Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломатияи "гузаштҳо". Чӣ гуна Тоҷикистон 10 сол пеш порае аз заминашро ба Чин дод?


Сарбозони Тоҷикистону Чин ҳангоми посбонӣ дар марз. Моҳи майи соли 2019
Сарбозони Тоҷикистону Чин ҳангоми посбонӣ дар марз. Моҳи майи соли 2019

Даҳ сол пеш, 20-уми сентябри соли 2011, Тоҷикистон дар маросиме бо ҳузури низомиён бахше аз хок ё қаламравашро дар ихтиёри Чин гузошт. Тасмиме, ки ҳукумат онро "пирӯзии дипломатӣ" номид, аммо чизе, ки дертар ба сангинтарин сабаби танқиди мақомот табдил ёфт.

Таърихчаи мавзуъ

Мардуми Тоҷикистон аз он ки як пора замини Тоҷикистон дар ихтиёри Чин гузошта шудааст, танҳо рӯзи 1-уми октябри соли 2011 аз матбуоти чинӣ ва дар рӯзи солгарди таъсиси Чин огоҳ шуданд.

Порлумони кишвар 12-уми январи соли 2011 протоколи аломатгузории марзи Тоҷикистону Чинро ба тасвиб расонда буд. Тибқи ин санад, 1 ҳазору 158 километри мураббаъ аз ҳудудҳои баҳсбарангези Помири Шарқӣ, ки 0,77% тамоми қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҷониби Пекин гузашт.

"Имзо шудани ин протокол як ғалабаи бузурги дипломатияи тоҷик аст," -- гуфт дар ҷаласаи порлумон вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ.

Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ

Ин мансабдори собиқ он замон гуфта буд, Чину Русия дар соли 1884 созишномаеро бо номи "Марғелони Нав" ба имзо расониданд, ки мутобиқи он ҳукумати Чини имрӯза бар сари 28 ҳазор километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон даъво дошт. "Ин тақрибан 20 дарсади қаламрави кишвари моро дар бар мегирифт. Пас аз имзои протокол, танҳо тақрибан 3 дарсад аз ин ҳудудҳои баҳсбарангез ба Чин мегузараду бас", -- ба вакилон ёдовар шуда буд ӯ.

Худи созишнома "Дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин"-ро ҷонибҳо ҳанӯз соли 1999 имзо карда буданд. Ҳамзамон мавзӯи ду-се минтақаи баҳсбарангези дигар дар сарҳади ду кишвар низ ҳал шуд.

Тоҷикистон назорати минтақаи баҳсбарангези назди ағбаи Карзакро пеши худ нигоҳ дошт, аммо тақрибан нисфи қитъаи дигари назди дарёи Марконсуро бо масоҳати умумии 400 километри мураббаъ дар ихтиёри Чин гузошт. Пас аз се сол, бо имзои протокол дар Пекин, мушкилоти ин ҳудуди баҳсӣ дар минтақаи Мурғоб низ ҳал шуд. Аммо тасвиби ин санад дар порлумони Тоҷикистон танҳо баъд аз даҳ сол сурат гирифт ва норизоятиҳои ҷомеаро дар пай дошт.

Сиёсати пушти дарҳои баста

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ ва ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар соли 2011 узви Маҷлиси Намояндагон буд. Ӯ мегӯяд, "ин як амалиёти пинҳон, ғайриконститутсионӣ ва хиёнаткоронае буд, ки Эмомалӣ Раҳмон худаш анҷом дод ва миллати тоҷик танҳо дар лаҳзаи охир аз он огоҳ шуд, ки дигар коре аз дасти касе намеомад."

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Ба қавли сиёсатмадори мухолиф, қарори мақомоти Тоҷикистон ба моддаи ҳафтуми Конститутсияи Тоҷикистон зид аст, ки тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани қаламрави кишварро кафолат медиҳад. "Баҳс дар порлумон як раванди расмӣ буда, маънои огоҳ кардани мардумро надошт", -- афзуд ӯ.

Мавқеи ба ин монандро он замон академик Раҳим Масов гирифта буд, ки аз соли 2004 узви Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин буд. Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, зери санаде, ки тибқи он бахше аз хоки Тоҷикистон ба Чин дода шуд, имзо нагузошт.

"Ин тасмими нодурусти ҳукумати Тоҷикистон буд. Тамомияти арзӣ ва тақсимнашаванда будани давлати мо барои ҳар як тоҷик масъалаи нангу номус аст", -- таъкид карда буд он замон Масов.

Раҳим Масов
Раҳим Масов

Ин тасмими мақомот боиси ошуфтагии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Мақоми худмухтории вилоят, тибқи Қонуни асосӣ, талаб мекард, ки созишнома дар сатҳи маҷлиси вилоятӣ тасдиқ карда шавад, аммо хабари расмии таъйиди Маҷлиси вакилони халқ ҳеч гоҳ нашр нашудааст.

Даъвоҳои таърихӣ

Бар асоси шеваи суҳбати расмии мақомот, баҳсҳои арзӣ беш аз сад сол идома дошт ва бо тасвиби протоколи охирин ин масъала ҳал шуд. Аммо расонаҳои чинӣ ба нашри фарзия ва даъвои таърихии худ идома медиҳанд, ки тибқи он ҳудуди Тоҷикистони муосир марбути Чин аст. Ин кори расонаҳои чинӣ бори охир нигаронии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро низ ба вуҷуд овард.

Таърихдони тоҷик Камолуддин Абдуллоев дар як навиштаи худ бо номи "Соҳиб"-и Помир кист?” менависад, Чин дар замони нуфуз пайдо кардани худ ҳудудҳои дифоӣ (ки дар баробари Муғулистону Тибет Шинҷон ҳам шомили он буд)-ро ҳам соҳиб шуд ва замоне ки суст шуд, онҳоро аз даст дод дод.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

"Соли 1864 Русия ва Чин Аҳднома (Протокол)-и Чугучакро имзо кардаанд, ки тибқи он минтақаҳои Олтой ва Курчум, кӯли Зайсан, заминҳои Тарбағатой, Алато ва Тён-Шон ба ихтиёри Русия дода шуданд. Созишномаи Англияву Русияи соли 1873 хатти сарҳади Помирро кашида, долони Вахонро ҳамчун минтақаи сипарӣ ё буферии Афғонистон байни Ҳиндустони Бритониё ва Осиёи Миёнаи Русия (имрӯз: байни Тоҷикистону Афғонистон) таъсис додаст...

Баъдан, кишвари коммунистии Чин ба созишномаҳои сарҳадие, ки бо Русияи подшоҳӣ имзо карда буд, изҳори эътироз кардааст. Ҳамзамон ҷониби Чин дар даъвои худ ба Помир ба созишномаи Марғелони Нав аз 22-юми майи соли 1884 ишора мекунад, ки тибқи он хатти сарҳад аз вилояти Фарғона ва Қошғар танҳо то сарҳади Уз-Бел (каме дуртар аз гузаргоҳи Оқ-Байтал) кашида шудааст.

Зиёда аз ин, тибқи моддаи 3-и созишномаи зикршуда, ифодаи сархати сарҳад бо матни таъбиру истилоҳаш норӯшан навишта шудааст. Тибқи он, сарҳади Русия аз Уз-Бел ба ҷанубу ғарб ба самти Хоруғ ва сархати сарҳади Чин бошад - ба ҷануб ба самти Афғонистон тӯл кашидааст ва ба ин тариқ қисми зиёди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кунунӣ, дар беҳтарин сурат, ҳамчун замини "бесоҳиб" вогузошта шудааст. Ба ҳар ҳол, соли 1894, пас аз мубодилаи тавзеҳу ёддоштҳои дипломатӣ, чиниҳо ва русҳо Помирро дар тӯли қаторкӯҳи Сарикӯл тақсим карданд. Ва ин сарҳад то ба имрӯз нигоҳ дошта шудааст. Ҳамзамон, ҷониби Чин пинҳон намекард, ки аз ҳаққи худ ба Помир комилан даст кашиданӣ нест ва он қарордодро "муваққатӣ" меҳисобад."

"Далелҳои беасос"?

Ба гуфтаи сиёсатмадори мухолиф Муҳиддин Кабирӣ, “гуфтугӯҳо дар бораи баҳси садсолаи заминҳои Тоҷикистон аз ҷониби мансабдороне сурат мегирад, ки мақомотро “сафед” кардан мехоҳанд ва бино ба далелҳои зерин, беасосанд:

  • агар баҳсе байни Чин ва Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё Империяи Русия дар гузашта будааст, ин ба Тоҷикистон дигар рабт надорад. Тибқи нотаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия аз моҳи январи 1992 ин кишвар меросбари ҳамаи созишномаҳо ва баҳсҳои байналмиллалии Итиҳоди Шӯравӣ мебошад. Такя ба баҳсҳои гузашта ё кадом санаду созишномае (агар бошанд) байни Чин ва кишварҳои дигар, ба Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ аз сентябри 1991 ҳеч рабт надоранд;
  • пайдо шудани кадом сангпорае дар наздкии Хоруғ бо ҳуруфоти чинӣ ҳамчун далел на танҳо хандаовар аст (ин далел дар порлумон садо дода буд), балки акси онро исбот мекунад. Дар кишварҳои ҳамсоя як ё дуто на, балки ҳазорҳо навиштаҳову осори таърихӣ бо забони мо вуҷуд доранд. Магар ин далел метавонад бошад, ки бояд он қаламравро даъво кунем? Аз ҳама муҳим, ҳукумат то ҳол ягон даъвои тарафи Чинро ба миллат пешниҳод накардааст, ки он дар чӣ шакл ва бо чӣ муҳтаво ба тарафи Тоҷикистон ироа шудаанд. То ин кор сурат нагирад, ин ҳама афсонае беш нестанд.”

Додани хоки худ ба унвони имкониятҳои нав

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Чин иддаои арзии худро дар Приморе, Соҳили Амур ва Осиёи Марказӣ барои 1500 километри мураббаъ пеш гузошт. Дар натиҷаи созишномаҳои дуҷониба, Пекин тавонист, як қисми муайяни ҳудудҳоро аз кишварҳои ҳамсоя бигирад.

Ба ҳамин тартиб, Русия ҷазираҳоеро дод - аввал Даманский, сипас Тарабаров ва нисфе аз Уссурийи Бузургро. Қазоқистон 407 километри мураббаъро ба Чин дод ва бахши 1250 километри мураббаъ аз Қирғизистон ҳам ба Чин вогузор шуд. Тоҷикистон, ки аз нигоҳи ҳудудӣ дар миёни ҳамаи кишварҳои ёдшуда майдатар аст, аз ҳама бештар 1 ҳазору 158 метри мураббаъ аз ҳудуди худро дар ихтиёри Пекин гузошт.

Аммо доираҳои наздик ба ҳукумат дар арзёбии гузаштҳои ҳудудӣ (арзӣ) сахтгир нестанд. “Баҳсҳои арзӣ барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон маъмуланд. Амалан давлатҳое вуҷуд надоранд, ки дар марз бо ҳамсоягонашон ихтилоф надошта бошанд. Ҳар кадоме аз онҳо барои ҳалли масъала ба далелҳои таърихӣ ва далелҳои дигар рӯй меоранд. Хушбахтона, мо бо Чин ҳеч гуна муқовимати низомиву сиёсӣ надоштем. Мо ҳама масъалаҳоро ба шеваи мутамаддин ва дипломатӣ ҳал кардем. Фикр намекунам, ки кишвари мо аз ин зарар дида бошад”, -- мегӯяд роҳбари дастгоҳи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Абдураҳмон Хонов.

Ин мақоми ҳизби ҳоким таъкид мекунад, ки феълан Тоҷикистон бо Чин дар ҳама бахшҳо ҳамкории судманд дорад, ки натиҷаҳои хуб ба бор овардаанд.

Тайи бист соли охир Чин ба яке аз сармоягузорони аслии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст ва соли гузашта мизони гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар аз 1,5 миллиард доллар гузашт. Қисми асосии қарзи хориҷии Душанберо низ Чин додааст. Ин кишвар яке аз се шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон аст ва аз соли 2013 мақоми шарики стратегиро дорад.

XS
SM
MD
LG