Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Душанберо "хатарнок" номиданд. Дуди Маркази гармидиҳӣ, оҳангудозӣ ё чанги "Сементи тоҷик"? ВИДЕО


World’s Air Pollution, созмоне, ки вазъи олудагии ҳаворо дар шаҳрҳои ҷаҳон арзёбӣ мекунад, ҳавои Душанберо "олуда ва хатарнок" номидааст. Хулосаи созмон бар асоси нишондодҳои дастгоҳе ҳосил шудааст, ки дар сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

Масъулони Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт гуфтанд, барои арзёбии пурраи ҳавои Душанбе таҷҳизоти кофӣ надоранд. Ба иддаои онҳо, дастгоҳи воқеъ дар бинои сафорати Амрико ваъзи олудагии ҳаворо танҳо дар як гӯшаи Душанбе нишон медиҳад.

Ҳасан Шеров, корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти Душанбе, рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар назди сафорат сохтмони бинову иншоот ва роҳҳо идома дорад. Бино бар он, олудагии ҳаво дар он ҷо зиёд ба назар мерасад."

Ӯ афзуд, дастгоҳҳои Оҷонси обу ҳавошиносии Тоҷикистон сатҳи олудагии ҳаворо дар Душанбе "муътадил" нишон медиҳанд. Айни замон, ба қавли мусоҳиби мо, ҳар рӯз беш аз 80 ҳазор воситаи нақлиёт дар роҳҳои пойтахт ҳаракат мекунанд ва аз ин ҳисоб беш аз 35 ҳазор тонна партов ба ҳаво хориҷ мешавад.

"Ҳоло партови мошинҳо аз корхонаҳои саноатӣ гузаштааст. Дигар ин ки воридшавии чангу хок аз кишварҳое ба монанди Эрону Покистон 35-40 маротиба аз меъёр зиёд дар ҳаво ошкор карда шудааст. Ҳарчанд аз ҳисоби борон, ки хусусияти худтозакунӣ дорад, имрӯзҳо муҳит тоза аст, барои пешгирӣ аз чунин ҳолат чораҳо бояд андешид", -- илова кард Ҳасан Шеров.

Мақомот дар ҳоле афзоиши ҳаракати мошинҳоро аз сабабҳои ташвишовар барои олудагии ҳаво медонанд, ки сокинон бештар аз чангу ғубори корхонаҳои назди маҳалли зисташон нигаронанд.

Бибиҷон Холмаҳмадова, сокини шаҳри Душанбе, дар наздикии корхонаи "Сементи тоҷик", дар қисмати шимолии пойтахт, зиндагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, “чанг зиёд аст. Субҳ мехезем, ҳама ҷойро тоза мекунем. Боз чанг мешавад. Ин вазъ моро нороҳат кардааст."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ҳавои Душанберо "олуда" номиданд, мақомот розӣ нестанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Дар баробари "Сементи тоҷик", кори Марказу барқу гармидиҳии Душанбе (ТЭЦ), ки аз ҷониби ширкати TBEA-и Чин сохта шудааст, борҳо мавриди интиқоди баъзе аз сокинону мутахассисони ҳифзи муҳити зист гардидааст. Ба гуфтаи масъулон, аз 17 ҳазор тонна партове, ки солона корхонаҳои воқеъ дар Душанбе ба фазо партоб мекунанд, 14,5 ҳазор тоннааш ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе рост меояд.

Шикоятҳо аз дуди ғализи коргоҳҳои оҳангудозии Душанбе, ки бо технологияҳои кӯҳнаи чинӣ кор мекунанд, низ пайваста аз сӯи сокинон садо медиҳад. Абдулҳамид Қаюмов, мутахассиси ҳифзи муҳити зист мегӯяд, "дар раванди саноатикунонӣ бояд аз фанновариҳои замонавӣ истифода кунем, зеро истеҳсолот бо технологияи кӯҳна боис ба олудагии шадиди ҳаво мешавад."

Вай афзуд, назорати сифати сӯзишворӣ ва таҷҳизоти техникии воситаҳои нақлиёт, ки ба як манбаи олудагии ҳаво табдил ёфтааст, низ муҳим аст. Дар ҳамин ҳол, дар бахши экологии ҳукумати Душанбе гуфтанд, аз 24 коргоҳи оҳангудозии ҳудуди пойтахт, аксари онҳо ё барҳам хӯрдаанд ё аз ҳудуди Душанбе ба берун кӯчонда шуданд.

Шаҳри Душанбе дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ба тасвири бисёриҳо мавқеи пойтахти Тоҷикистон ба гунаи дегдонест, ки аз се самт дар иҳотаи кӯҳсор қарор дорад ва вазидани бодҳо аҳёнан эҳсос мешавад. Ин шаҳр бо назардошти мавқеи ҷуғрофиаш аз лиҳози олудашавии ҳаво осебпазир гуфта мешавад, аммо сокинон солҳои охир аз чангу хок гирифтани хонаҳояшон ва дуди ғализ дар фазои шаҳр шикоят доранд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG