Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин коршиносони СҶТ-ро аз роҳ гардонд. Пекин дар бораи коронавирус чиро пинҳон мекунад?


Коронавируси нав аз шаҳри Вуҳан ба дигар нуқоти ҷаҳон паҳн шуд
Коронавируси нав аз шаҳри Вуҳан ба дигар нуқоти ҷаҳон паҳн шуд

Давлати Чин ба коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷозаи вуруд ба ин кишварро надодааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан Чин мувофиқат карда буд, то коршиносони СҶТ барои таҳқиқи маншаи хуруҷи коронавирус ба шаҳри Вуҳан сафар кунанд.

Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣрӯзи сешанбе гуфт, аз содир нашудани иҷозатнома барои сафари мутахассисони созмон аз сӯи давлати Чин "маъюс шудааст". Ба навиштаи хабаргузории Ройтерз, роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, озими Чин буданд.

Қарор буд, тими коршиносони байналмилалӣ аввали моҳи январ барои таҳқиқ дар мавриди асли пайдоиши коронавирус дар соли 2019 ба шаҳри Вуҳани Чин сафар кунанд. Намояндаи СҶТ рӯзи 16-уми декабри соли гузашта гуфта буданд, Пекин аз ин иқдом истиқбол кардааст.

Тедрос Аданом Гебрейесус
Тедрос Аданом Гебрейесус

Вале Тедрос Аданом Гебрейесус, роҳбари СҶТ рӯзи 5-уми январ гуфт, бо мақомоти аршади Чин дар тамос буд ва "бори дигар бо сароҳат эълом кардем, ки ин маъмурият барои созмони ҷаҳонии беҳдошт як авлавият маҳсуб мешавад."

Майк Райан, мудири иҷроияи барномаҳои изтирории СҶТ гуфтааст, ду коршиноси узви тиме, ки қарор буд ба Чин раванд, сафари худро аллакай оғоз карда дар кишвари севвум буданд, вале акнун бармегарданд. Бо ин ҳол, Райан умедворӣ кардааст, ки мушкили сафар ба Чин базудӣ ҳал шавад.

Хуруҷи коронавирус дар Чин интиқодҳои зиёдеро барои Пекин ба думбол дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз рафтори Чин дар мубориза бо COVID-19 интиқод кардаанд.

Моҳи гузашта шабакаи CNN дар гузорише гуфт, дар оғози пайдоиши коронавируси нав, Чин шиддати паҳншавии онро пурра ба ҷаҳон гузориш надодааст. CNN дар гузориш гуфта буд, ба 117 саҳифа асноди дохилии марказии назорат ва пешгирии бемориҳо дар Вуҳани Чин дастрасӣ пайдо кардааст. Ба иттилои CNN, ин санадҳо нишон медиҳанд, ки чигуна Ҳизби коммунистии Чин маълумотҳои ҳаётан муҳим барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро аз ҷаҳон пинҳон кардааст.

Аз замони пайдо шудани беморӣ дар шаҳри Вуҳан дар як соли қабл, то кунун бар асари пандемияи фарогири коронавирус беш аз 1,8 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохта ва зиёда аз 86 миллион кас ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG