Пайвандҳои дастрасӣ

Донишмандони озмоишгоҳи ташхиси физикии ҳаво дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳангоми вазидани “боди афғонӣ”, дар ҳавои кишвар таркибҳои кимиёвии зиёновари ҷадвали Менделеев зиёд мешаванд. Ингуна бод умдатан дар поёни тобистон ва ё аввали тирамоҳ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мушоҳида мешавад.

Сабур Абдуллоев, доктори илм ва физики тоҷик мегӯяд, як таҳқиқи муштараки онҳо бо донишмандони хориҷӣ нишон дод, ки боди ғуборолудаи ғализ ба сиҳатии инсон зиён мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, "боди афғонӣ ҳеҷ иртиботе ба Афғонистон надорад, чун аз биёбони Саҳрои Кабир дар Африқо бармехезад ва аз тариқи қаламрави Эрон, Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон, ки низ биёбонҳои зиёд доранд аз ҷануби Тоҷикистон вориди кишвар мешавад.

"Мо якҷо бо пажӯҳишгарони олмонӣ ва амрикоӣ мушаххас кардем, ки дар таркиби ин бод то 32 элементи ҷадвали Менделеев вуҷуд доранд, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд” - мегӯяд, донишманди тоҷик.

Сабур Абдуллоев
Сабур Абдуллоев

​Ба гуфтаи Сабур Абдуллоев, дар муқоиса бо солҳои пешин, “боди афғонӣ” дар Тоҷикистон бештар мемонад ва баъзан вақт, бод ба ҳадде гарду ғубор меорад, ки инсон то 200 метр дурро намебинад. Ба гуфтаи ӯ, гармоиши курраи Замин, биёбоншавӣ, як сабаби афзоиши бодҳои ғуборолуд ба Тоҷикистон аст.

Баъди Саҳрои Кабир, аз Баҳри Арал

Айни замон, донишмандони тоҷик мушаххас кардаанд, ки вазидани бодҳои олуда бо намак аз бистари баҳри нимахушкидаи Арал, суръати обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистонро тундтар кардааст. Ба сабаби рехтани ин намакҳо дар болои пиряхҳо дар кишвар солҳои ахир садҳо пиряхи хурд ақибнишинӣ кардаанд ва ё комилан об шудаанд.

“Дуруст аст, ки мо дар болои пиряхҳои Тоҷикистон намакҳоеро ошкор кардем, ки аз қаъри баҳри Арал ба фазо печида, болои пиряхҳои мо фуруд омадаанд. Ин ҳама сабаб шуд, ки пиряхҳои Тоҷикистон ба зудӣ об шаванд, вагарна, пиряхҳои Тоҷикистон тӯли садсолаҳо вуҷуд доштанд” - гуфт, Сабур Абдуллоев.

Дар рӯзҳое, ки ҳаво олуда аст, ба сахтӣ нафас мекашам. Ночор ба духтур муроҷиат мекунам, дору мехӯрам. Агар ба кӯча бароям, ба рӯям ниқоб мебандам.

Ҳавои олуда бахусус дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон омилҳои дохилӣ ҳам дорад. Яке аз манбаъҳои олуда шудани фазои Душанбе Корхонаи тавлиди семент аст, ҳамарӯза дуди ғализе аз он хориҷ мешавад ва болои шаҳр менишинад.

Корхонаҳои олудакунандаи ҳаво дар дохил

Хонаводаҳо аз гарду ғубори зиёд дар хонаҳояшон шикоят мекунанд. Фотима Ҷумъаева, сокини Душанбе, ки аз бемориҳои роҳи нафас ранҷ мекашад, мегӯяд, ҳавои олуда барои ӯ як даҳшат аст.

«Дар рӯзҳое, ки ҳаво олуда аст, ба сахтӣ нафас мекашам. Ночор ба духтур муроҷиат мекунам, дору мехӯрам. Агар ба кӯча бароям, ба рӯям ниқоб мебандам» -мегӯяд, Фотима.

Масъулони беҳдоштӣ мегӯянд, омор дар бораи бемориҳои вобаста ба тағйири боду ҳаво, назири таъсири бодҳои олуда, вуҷуд надорад.

Фотима Ғоибова
Фотима Ғоибова

«Иттилое, ки мо дар даст дорем, дар рӯзҳои олудагии ҳаво танҳо гирифторони бемории диққи нафас ё астма шикоят мекунанду халос, ки теъдоди онҳо чандон зиёд нест» гуфт, Фотима Ғоибова сухангӯи вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ.

Пажӯҳишгарони Озмоишгоҳи ташхиси физикии ҳаво дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли оянда бо кӯмаки пажӯҳишгарони олмонӣ соҳиби таҷҳизоти нави ташхиси ҳаво мешаванд, ки ба осонӣ нишон медиҳад, дар ҳавое, ки сокинони Душанбе нафас мекашанд, вуҷуди таркибҳои кимиёвӣ мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда аст ва ё зиёдтар аз он.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG