Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, Эрон бо бастани дубораи тангаи Ҳурмуз наметавонад аз Амрико боҷгирӣ кунад.
Бо фаро расидани фасли баҳор сохтмони роҳи муҳиме дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вусъат гирифт. Ин роҳ ҷамоати Ворухро ба таври мустақил ва бидуни убур аз дохили Қирғизистон ба шаҳри Исфара пайванд мекунад.
Артиши Исроил эълон кард, ки Эрон аз оғози ҷанг то кунун борҳо аз бомби хӯшаӣ истифода кардааст.
Ба занони маҳбус дар Узбекистон имкон дода мешавад, ки тариқи фосилавӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанд.
Телевизиони давлатии Эрон баъди қариб 20 соат кушта шудани роҳбари Ҷумҳурии Исломиро дар ҳамлаи 28-уми феврал эълон кард.
Аввал огоҳии хаттӣ, баъдан ҷарима ва дар ниҳоят маҳдудият барои кор дар идораҳои давлатӣ ё пешниҳоди номзадӣ. Баъзе вакилони порлумон дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки барои ширкат накардан дар интихоб ҷазо муқаррар шавад.
Оё мумкин аст, ки маҷлисгоҳи нимахолӣ дар як лаҳза пур аз одам шавад? Маълум мешавад, ки бале чунин ҳам мешудааст. Сирри ин кор дар танзими видео аст. Азаттик навори баромади роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро дар 80-умин Маҷмааи умумии СММ муқоиса карданд ва натиҷаҳои ҷолибе ба даст омад.
Ёфтҳои бештар