Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ гуруҳи коршиносонро ба шаҳри Вуҳани Чин мефиристад


Шаҳри Вуҳани Чин. Акс аз бойгонӣ.
Шаҳри Вуҳани Чин. Акс аз бойгонӣ.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 16-уми декабр эълон кард, ки як тим ё гуруҳи коршиносони байналмилалиро моҳи оянда ба шаҳри Вуҳани Чин мефиристад, то асли пайдо шудани коронавируси навро таҳқиқ кунанд. Як намояндаи созмон рӯзи 17-уми декабр гуфт, Пекин аз ин иқдом истиқбол кардааст.

Аз замони пайдо шудани беморӣ дар шаҳри Вуҳан дар як соли қабл, то кунун бар асари пандемияи фарогири коронавирус беш аз 1,6 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҷон бохта ва ҳудуди 73 миллион кас ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Ин пурсишҳо, ки вирус аз куҷо омад ва чӣ гуна паҳн шуд, то ҳанӯз номаълум мондааст. Бовар меравад, ин вируси кушанда дар яке аз бозорҳои фурӯши ҳайвоноти шаҳри Вуҳан ба инсонҳо сироят кардааст.

Тахмин зада мешавад, ки беморӣ дар асл аз кӯршапаракҳо будааст, аммо маълум нест, он чӣ гуна ба одамон интиқол ёфтааст. Манбаи пайдо шудани вирус давоми сол боис ба танишҳо шуд ва маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп Чинро ба талоши пинҳонкорӣ дар оғози беморӣ муттаҳам кард.

Чин майле барои розӣ шудан барои таҳқиқоти мустақил надошт ва чанд моҳ гуфтугӯҳо миёни Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо Пекин идома дошт ва дар ниҳоят мувофиқат шуд, ки тими коршиносони байналмилалӣ ба Вуҳан раванд.

Яке аз аъзои ҳайат, ки қарор аст ба Вуҳан сафар кунад, гуфтааст, замони маъмурият аз чаҳор то панҷ ҳафтаро дар бар мегирад. Фабиан Леендерз аз Донишгоҳи Роберт Коч дар Олмон мегӯяд, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар садади ёфтани айбҳо нест, "балки барои дарки он чӣ рух додааст ва сипас баррасии ин ки оё бар асоси ин додаҳо метавонем дар оянда хатарро коҳиш диҳем."

XS
SM
MD
LG