Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз дӯстию ҳамкорӣ то даъвои “фурӯбарии Тоҷикистон”. Нигоҳе ба матолиби расонаҳои Чин


Чин яке аз наздиктарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст.

Чанде аз хабаргузориҳои Чин дар авоили моҳи январ дигарбора дар мавзӯи заминҳои баҳсии Тоҷикистону Чин мақолаҳои нав ба нашр расонданд. Дар ду ҳафтаи ахир дастикам чаҳор матлаб дар ин мавзӯъ бо забони чинӣ расонаӣ шуд.

Айни замон расонаҳои давлатии Чин аз нашри китоби нав роҷеъ ба муносибатҳои ҳасанаи ду тараф дар тӯли таърих хабар дода, ба матолиби баҳсбарангез вокуниш накардаанд.

Пойгоҳи хабарии “Гул баёнгари таърих” (鲜花畅谈历史) , ки бештар доир ба мавзуҳои таърихӣ мақолаву гузориш нашр мекунад, рӯзи 3 январ мақолаеро бо номи “Таърихи Тоҷикистон, ки 9,28 миллион нафар аҳолӣ дорад, аз куҷо сарчашма мегирад?” навиштааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша дар ҳудуди Чин буд”.

Мақола имзо надорад ва ҳам гуфта нашудааст, ки ин нуктаро нависанда аз кадом ҳуҷҷатҳои таърихӣ овардааст. Вале он чӣ дар идома омадааст, бояд хонандаи чиниро бовар диҳад, ки Тоҷикистон ва ҳама Осиёи Марказӣ бахше аз қаламрави таърихии Чин будаанд.

Муаллифони мақола навиштаанд: “Шурӯъ аз ҳукмронии Хон, Чин давлатҳои хурди ҳамсояашро забт намуд ва Роҳи Абрешимро боз кард. Замони салтанати Тсин ва Тан, Тоҷикистон дар ҳудуди Чин қарор дошт. Баъдан аз мулки Хутан то шарқи кишвари Форсҳоро ишғол намуд, ки ҳоло онро кишварҳои Осиёи Марказӣ меноманд. Бозёфтҳои тангаҳои пулии “Каюан тунбао” дар ҳудуди кишварҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ нишонаи он аст.”

"Чину Тоҷикистон дар аҳди Сомониён тиҷорат мекарданд"

Ин дар ҳолест, ки China Daily Global аз нашри китобе роҷеъ ба дӯстӣ ва ҳамкории Чину Тоҷикистон хабар дода, мегӯяд ин рафоқату ҳамкорӣ таърихи ҳазорсола дорад. Додуситад байни ду тараф дар садаҳои 9 ва 10, дар замони Сомониён сар шуда, дар бораи ҳамкории Сомониён бо сулолаи Тан далелҳои зиёди таърихӣ кашф шудаанд.

Дар китоб омадааст, ки “Сомониён ба гурӯҳҳои қавмии минтақаҳои шимолу ғарбии Чин таъсири муҳим доштанд ва сабаби ба ислом гаравидани онҳо шуданд. Фаслҳои баъдии китоб ба ҳамкориҳои дуҷониба дар замони муосир, аз қабили тиҷорат, энергетика, телекоммуникатсия, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ бахшида шудаанд.

China Daily Global менависад: “Муҳаммад Эгамзод, мушовири сафорати Тоҷикистон дар Чин, дар маросими муаррифии китоб гуфт, ки мардуми ду кишвар дар давраи бостонии Роҳи Абрешим мубодилаи бисёрсоҳавӣ ба роҳ мондаанд. Ва омӯхтани бобҳои кашфнашудаи таърих ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории оянда манфиат хоҳад овард.”

“Гул баёнгари таърих” дар идомаи мақола менависад, ки баъдан муғулҳо ва русҳо Тоҷикистонро зери итоати худ дароварданд ва пас аз фурӯ пошидани Шӯравӣ он кишвари мустақил шудааст. “Ин кишвар баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо мушкилиҳои зиёд иқтисоди худро боло мебарад ва суст рушд мекунад. Вале баъди ҳамроҳ шудан ба созмони “Як камарбанд, як роҳ” - пайванди таърихии худ, эҳсоси рушди фаъол дорад”.

"Тоҷикистон фақат се дарсади заминҳои баҳсиро баргардонд"

Сомонаи дигари чинӣ, ки бештар дар бораи минтақаҳои сайёҳии ин кишвар менависад, “Тоҷикистон дар пайи кумакҳои Чин ҳудуди баҳсиро баргардонд”. Номи нависандаи ин матлаб низ зикр нашудааст, вале бо такя ба манбаъҳои худ дар долонҳои расмии Чин овардааст: “Гурӯҳи кории кишвари Чин дар он заминҳои ба мо баргашта ганҷҳо ва маъданҳои зиёди табиӣ кашф кардаанд. Ҳарчанд ин сарватҳо дигар аз Чин аст, вале кишвари мо тасмим гирифтааст, ки қисме аз онро ба Тоҷикистон ҳам диҳад”.

Гуфта нашудааст, ки ин чӣ маъдан аст ва Тоҷикистон аз он чӣ қадар баҳра мебарад. Хабаргузории “Мавҷи алоқаи Чин” бо имзои “Феникси хурд” менависад: “Ин қонуне, ки порлумони Тоҷикистон баъди 11 соли баҳс имзо кард, хеле ногаҳонӣ буд. Ҳарчанд бархе аз доираҳо онро тиҷорати байни ду кишвар меноманд, ҷониби Тоҷикистон онро “ғалабаи дипломатӣ” унвон кардааст. Зеро фақат ҳудуди се дарсади замини баҳсиро баргардонидаасту бас”.

Соли гузашта низ дигар таърихнигори Чин бо ном Чу Йао Лу рӯшану возеҳ навишта буд, ки Тоҷикистон ба Чин 1158 километри мураббаъро дод, дар ҳоле ки дар хабарҳои расмӣ борҳо хондаем, ки ин замин 1100 километри мураббаъ аст, ки дар натиҷаи "ғалабаи дипломатӣ" (ибораи вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ) ба Чин дода шуд.

Бино бар навиштаи нашрияи “Взгляд”, аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ба Чин бештарин гузаштро кардааст. Чунончӣ, Қазоқистон 407 километри мураббаъ ва Қирғизистон 161 километри мураббаъ ба Чин доданд, вале Тоҷикистон 1100 километри мураббаъро дар ихтиёри Пекин гузошт.

“Мавҷи алоқаи Чин” чанд рӯзи пеш мақолаи дигарро ҳам бо номи “Тоҷикони Чин ва тоҷикони Тоҷикистон чӣ фарқ доранд” нашр карда, гуфтааст, ки дар гузашта ва имрӯз тоҷикони Тошқӯрғон дар ҳудуди Чин бо мазҳабу ойинҳои худ бештар ба сокинони минтақаи Помир монанд ҳастанд. “Аз ҳамин сабаб тоҷикони кӯҳистонӣ ҳамеша барои мустақилият ва ҷудогонагии қавми худ мубориза бурдаанд” - омадааст дар ин мақола.

Рӯзи 20-уми июли соли гузашта дар сомонаи Радиои Озодӣ тарҷума ва фишурдаи чанд мақолаи хабаргузориҳои чинӣ бо номи "Тоҷикистон дар расонаҳои Чин. Аз замини гирифташуда то конҳои пурсарват" нашр шуд, ки як бахши он мавҷи шарҳи хонандагон, вокунишҳо ва нигарониҳои ҷомеаи коршиносӣ ва сиёсиро дар пай дошт.

Пойгоҳҳои хабарии чинӣ мақолаеро бо номи "Тоҷикистон бо хости худ ҳудуди Чинро баргардонд ва суфакӯҳи Помир ба соҳибаш баргашт" дар мавзӯи заминҳои ба Чин додаи Тоҷикистон якҷониба, яъне бидуни назари таърихшиносони тоҷик бо такя ба маъхазҳои таърихии Чин ва бе нигоҳе ба сарчашмаҳои таърихии дигар нашр карда буд.

Баъди нашри он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, матлаби баҳсбарангез дар бораи ба ихтиёри Чин гузаштани қаламравҳое аз Тоҷикистон "фикри шахсии муаллиф аст ва ин мавқеи давлати Чин нест".

Аммо пас аз он аз сомонаи Wang Yi (网易) ё “Мавҷи озод”, ки мақолаи баҳсбарангезро нашр карда буд, бардошта шуд. Ин дар ҳолест, ки то замони тарҷумаи он ва бознашр дар расонаҳои тоҷикӣ ҳадди аққал дар як моҳ ду бор хабаргузориҳои гуногуни чинӣ онро бознашр намуданд.

Нашри дигарбораи мақолаҳо бо даъвои қаламрави Тоҷикистон дар расонаҳои чинӣ дар ҳоле авҷ гирифт, ки Тоҷикистон аз кишварҳои сармоягузор, аз ҷумла аз Чин хост, ки муҳлати бозгардондани баҳраву қарзи хориҷиашро то нимаи соли 2021 ба таъхир андозанд. Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, Чин аз аввалинҳо шуда ба дархости Тоҷикистон дар бораи ба таъхир гузоштани пардохти қарз ризоият додааст.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли 2020 ба 3 миллиарду 700 миллион доллар расидааст, ки он ба 43,3 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон давлат ва бонкҳои Чин ҳастанд ва нисфи қарзи хориҷии кишвар ҳам аз Чин гирифта шудааст.

Шарҳҳоро бинед (72)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG