Пайвандҳои дастрасӣ

“Хумдонҳои оҳак рӯзгори моро сиёҳ карданд”. ВИДЕО


Ҳомиёни ҳифзи муҳити зист ва сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мегӯянд, ки хумдонҳои оҳак дар ин ноҳия муҳити зистро олудаву зиндагиашонро сахт кардааст. Мақомот ба соҳибони хумдонҳо тавсия додаанд, ки ҳарчӣ зудтар ба сӯзишвории алтернативӣ гузаранд, ё дар хумдонҳо таҷҳизоти поксозӣ насб кунанд.

Дар як танӯр дар як баст то 40 тонна оҳак мепазанд ва барои ин чаҳор рӯз беист оташ мемонанд. Муҳити инҷо на фақат аз дуд, балки аз партови ҳосилшуда ҳам осеб мебинад.

“Дару тирезаи баста ҳам кумак намекунад”

Ёқубалӣ Қурбонов, коршиноси ҳифзи муҳити зист, рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз хумдонҳо дуди ғализ баромада, натанҳо ба сокинони атроф, балки олами набототу ҳайвонот ҳам таъсир мерасонад.

Муҳаммадзариф Ғаниев, сокини деҳаи Хумдон, аз бемории қанд ва фишор ранҷ мекашад. Ӯ гуфт, шаби дароз дуд нафас мегиранд ва дару тирезаи баста ҳам кумак намекунад. “Кӯдаки бечора чиро медонад. Вақте субҳ мехезад, даҳону биниаш сип-сиёҳ аст”, - гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Дар як баст 40 тонна оҳак мепазанд”

Танӯрҳои оҳакпазиро 50 сол пеш дар маҳалли кони оҳак ва наздик ба деҳаи Хумдон сохтанд. Аз 60 танӯри оҳакпазӣ фақат 30-тояш кор мекунад. Дар як танӯр дар як баст то 40 тонна оҳак мепазанд ва барои ин чаҳор рӯз беист оташ мемонанд. Муҳити инҷо на фақат аз дуд, балки аз партови ҳосилшуда ҳам осеб мебинад. Эколог Ёқубалӣ Қурбонов мегӯяд, “вақте боронгарӣ аст ё барфҳо об мешаванд, хокистари оҳак ба дарё меравад.”

Муҳаммадзариф Ғаниев
Муҳаммадзариф Ғаниев

Танӯр ё хумдонҳо ба 4 ширкат тааллуқ доранд, ки иҷозаи корро аз ҳама ниҳодҳо гирифтаанд. Барои оҳакпазӣ онҳо ҳамагуна партовҳоро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд, ки дуди ғафсу ғализ доранд. Исмоил Ҳакимов, яке аз коргарони хумдонҳои оҳак гуфт, “балону мазут, резин ва ҳар чизеро, ки ёфтем, оташ мегиронем.”

Мақомот: Мардум шикоят карданд

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардум аз ҳавои муҳити олуда ба онҳо шикоят кардаанд ва мутахассисон мунтазам ҳавои онҷоро месанҷанд. Ҳабибуллоҳ Қодиров, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, гуфт, “дуди ғализ ҳарчанд хонаҳои мардум ва боғҳоро сиёҳ мекунад, вале заҳровар нест. Таъсираш ба монанди таъсире нест, ки ҳангоми сӯхтани бензин аз мошин хориҷ мешавад”

Бо вуҷуди ин, ба гуфти мақомот, онҳо ба ширкатҳо тавсия доданд, ки ё ба сӯзишвории алтернативӣ гузаранд, ё таҷҳизоти поксозӣ насб кунанд. “Ҳатто пешниҳоди мо буд, ки хумдонҳоро ба мавзеи дуртар аз аҳолӣ бикӯчонанд”, - гуфт Ҳабибуллоҳ Қодиров.

Ягона коре, ки аз дасти Исмоил меояд, пӯхтани оҳак аст

Соҳибони хумдонҳо ҳоло барои таҷҳизоти нав ва ё кӯч додани хумдонҳо пул надоранд ва мегӯянд, кӯч додан метавонад, қимати оҳакро дар бозор боло барад. Мақомот мегӯянд, бинобар сабаби аҳамияти иқтисодии корхонаҳо барои мардуми минтақа, шояд аз баҳри кӯчондани ин танӯрҳои зиёновар бигзаранд.

Ҳабибуллоҳ Қодиров гуфт, “аз тарафи дигар ягона мавзеъ ҳаст, ки на танҳо аҳолии вилоят, балки минтақаҳои дигарро бо оҳаки арзон таъмин мекунад. Ягона ҷойи кори сокинони атроф аст.”

Исмоил Ҳакимов
Исмоил Ҳакимов

Исмоил Ҳакимов, сокини 67-солаи деҳаи Хумдон, 40 сол аст, дар инҷо кор мекунад. Дар оила 15 нафаранд ва ягона коре, ки аз дасти Исмоил меояд, пӯхтани оҳак аст. Ду писару ду наберааш бо ӯ кор мекунанд.

“Ба куҷо ҳам биравем?”

Ӯ мегӯяд, ҳудуди 600 нафар ризқи худро аз ҳамин танӯрҳо меёбанд. “Дигар ягон заводу фабрикае нест, ки бачаҳо рафта кор кунанд. Ба ҳамин ҳам Худоро шукр гуфта кор мекунанд. Дигар куҷо раванд? Баъзеашон барои ба Русия рафта кор кардан шароит надоранд”, - таъкид кард Исмоил Ҳакимов.

Бо ин ҳол, экологҳои мустақил таъсири танӯрҳои оҳакпазии ноҳияи Хуросонро бисёр нигаронкунанда меҳисобанд ва мехоҳанд, зиёни оҳакпазӣ ҳарчӣ зудтар бартараф шавад. Ёқубалӣ Қурбонов гуфт, дуди ғализи хумдонҳо ҳатто мояи ба касалиҳое ба мисли диққи нафас, сил ва саратон хоҳад буд.

Аз як сӯ – манофеъ, аз тарафи дигар – мушкилот

Соҳибони хумдонҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки корашон бар асоси тамоми меъёру муқаррарот аст. Сокинон ҳам ноилоҷ аз ҳавои олудаву заҳрогин нафас мегиранд ва барои қатъи кор дар инҷо пофишорӣ намекунанд, зеро метарсанд, ки ҳамдеҳагонашон бекор мемонанд.

Манофеи иқтисодӣ аз як тараф, мушкилоти иҷтимоии зиёд аз тарафи дигар сабаб шудааст, ки оташи хумдонҳо хомӯш нашавад ва Муҳаммадзарифу набераи хурдсолаш ҳар рӯз аз дуди сиёҳу ғализ ва ҳавлнок нафас бигиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG