Дар се рӯзи охир дастикам ду бор селу ярч чанд хона ва иншооти шаҳру навоҳии вилояти Суғдро вайрон кард. Ба гуфтаи мақомот, офати табиӣ асосан дар ноҳияҳои Айнию Деваштич ва шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷумла рӯзҳои 11 ва 12-уми июл сел ба хонаи сокинони деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ зарар расонд. Дар ин офати табиӣ ҳамчунин роҳҳо, хатҳои об, боғҳо, заминҳои кишт, 11 мошини сабукрав, гирду атрофи мактаби деҳаи Каздон ва беморхонаи минтақавии деҳаи Дарғ осеб диданд.
Мақомот гуфтанд, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар шабакаи Фейсбук навишт, барои бартараф кардани пайомадҳои офати табиӣ ситод ташкил шудааст.
Инчунин дар рӯзҳои 11-12 июл ба чанд деҳаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент низ селу ярч фаромада зиёни ҷиддӣ расондааст.
Чанд деҳаи ноҳияи Деваштич низ дар пайи омадани сел зарар дидаанд. Феълан дар бораи андозаи хисорот маълумоти расмӣ дар даст нест.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо вобаста ба дархости кӯмак аз ҷониби корбарон ва блогерон роҳандозӣ шудааст.
Селу обхезӣ, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон бисёр зиёд мушоҳида шуд, фақат дар моҳи май камаш 4 нафарро дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Турсунзода ҳалок кард ва панҷ каси дигарро захмӣ шуданд.
Видеоро инҷо бинед: