Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Абдураҳмон барои муаррифии Осиёи Марказӣ дар Амрико

"Аз Осиёи Марказӣ паёми дӯстӣ овардем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Абдураҳмон Фозилов, соҳибкор ва симои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон бо мошини пур аз нишонаҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ва парчамҳои Узбекистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар кӯчаҳои шаҳри Филаделфияи Амрико сайр мекунад.

Соли равон барои аввалин бор аз Осиёи Марказӣ, тими Узбекистон дар рақобатҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ширкат кард.

Мошини Абдураҳмон Фозилов ҳам нақлиёт ва ҳам василаи тарғиботии ӯ мебошад. Ин блогер мегӯяд, аз Узбекистон то Белгия рафта, сипас мошинашро ба воситаи киштӣ ба Иёлоти Муттаҳида бурд.

“Сафари тӯлонӣ доштам. Ман Амрикоро дӯст медорам, Ҷоми ҷаҳонии футболро дӯст медорам. Ин бори аввал нест. Соли 2014-ум ба Бразилия рафта будам. Соли 2018-ум бо мошин ба Русия сафар карда, Ҷоми ҷаҳониро онҷо дидам. Соли 2022 Ҷоми ҷаҳонии Қатарро ҳам тамошо кардам, онҷо масофа наздик буд. Русия ҳамагӣ 3 ҳазор километр ва Қатар 7 ҳазор километр. Сафари Амрико 17 ҳазор километрро ташкил медиҳад,” – мегӯяд ин блогери узбекистонӣ.

Дар ташкили ин сафар Зафарбек Неъматов ва Музаффар Унгбоев, ки ҳар ду сокини Филаделифия ва аз дӯстони дӯстони Фозилов мебошанд, ба ӯ кумак кардаанд.

Абдураҳмон Фозилов мегӯяд, дар давоми 45 рӯзи сафар на танҳо парчами Узбекистон, балки парчами тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ –Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро “ба аҳли олам муарррифӣ кард. Ҳоло мардуми бештаре бо Узбекистон ва Осиёи Марказӣ ошноӣ доранд."

Барномаи Абдураҳмон Фозилов дар Филаделфия бо футбол маҳдуд набуд. Ӯ ба маркази Филаделфия ба назди муҷассамаи Рокӣ, қаҳрамони филми машҳури даврони Шӯравӣ рафта, барои бинандагонаш наворе таҳия кард.

Абдураҳмон Фозилов ҳар се бозии Узбекистонро, ки дар шаҳрҳои Мехикои Мексика, Ҳюстон ва Атлантаи Амрико бо нокомӣ анҷомидаанд, дар варзишгоҳ тамошо кард. Ба қавли номбурда, ин таҷрибаи бузург ва омӯзиш аст.

Ӯ бовар дорад, ки ин гуна сафарҳо барои муаррифии кишвараш ва Осиёи Марказӣ саҳми бузург хоҳанд дошт, зеро дар кишварҳои зиёде дар бораи Узбекистон мардум хабар надоранд.

"Онҳо мепурсанд куҷост Узбекистон? Ман мегӯям, ки Узбекистон дар Осиёи Марказӣ аст. Орзуям ин аст, ки дар ҳар ҷое гӯям, аз Узбекистонам, мардум гӯяд, ки мо медонем, ки Узбекистон дар куҷост”, - гуфт Абдураҳмон Фозилов.

Фозилов умедвор аст, ки паёми сулҳу дӯстии ӯ хуш пазироӣ мешаваду мардум ба дидани ватани ӯ ҳам майл пайдо мекунанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG