Нахуст тимҳои миллии Португалия ва Испания дар варзишгоҳи «Эй-ти-энд-ти Стэдиум» дар Арлингтон (иёлати Техас, ИМА) рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Испания бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Голи ягонаро нимҳимоятгари испаниҳо Микел Мерино дар замони ҷуброншуда (90+1) ба самар расонд.
Мунтахаби Испания ба чорякфинал баромад, аммо тими миллии Португалия, ки сарвони даста Криштиану Роналду мебошад, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гашт.
Бозии шашуми даври ҳаштякниҳоӣ байни тимҳои миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Белгия дар Сиэтл дар варзишгоҳи “Люмен Филд” сурат гирифт. Мунтахаби Белгия бо ҳисоби бузурги 4:1 пирӯз шуда, ба чорякфинал баромад.
Дар ин дидор аллакай дар дақиқаи 9-ум нимҳимоятгари белгиягиҳо Шарл Де Кетеларе ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 31-ум нимҳимоятгари амрикоиҳо Малик Тиллман ҳисобро баробар кард. Пас аз ду дақиқа Де Кетеларе боз мунтахаби аврупоиро ба пеш баровард.
Дар дақиқаи 57-ум нимҳимоятгар Ханс Ванакен голи севуми белгиягиҳоро ба самар расонд. Ҳамлагари мунтахаби Белгия Ромелу Лукаку дар замони ҷуброншуда (90+3) тӯбро вориди дарвозаи амрикоиҳо намуда, ҳисобро ниҳоӣ кард – 4:1.
Ҳамин тариқ, шаш бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 натиҷагирӣ шуд. Шаш даста – Марокаш, Фаронса, Норвегия, Англия, Испания ва Белгия ба чорякфинал роҳ пайдо карданд. Аммо мунтахабҳои Канада, Парагвай, Бразилия, Мексика, Португалия ва ИМА аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.
Ёдовар мешавем, дар ҳаштякфинал нахуст тимҳои миллии Канада ва Марокаш дар варзишгоҳи «Эн-Эр-Ҷи Стэдиум» дар Хюстони ИМА рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии марокашиҳо бо ҳисоби 3:0 ба поён расид. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд.
Нимҳимоятгари мунтахаби Марокаш Аззедин Унаҳӣ дар дақиқаи 50-ум ҳисбро боз кард. Вай голи дувумро дар дақиқаи 82-юм ба самар расонд. Голи севумро дар дақиқаи 90+8 ҳамлагари марокашиҳо Суфиён Раҳимӣ зад.
Дар бозии дувуми даври 1/8-ниҳоӣ тими миллии Фаронса мунтахаби Парагвайро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Линколн Файненшел Филд» (Филаделфия, Пенсилвания, ИМА) доир шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Килиан Мбаппе дар дақиқаи 70-ум аз пеналти ба нишон расонд.
Дар бозии севуми даври ҳаштякниҳоӣ тимҳои миллии Бразилия ва Норвегия дар варзишгоҳи «Метлайф» (Ист-Ратерфорд, ИМА) рақобат карданд. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Норвегия бо ҳисоби 2:1 ба охир расид.
Ҳамлагари норвегиягиҳо Эрлинг Ҳоланн дар дақиқаҳои 79-ум ва 90-ум ду гол ба самар расонд. Бояд зикр намуд, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 14-ум, нимҳимоятгари бразилиҳо Бруно Гимарайнш аз пеналти натавонист гол занад.
Дар дақиқаи 90+10 ҳамлагари бразилиҳо Неймар аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро тағйир дод, аммо мунтахаби Бразилияро аз бохт наҷот дода натавонист. Ба шарофати ин пирӯзӣ мунтахаби Норвегия барои аввалин бор дар таърих ба чорякфинали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.
Бозии чаҳоруми даври 1/8-ниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Мексика ва Англия, ки дар варзишгоҳи «Астека» (Мехико, Мексика) доир гардид, бо ғалабаи инглисҳо бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт.
Дар ҳайати мунтахаби Англия ду голро нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем дар дақиқаҳои 36-ум ва 38-ум ба самар расонд. Инчунин ҳамлагар Ҳарри Кейн дар дақиқаи 60-ум тӯбро аз пеналти вориди дарвоза кард.
Голҳои мунтахаби Мексикаро ҳамлагарон Хулиан Кинйононес (42) ва Раул Хименес (69, аз пеналти) заданд.
Бояд гуфт, ки аз дақиқаи 54-ум ҳайати мунтахаби Англия як нафар коҳиш ёфт, ҳимоятгар Ҷарелл Куанса корти сурх гирифт.
Ба ин тартиб, дар чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Марокаш бо Фаронса, Норвегия бо Англия ва Испания бо Белгия, вориди рақобат мешаванд.
Ҷуфти охирини даври чорякниҳоӣ дар ду бозии ҳаштякфиналӣ байни тимҳои миллии Аргентина - Миср (7-уми июл) ва Швейтсария – Колумбия (8-уми июл) муайян мегардад.
Бозиҳои 1/4-ниҳоӣ рӯзҳои 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.
Бозии ниҳоӣ 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) сурат мегирад.
1/8 финал (замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе):
7 июл
21:00. Аргентина - Миср (Атланта, ИМА)
8 июл
01:00. Швейтсария - Колумбия (Ванкувер, Канада)
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Килиан Мбаппе (Фаронса), Лионел Месси (Аргентина) ва Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо 7-голӣ пешсафанд.
Ба панҷгонаи нишонзанҳои беҳтарин, инчунин Ҳарри Кейн (Англия) бо 5 гол, Винисиус Жуниор (Бразилия), Ҷуд Беллингем (Англия), Исмоил Сарр (Сенегал), Микел Оярсабал (Испания), Усмон Дембеле (Фаронса) ва Хулиан Кинйонес (Мексика) бо чорголӣ шомиланд.
Гуфтугӯ