Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуди "Роҳи тоҷик" сокинони ду маҳаллаи Ҳисорро ба дод овардааст. ВИДЕО


Шикояти сокинони ду маҳалли Ҳисор аз дуди корхонаи "Роҳи тоҷик"
Шикояти сокинони ду маҳалли Ҳисор аз дуди корхонаи "Роҳи тоҷик"

Дар Ҳисор сокинони ду маҳаллаи наздик ба маркази шаҳр аз олудагии ҳавои маҳаллаашон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, медонанд, вале пандемияи COVID-19 монеи ҳалли мушкилӣ шудааст.

ДУД АЗ КУҶО МЕОЯД?

Сокинони маҳаллаҳои Сохтмочиён ва Кӯчабоғ дар Ҳисор аз фаъолияти як коргоҳи истеҳсоли асфалт дар канори деҳаашон шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, дуди ғализе, ки аз корхона берун мешавад, хонаҳояшонро пур аз гард карда, ба саломатиашон хатар эҷод намудааст.

Ҳамсоягии ин коргоҳ бо маҳалли зисти сокинон таърихи дерина дорад, вале дуди ғализи сиёҳ якуним сол инҷониб хориҷ мешавад. Масъулони коргоҳ гуфтанд, бо сабаби пандемия ва баста будани марзҳо наметавонанд дастгоҳҳои ҳавотозакуниро ворид карда, мушкилро ҳал кунанд.

Мақсадой Раҳмонова, сокини маҳаллаи Сохтмончиён, гуфт, дуди ғализ аз коргоҳи асфалти ширкати “Роҳи тоҷик” аст, ки дар канори деҳаи онҳо фаъолият мекунад ва зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дуд аз мӯриҳои коргоҳи истеҳсоли асфалт асосан шабона хориҷ мешавад ва зоҳиран масъулон мехоҳанд олуда шудани ҳаворо аз чашми мардум пинҳон кунанд.

"ХУБ ГУФТАНД, ВАЛЕ БОЗ БА КОРАШОН ИДОМА ДОДАНД"

“Як шаб дигар ноилоҷ ба корхона рафтем. Гуфтем, ки дигар кор накунад, чун ҳоли моро бад кардааст. Хуб гуфтанд ва дастгоҳҳоро хомӯш карданд. Пас аз он ки ба хона расидем, дубора ба кор идома доданд ва дуди ғализ мисли пешина ба ҳаво мепечад”, -- нақл кард ӯ.

Ба монанди ӯ, аксар сокинони ин ду маҳаллаи Ҳисор аз фаъолияти ба қавли худашон пурзарари коргоҳ розӣ нестанд. Муҳаррам Аминова, сокини маҳаллаи Кӯчабоғ, мегӯяд, аз дуди сиёҳи коргоҳ бемории ҷоғар шудааст. “Дигар мадоре надорам, ки баромада, дуди сиёҳи рӯи ҳавлӣ ва деворҳои хонаро пок кунам”, -- гуфт ӯ.

Дуд рӯзи сокинони ду маҳаллаи Ҳисорро "сиёҳ" кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Сокинони ин маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шикояти батакрори онҳо ба мудирияти корхона натиҷа надодааст. Онҳо маҷбур шудаанд, ба идораи ҳифзи муҳити зист ва ҳукумати шаҳр арз кунанд.

Дар ин сурат ба корхонаҳое, ки ҳаворо аз меъёри муқарраршуда бештар олуда мекунанду зиён мерасонанд, барои рафъи мушкилӣ ҳушдор дода мешавад. Онҳое, ки қонунро риоят намекунанд, ҷарима баста мешаванд.

"РОҲБАРАШРО ПАЙДО НАКАРДЕМ"

Амриддин Беков, корманди идораи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати шаҳри Ҳисор, рӯзи 21-уми октбяр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пештар аз ин дар пайи шикояти сокинон аз фаъолияти корхона огоҳ шуданд.

Ӯ гуфт: “Баъд аз шикояти сокинон чанд дафъа ба корхона рафтем, аммо рӯзона корхона фаъолият надорад ва роҳбарашро пайдо накардем. Талош дорем, ки раиси корхонаро ёфта, дар ин бора суҳбат кунем."

Бино ба маълумоти пешакӣ, корхонаи асфалт барои об кардани мум аз мазут ҳамчун сӯзишворӣ истифода мекунад.

Рӯзи 22-юми октябр ҳангоми ҳузури хабарнигорони Радиои Озодӣ дар назди коргоҳ ду кормандаш интизори мудир буданд. Абдулло Нозиров, як масъули корхонаи истеҳсоли асфалти ширкати “Роҳи тоҷик” мушкилро ба куҳна будани баъзе аз таҷҳизот рабт дод ва гуфт, бояд онҳоро аз Куриёи Ҷанубӣ биоранд.

Сокинон мегӯянд, ҳар рӯз аҳвол ҳамин аст
Сокинон мегӯянд, ҳар рӯз аҳвол ҳамин аст

ДАСТГОҲҲОРО КАЙ ИВАЗ МЕКУНАНД?

“Пандемияи COVID-19 ва баста будани роҳҳо боис шуд, ки натавонистем саривақт дастгоҳҳои ҳавотозакуниро иваз кунем. Маҷбур будем, ки корҳои нопурраи худро иҷро кунем. Аз ин рӯй, рӯзона не, балки шабҳо кор мекардем”, -- шарҳ дод ӯ.

Ҳоло сокинон умед доранд, масъулон ба мушкилашон расидагӣ мекунанд. Маъмурияти корхона низ гуфтанд, ба зудтарин фурсат қисмҳои ҳавотозакунии корхонаро иваз мекунанд.

Дар зимн, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон чанд сол пеш корхонаи асфалти ширкати "Роҳи тоҷик"-ро дар баробари ду ширкати дигар ба рӯйхати корхонаҳои "ҳукмфармо" дар бозори истеҳсоли асфалт ворид карда буд.

XS
SM
MD
LG