Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олудагии ҳаво дар Хуҷанд боло рафтааст


Бо вуҷуди наздик омадани тирамоҳ ҳаво дар Тоҷикистон ҳамчунон гарму тоқатфарсо мондааст ва дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар то 41 дараҷа мерасад.

Ҳарчанд то расидани фасли тирамоҳ камтар аз як ҳафтаи дигар мондааст, аммо тобистон домани Тоҷикистонро раҳо карданӣ нест. Ҳарорат то кунун дар бисёре аз манотиқи кишвар ба истиснои Бадахшони кӯҳистонӣ ба 40 дараҷа мерасад. Ба гуфтаи Муассисаи давлатии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳарорат рӯзи 25-уми август дар вилояти Хатлон аз 38 то 41 дараҷа мерасад, вале шабона якбора поин меояд ва шабонгоҳон ҳавои ноҳияҳои ин вилоятии ҷанубии кишвар то 25 дараҷа гарм мемонад.

Дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ ҳарорат ба марзи 40 дараҷа мерасад ва мардуми шаҳрро ба танг овардааст. Айни ҳарорат ва ё ҳавои андаке “сард” дар ноҳияҳои тобеъи марказ, ба мисли Ҳисору Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакӣ ҳукмфармост ва рӯзона ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад, вале шабона то 18 дараҷа поин меояд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво ғайримуқаррарӣ ва гарм аст ва ҳарорат дар ноҳияҳои вилоят то 30 дараҷа мерасад ва бар тибқи пешгӯии ҳавошиносон ҳарорат дар ин минтақа то охири моҳ ва рӯзи 30-уми август аз марзи 30 дараҷа мегузарад ва ба 32 дараҷа мерасад. Парвина Саидҷамолова, сардори шӯъбаи мониторнинги ҳаво дар Муассисаи давлатии ҳавошиносӣ, рӯзи 25-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазидани ҳавои гарм аз ҷануб сабаби ҳарорати ғайримуқарарӣ баланд дар Тоҷикистон шудааст:

“Ҳавои гарм аз минтақаи ҷануб ҳаракат мекунад ва ҳавои сард аз минтақаи аврупоӣ аз Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат намекунад ва ҳаракати ҳавои гарм аз ҷануб аз Эрону Афғонистон боиси баланд шудани ҳарорат мешавад.”

Парвина Саидҷамолова афзуд, ҳарорат тақрибан 10 рӯзи дигар дар Тоҷикистон ҳамингуна баланду тоқатфарсо боқӣ мемонад ва мумкин аст, баъд аз он ҳаво сардтар шавад. Олудагии ҳаво бахусус дар шаҳрҳои Тоҷикистон аксаран поёнтар аз меъёр аст, масалан дар Душанбе гарду хок дар таркиби ҳаво ба 0.9 дараҷа мерасад, ки поёнтар аз ҳадди меъёрест, ки раво дида мешавад.

Дар Хуҷанд гарду хок дар таркиби ҳаво аз ин ҳам камтар аст, вале гази карбонат дар таркиби ҳаво ба 1.25 дараҷа мерасад, ки бештар аз меъёр аст, вале на ба ҳадде, ки сабаби авҷ гирифтани беморӣ ва ё нафастангӣ шавад. Гази карбонат умдатан аз сӯхтани бензини мошинҳо ба ҳаво хориҷ мешавад.

Олудагии ҳаво ва гармии тоқатфарсо ба гуфтаи табибон метавонад, боиси шиддат гирифтани бемориҳои роҳҳои нафас ва дил шавад, аз ин рӯ онҳо ба онҳое, ки чунин беморӣ доранд, тавсия медиҳанд, ки дар чунин рӯзҳо зиёд ҳаракат накунанд ва ё дар хона бимонанд.

XS
SM
MD
LG