Бар асоси гузорише, ки маҷаллаи тиббии The Lanset рӯзи ҷумъаи 20-уми октябр нашр кард, дар соли 2015 ҳудуди 9 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бинобар олудагӣ, ҷони худро аз даст додаанд. Тақрибан 92 дарсади ин маргумирҳо дар кишварҳое рӯй додааст, ки аз назари стандартҳои иқтисодӣ ва мизони даромад, дар сатҳи поён ё миёна қарор доранд. Дар ин миён, олудагии ҳаво омили аслӣ буда ва боиси марги 6,5 миллион нафар будааст.
Маҷаллаи The Lanset дар гузориши худ илова ба олудагии ҳаво, олудагии оби ошомиданӣ, олудагӣ дар муҳити кор ва ҳатто муҳити хонаро низ баррасӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", тақрибан ниме аз маргумирҳо бар асари олудагӣ дар Чин ва Ҳинд рӯй додааст. Пажӯҳишгарони маҷаллаи тиббии The Lanset мегӯянд, дар кишварҳое монанди Чин, Ҳинд, Бангладеш, Мадагаскар ва Кения навъҳои олудагӣ, сабаби як чаҳоруми маргу мирҳои солона аст.
Яке аз танзимкунандагони ин гузориш мегӯяд, "олудагиҳо ва бемориҳои бархоста аз он дар аксари мавридҳо ба саломатӣ ва муҳити зисти мардуми кишваҳои фақир ва дорои имкониятҳои кам таъсир мегузорад ва қурбониён ҳамеша осебпазиртарин ва беҳуқуқтарин қишрҳои ҷомеа ҳастанд."
Вай гуфтааст, ки "ба ин тартиб, метавон гуфт, ки олудагӣ як хатари асосӣ барои ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи зиндагӣ, баҳраманд будан аз саломатӣ ва вазъи хуби зиндагӣ, кори амн ва ҳамин тавр ҳифозат аз кӯдакон ва дигар афроди осебпазир аст". Бар пояи ин гузориш, олудагиҳо илова бар бемориҳое, ки аз он сарчашма мегиранд, ҳамчунин боиси бемориҳои дигаре мисли норасоии қалбӣ, сакта ва норасоиҳои ҷиддии нафаскашӣ, мешавад.
Хокбориш дар Душанбе:
Ин пажӯҳиш кишварҳои ҷаҳонро аз назари шумораи маргумир бар асари олудагиҳо, ба панҷ гурӯҳ тақсим кардааст. Гурӯҳи аввал кишварҳое ҳастанд, ки шумораи маргумир дар онҳо аз ҳар сад ҳазор нафар, камтар аз 50 нафар аст. Амрико, Канада, Австралия ва бахше аз кишварҳои Шимоли Африко ва Амрико Лотинӣ дар ин гурӯҳ қарор доранд. Гурӯҳе дувум кишварҳое ҳастанд, ки шумораи маргумири онҳо аз ҳар сад ҳазор нафар, байни 50 то 75 нафар аст. Эрон, Туркия , Ироқ ва чандин кишварҳои аврупоӣ ва Амрикои Лотинӣ дар ин гурӯҳ ҳастанд.
Гурӯҳи савум кишварҳое ҳастанд, ки шумораи маргумир дар онҳо аз сад ҳазор нафар байни 76 то 100 нафар аст. Шуморе аз кишварҳои аврупоӣ ва бисёре аз кишварҳои Осиёи шарқӣ дар ин гурӯҳ ҳастанд. Гурӯҳи чаҳорум кишварҳое ҳастанд, ки шумораи маргумир дар онҳо аз ҳар сад ҳазор нафар байни 100 то 150 нафар аст. Чин, Русия ва теъдоде аз кишварҳои Аврупои шарқӣ ва африқоӣ, аз ҷумлаи ин гурӯҳ ҳастанд.
Бадтарин вазъияти олудагӣ дар гурӯҳи панҷум аст, ки шумораи маргумир дар онҳо аз ҳар сад ҳазор нафар байни 151 то 316 нафар аст. Ҳинд, Бангладеш, Покистон, Афғонистон ва шумори зиёде аз кишварҳои марказ ва ғарби Африқо, дар ин гурӯҳ қарор доранд.
Маҷаллаи The Lanset дар гузориши худ илова ба олудагии ҳаво, олудагии оби ошомиданӣ, олудагӣ дар муҳити кор ва ҳатто муҳити хонаро баррасӣ кардааст. Пас аз олудагии ҳаво ҳамчун омили аслии маргу мир, олудагии оби ошомиданӣ мебошад ва солона 1,8 миллион дар саросари ҷаҳон бар асари он ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз олудагии ҷои кор солона 800 ҳазор дар ҷаҳон ҷони худро аз даст медиҳанд.
Пажӯҳишгарон мегӯянд, ки ин гузориш паҳлӯҳои хатарноки олудагӣ барои саломатии мардуми ҷаҳонро собит мекунад ва бояд барои пешгирӣ аз он талошҳои ҷиддӣ сурат бигирад. Сардабири маҷаллаи The Lanset ҳамзамон бо нашри ин гузориш дар баёнияе навишт, "дар мубориза бо олудагӣ имкони пирӯзӣ вуҷуд дорад. Насли феълӣ ва наслҳои оянда ҳаққ доранд дар як ҷаҳони холӣ аз олудагӣ зиндагӣ бикунанд."
Албатта дар ин гузориш нуқтаҳои мусбате низ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки дар байни солҳои 1990 то 2015 мизони маргумир дар саросари ҷаҳон бар асари оби ошомидании олуда аз 5,9 миллион ба 4,2 миллион нафар коҳиш ёфтааст. Аммо дар муқобил шумораи маргумир бар асари олудагиҳии ҳаво аз рушди саноат дар ҳамин давра аз 4,3 миллион ба 5,5 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
шармандаги - дигар чи бигуем
Ҳар чизу ночизро баҳона мекунанд то ки пул кананд . Таҳдид мекунанд ки ба шуъба мебарем фалон миқдор ҷарима мекунем агар пора надиҳи.
Мо як президент дорем Ҷаноби Олӣ сояи ҳоктмиятатон аз сари мо тоҷикон кам нагарда. Давлати нестшударо дубора барқарор кардед. Бояд ҳар як шахчи мусулмон хизматҳои ин шахсрл фаромуш накунанд.
Мухри махфи +пушти дархои баста =Говсуд мегуянд ва ин хам дар Точикистон давлати демократии хукукбунёд !
Это просто кошмар и дикость. Международные организации направленные на защиту прав детей, как вы можете допустить такое? У ребёнка отнимают права на СВОБОДУ, ПРАВО НА СВОБОДНОЕ ПЕРЕДВИЖЕНИЕ и самое главное ПРАВО НА ОБРАЗОВАНИЕ! Ребёнка лишают видеться с родными. Это как вообще можно допустить??? Те которые приводят в пример Афганистан, Ирак, Бангладеш и Сирию, вы хоть знаете, что там отличная система образования, качество которой в сто раз лучше чем таджикская система. Материалы и содержание книг как в школьной программе так и ВУЗах по качеству и актуальности не уступают Европейским стандартам, ЕДИНСТВЕННАЯ ПРОБЛЕМА в этих странах -это ДОСТУП к образованию и ИНФРАСТРУКТУРА, а она разбитая! Благодаря непрекращающихся бомбардировок России в Сирии, например. Очнитесь! Такое ощущение, что вы никогда не покидали пределов Таджикистана. Исламисты говорите? Так посмотрите на социальный статус афганца, который перебрался в Европу, Америку или Австралию, так минимум они через пару лет занимаются средним и малым бизнесом, а в долгосрочной они выбирают технические и научные специальности по которым они одни из лучших в этих странах. Не поленитесь, посмотрите как живут афганцы в Лондоне, посмотрите на школьные книжки в Египте, они все с QR кодом с живыми уроками на ютубе. Просто потрясающая система в Саудии, Катаре, Кувейте, ОАЭ, Бахрейне и Омане. Да нам в Таджикистане как до Луны до них, вы понимаете? Ба Худо шармам меояд шарххои шуморо мехонам. Хадди акал имконатон шуд ба хорича сафар кунед, чахонбиниатонро тавасути хондани китобхои бадеъи ва тамошои барномахои хуб васеъ кунед. Когда вы смотрите на кори Сиратулла Раупова чтение, которого набирает по миллионы просмотров со всего мира и вы гордо говорите, что он Таджик из Таджикистана , так надо понимать, что такие как Кори Сиратуллах Раупов с воздуха не берутся! Это многолетний труд. Исламская система образования она ничем не уступает Европейской, просто её надо развивать в самом Таджикистане, чтобы наши дети не ездили к другим. Что мешает правительству открыть Исламские гимназии или вводить в школьную программу Исламские уроки? Ман вокеъан дар хайратам, ки ЧАРО, ЧАРО инкадар ШУМО аз худи калимаи ИСЛОМИ мехаросед??? Хохиш мекунам, шабакахои русиро тамошо накунед, унхо як миллати комилан мутафовите хастанд, ки умуман дунёро бо дигар чашм менигаранд. Тули 100 сол шудаст чабру зулми бар сари Кавкоз овардаашон магар дарс нест? Магар таърихи худамон барои по дарс нест???