд, "баъзе аз фарзандон бекоранд. Баъзеашон дар Қирғизистон зиндагиву кор мекунанд. Худам аз ноҳияи Чӯналаи Қирғизистон ҳастам. Дар Тоҷикистон шавҳар кардам."

Ноҳияи Мурғоб
Ноҳияи Мурғоб

Қароқул дар баландии 4655 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон, ҷойгир аст. Аҳолияш асосан қирғизҳо ҳастанд, ки ба мисли Уланчач вобастагии зиёде аз Қирғизистон доранд.

Камол Мамасетов аз хонаводаи қирғиз аст ва дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Бародаронаш ба Қирғизистон рафтанд, вале ӯву хонаводааш инҷо монданд.

Бо шунидани баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ӯ мардумро ба зиндагии осоишта даъват мекунад. Мамасетов мегӯяд, "ҳамсояи наздик набояд бо чашми бад нигарад. Мо, мардуми Мурғоб, асрҳо якҷоя зиндагӣ мекунем. Дар гузашта хуб зиндагӣ кардем, Худо хоста бошад, дар оянда низ хубу дӯстона зиндагӣ мекунем."

Наворро дар Ютуб бинед:

Қирғизҳо дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Тоҷикистон чорводор ҳастанд. Онҳо мегӯянд, зиндагии осоишта доранд, вале баҳсҳои марзӣ ва сард шудани муносибати ду кишвар ба зиндагияшон халал расонд.

Айтбибӣ Нурмаматова, зодаи Тоҷикистон аст, вале фарзандонаш дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, пас аз баҳсҳои марзӣ наметавонад, ба дидани фарзандон равад.

"Пас аз баста шудани сарҳад хешу таборон наметавонанд, ба инҷо оянд. Аз он замон ки роҳҳо баста шудаанд, хешовандон имкони омаданро надоранд. Рафтану омадан тамоман қатъ шуд. Худованд насиб кунад, орзу дорам, роҳ боз шаваду фарзандонро бубинам", -- мегӯяд Нурмаматова.

Агарчи равуо ба Қирғизистон душвор аст, қирғизҳои Тоҷикистон мегӯянд, онҳо муносибати дӯстонаашонро гум накардаанд.

Ноҳияи Мурғоб дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳудуди ҳазор километр аз пойтахти кишвар масофа дорад. Мақомоти ин ноҳия мегӯянд, баҳсҳои марзӣ агарчи нороҳаткунанда аст, ба муносибати тоҷикону қирғизҳои ноҳия таъсир накардааст.

Мурғоб, акс аз бойгонӣ
Мурғоб, акс аз бойгонӣ

Ба қавли Баҳром Қодиров, намояндаи ҳукумати ноҳияи Мурғоб, "ягон мавриди миллатгароӣ ё дорои хусумати миллӣ сабт нашудааст. Тоҷикҳо аз оилаи қирғизҳо арӯс мегиранд ё баръакс қирғизҳо аз оилаи тоҷикҳо. Муносибатҳо гарм аст. Вақте дар хонаи як тоҷик азо мешавад, ҳатман қирғизҳо меоянд."

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст. Номуайян мондани бахши дигари марз ҳар чанд вақт боис ба баҳсу ҷанҷол мешавад.

Муноқишаи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол рӯй дод. Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин рӯйдодҳо 19 нафар кушта, 87 захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 189 нафар эълом доштааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG