Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?


Дар як минтақаи дурдаст, наздик ба Долони Вахон, начандон дур аз марзи кӯҳистони Тоҷикистон ва минтақаҳои шимолу шарқи Афғонистон, ҷоҳталабиҳои Чин дар ҳоли мутобиқ шудан бо воқеиятҳои нав аст.

Тибқи мушоҳидаҳо, дар назди як посгоҳи кӯҳнаи Шӯравӣ, тақрибан 5 сол боз сарбозони чинӣ ин макони стратегиро тавассути бинову манораҳои баланд назорат мекунанд. Дидбонгоҳи назоратии амниятӣ ҳамчун як ҳузури қавии Чин дар минтақа ба хотири пеширӣ аз таҳдидҳо аз Афғонистон дониста мешавад.

Ҳарчанд ҳам ҳукумати Чин ва ҳам Тоҷикистон ҳузури пойгоҳ ва кормандони чиниро расман рад мекунанд, як манбаъи Радиои Озодӣ ҳангоми боздид аз минтақаҳои наздик ба пойгоҳ ва атрофи он изи пойи низомии Пекинро дар Осиёи Марказӣ мушоҳида кард. Он дар шабу рӯзи тасарруфи Афғонистон аз сӯйи "Толибон" рӯшантар шудааст.

Аз суҳбат бо мақомдорони ҳукумати собиқи Афғонистон ва мансабдорони тоҷик, сокинони атрофи пойгоҳи низомии махфии Чин, таҳлилгарони умури минтақа ва мушоҳидаҳои хабарнигорон, мешавад чунин бардошт кард, ки Чин нақши худро дар масоили амнияти минтақа ба оҳистагӣ тағйир медиҳад. Вале ин нақш барои Пекин ба осонӣ ба даст намеояд ва торафт мураккабтар мешавад.

Нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар сарҳад посбонии муштарак анҷом медиҳанд, 17-уми сентябри соли 2017
Нерӯҳои Тоҷикистону Чин дар сарҳад посбонии муштарак анҷом медиҳанд, 17-уми сентябри соли 2017

Чин равобити пуртаниши ҳукумати Тоҷикистон ва «Толибон»-ро бодиққат пайгирӣ дорад ва барои ҳамкорӣ бо низоми нав дар Афғонистон роҳ меҷӯяд. Ҳадаф ҳимоя аз манфиатҳои худ дар минтақа, махсусан, дар масъалаи ифротгароёни уйғур дар Афғонистон аст, ки Пекин онҳоро дар ҳамлаҳо ба ғарби вилояти Шинҷон гунаҳкор медонад.

Хаюн Ма, муҳаққиқи Донишгоҳи Давлатии Фротсбург, ки мавзӯи равобити Пекин бо кишварҳои Осиёи Марказиро меомӯзад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Вазъ дар Афғонистон барои Чин нороҳаткунанда аст. Низоми «Толибон» бо террористон, аз ҷумла гурӯҳҳои ҷангҷӯи уйғур иртибот дорад, вале Пекин роҳу имкониятҳоеро меомӯзад, ки то куҷо метавонад, бо онҳо ҳамкорӣ кунад.”

Тафсилот дар бораи пойгоҳи махфии низомии Чин дар Тоҷикистон, аз ҷумла маълумот дар бораи моликону маблағгузории он маълум нест. Дақиқан мисли он ки миссия ё рисолати аслии ин пойгоҳи мустақар дар марзи Тоҷикистону Афғнистон ҳам норӯшаниҳо дорад.

Аммо сокинони маҳаллӣ нақл мекунанд, ки пайваста парвози дронҳои низомиро дар фазои ин минтақа мушоҳида мекунанд. Ҳамчунин онҳо аз насби таҷҳизоти назоратӣ дар он ҷо хабар медиҳанд. Хабарнигори Озодӣ натавонист мушаххас кунад, ки парвози дронҳоро кадом кишвар назорат мекунад, аммо истифодаи он аз он дарак медиҳад, ки ин минтақа таҳти назорати шадид аст.

Тасвири моҳвораии маҳалли низомӣ дар наздикии Шаймак пеш аз омадани Чин.
Тасвири моҳвораии маҳалли низомӣ дар наздикии Шаймак пеш аз омадани Чин.

Ду сокини маҳаллӣ, ки чанд бор аз мавзеи ҷойгиршавии пойгоҳ ва худи он дидан кардаанд, ба шарти махфӣ нигоҳ доштани номашон гуфтанд, дар ин иншоот чиниҳо, афғонҳо ва тоҷикон кор мекарданд. Тибқи созишнома, ҷамъоварии маълумот ва пешниҳоди он ба ҳар се ҷониб иҷозат аст.

Аммо бозгашти «Толибон» ба сари қудрат дар Кобул ин ҳамкориҳоро халалдор кардааст. Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, ҳайати коргарони афғони пойгоҳ аз замони тасарруфи Кобул аз сӯйи «Толибон» дар рӯзи 15-уми августи имсол иваз нашудааст. Низомиёни афғон қаблан ҳар ду моҳ якдигарро иваз мекарданд, вале ҳоло дар иншоот танҳо сарбозони тоҷику чинӣ кор мекунанд.

Ин барои Пекин боз як дардисари дигар аст. Зеро Чин мехоҳад, ҳузури худро дар Тоҷикистон тақвият диҳад ва ба вазъи тағирёбандаи Афғонистон худро мутобиқ созад. Махсусан ба ин ки то куҷо «Толибон» омодаанд, дар мубориза бо терроризм бо Пекин ҳамкорӣ кунад.

Пекин даҳсолаҳо бо «Толибон» муносибати прагматикӣ ва гоҳе ногувори корӣ дошт. Рӯзи 4-уми октябр Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар сохторҳои низомии Тоҷикистону Афғонистон хабар дод, ки "Толибон" ҷангҷӯёни уйғурро аз минтақаи наздик ба марзи Чин ба дигар тараф интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ин ҷангҷӯён узви Ҳизби Исломии Туркистон, як гурӯҳи экстремистӣ аст, ки Пекин онро дар бетартибиҳои Шинҷон гунаҳкор медонад ва аз он Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ ном мебарад.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, яке аз бунёдгузорони "Толибон" (аз чап) ва Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин ҳангоми мулоқот. 28-уми июли 2021
Мулло Абдулғанӣ Бародар, яке аз бунёдгузорони "Толибон" (аз чап) ва Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин ҳангоми мулоқот. 28-уми июли 2021

«Толибон» ба ҷангҷӯёни уйғур дар замони ҳукмронии қаблии худ, дар солҳои 1990 иҷозаи фаъолият дода буд ва тавре ба назар мерасад, ҳанӯз ҳам онҳо бо ҳам робита доранд. Чин борҳо аз Толибон талаб кардааст, ки ҳамагуна муносибат бо ин ҷангҷӯёнро қатъ кунад. Ҳоло маълум нест, ки «Толибон» ин ҷангҷӯёнро ба Чин месупорад ё не.

Манбаи Озодӣ дар як ниҳоди низомии Тоҷикистон гуфт: «Масъала ин аст, ки оё тавре Чин интизор аст, «Толибон» метавонад, шарики боэътимод бошанд? Бо таваҷҷӯҳ ба идеологияи «Толибон» мешавад, хулоса кард, ки фаъолияти «Толибон» дар ҳамкорӣ бо Пекин маҳдудият хоҳад дошт”, – гуфт Хаюн Ма, коршиноси масоили Чин ва минтақа.

ПОСГОҲЕ ДАР МАРЗҲОИ ҒАРБИИ ЧИН

Агарчӣ истиқрори нерӯи Чин дар Тоҷикистон як қадами рамзӣ ва стратегии Пекин барои бозии калон дар масоили амниятии минтақа аст, аммо ин нерӯҳо "хоксорона" дар маҳалли дурдасте, дар 132-километрии ноҳияи Мурғоб, ҷойгиранд.

Пойгоҳи ғайрирасмӣ як қисми густариши нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии Чин дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ низ ҳаст, ки солҳои охир зери номи Ташаббуси чанд миллиарддолларии “Як камарбанд – Як роҳ” амал мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон аз муштоқони ин тарҳ аст.

Чин барои рушди робитаҳои низомии худ бо минтақа, бо кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон тамринҳои муштарак баргузор карда, соли 2001 Созмони Ҳамкории Шонгҳойро зери раҳбарии Пекин ташкил дод. Ба ин созмон Қазоқистону Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомиланд.

Бино ба гузориши “South China Morning Post”-и Ҳонконг аз соли 2018, Чин дар Долони Вахон як гуруҳ аз афғонҳоро маблағгузорӣ ва таълим додааст. Пекин ин гузоришро инкор кард ва гуфт, урдугоҳе насохтааст ва "дар хоки Афғонистон низ ягон низомии Чин нахоҳанд буд." "Чин мубориза бо терроризмро роҳи муассири ҳалли нигарониҳо ва густариши нуфузаш дар Осиёи Марказӣ медонад", -- гуфт Ма.

Тақвияти ҳузури амниятии Чин қисман ба тамоюлаш барои ҳифзи сармоягузориҳо ва истифодаи Осиёи Марказӣ ба зидди ифротгароӣ дар Шинҷон вобаста аст. Ҷойе, ки Чин зиёда аз як миллион уйғур, қазоқу қирғиз ва ақаллиятҳои дигари мусулмонро дар “урдугоҳҳои бозтарбия” маҷбурӣ нигоҳ медорад.

Ҳукумати Чин барои поймол кардани ҳуқуқи одамон дар Шинҷон бо танқидҳои сахти байнулмилалӣ дучор шудааст. Баъзе аз порлумони кишварҳои ғарбӣ Пекинро ба наслкушӣ низ муттаҳам карданд, вале Чин саркӯбҳояшро барои пешгирӣ аз ифротгароии исломӣ дар минтақа зарурӣ донист.

Таваҷҷуҳ ба қазияи Шинҷон дар ҷойгиршавии нерӯҳои Чин дар Тоҷикистон мунъакис шудааст.

Гузориши нашрияи амрикоии “Вашингтон Пост” дар соли 2019 нишон дод, ки кормандони чинӣ дар “посгоҳи хоксорона” дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аз Артиши Озодихоҳи Халқ, нерӯи асосии низомии Чин, фарқ мекунанд. Онҳо воҳидҳои ниманизомӣ буданд, эҳтимол аз Пулиси Мусаллаҳи Мардумӣ.

Ин воҳиди ниманизомӣ дар солҳои охир бо низомиёни Осиёи Марказӣ тамринҳо анҷом дода, афсаронро дар академияҳои омӯзишии худ мизбонӣ кардааст. Пулиси Мусаллаҳи Мардумӣ дар саркӯби уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар Шинҷон низ нақши намоён бозидааст.

Нигарониҳо дар бораи марзи рахнапазири Афғонистон ва Тоҷикистон низ боиси созишномаи махфии ду кишвар шудаанд. Нашрияи The Wall Street Journal дар соли 2019 хабар дод, ки ба Чин ҳуқуқ дода шудааст, аз 30 то 40 посгоҳеро, ки қаблан дар марзи Тоҷикистон вуҷуд доштанд, таъмиру бозсозӣ кунад.

Тибқи ин гузориш, созишномаҳои эҳтимолӣ боис шудааст, ки кормандони чинӣ дар бахшҳое аз марзи тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон ҳамтоёни тоҷики худро иваз кунанд. Як мақоми тоҷик ин хабарро ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

"Шумораи ҷангҷӯёни уйғур андак аст ва Чин дар мавриди онҳо муболиға кардааст. Аммо Афғонистон акнун ин потенсиал ё зарфиятро дорад, ки ба унвони як оҳанрабо ва паноҳгоҳи амн ба гуруҳҳои гуногуни ҷиҳодӣ табдил шавад", -- гуфт Даниэл Марки, корманди пешини Департаменти давлатӣ (Вазорати умури хориҷӣ) ва коршиноси Осиёи Ҷанубӣ дар Донишкадаи сулҳи Амрико ба Радиои Озодӣ.

“Чин далели барҳақ дорад, ки бихоҳад марзи заминии худро беҳтар бубинад”, -- илова кард ӯ.

"ҶАНГИ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ"-И ЧИН

Стратегҳо ва сиёсатгузорони низомии Чин муддатҳо аз он нигарон буданд, ки таҳдидҳои билқувваи ифротгароён дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ба Чин "сироят" накунад.

Бино ба санадҳое, ки нашрияи The New York Times соли 2019 ба даст овард, Си Ҷинпин, раҳбари Чин, соли 2014 дар суханронияш ба раҳбарони Ҳизби коммунист ҳушдор додааст, ки низоъ дар Афғонистон ва Сурия метавонад, ба Шинҷон бевосита таъсир расонад ва хатарҳоро барои Чин афзоиш диҳад.

Ҷинпин гуфтааст, уйғурҳо дар ҳарду кишвар меҷанганд ва метавонанд, ҳамчун размандагони ботаҷриба ба ғарби Чин баргашта, барои истиқлоли зодгоҳашон, ки Туркистони Шарқӣ меноманд, фишор биоранд.

Сарбозони Артиши Озодихоҳи Чин дар наздикии кӯҳҳои Помир, дар Қошғари Шинҷон, машқ мекунанд
Сарбозони Артиши Озодихоҳи Чин дар наздикии кӯҳҳои Помир, дар Қошғари Шинҷон, машқ мекунанд

"Пас аз он ки Иёлоти Муттаҳида нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мебарад, созмонҳои террористие, ки дар сарҳади Афғонистон ва Покистон ҷойгиранд, метавонанд, зуд ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд", -- гуфт раҳбари Чин. "Террористони Туркистони Шарқӣ, ки дар Сурия ва Афғонистон омӯзиши воқеии ҷангӣ дидаанд, метавонанд, дар ҳар вақт дар Шинҷон ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд", -- иддао кард ӯ.

"Чунин нигарониҳо сабаб шуданд, ки Пекин мавқеи ҳозираи худро дар Тоҷикистон тақвият диҳад”, -- гуфт Эдвард Лемон, коршиноси Осиёи Марказии Донишгоҳи Техас A&M ба Радиои Озодӣ.

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

Ӯ афзуд, “бунёди пойгоҳ аз ҷониби Чин ба он хотир буд, ки ин кишвар марзашро бо Тоҷикистон нуқтаи сусте медонист, ки ҷангҷӯёни уйғур аз Афғонистон метавонистанд, онро гузаранд”.

Пекин даҳсолаҳо боз талош дорад, ҳама гуна эътирози уйғурҳоро пахш кунад. Уйғурҳои туркзабон дар вилояти Шинҷони Чин, ки 25 миллион аҳолӣ дорад, аксариятро ташкил медиҳанд ва солҳост, ки аз нигоҳи фарҳангӣ ва динӣ табъиз мешаванд.

Талош барои сохтани як давлати мустақил солҳо уйғурҳоро зери фишори сахти Чин қарор дод ва ин боис шуд, ки дар қиболи ин сиёсати зӯроварона нисбат ба як қавм пайдоиши як гуруҳи тундгароро шакл диҳад.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта Ҳаракати исломии Туркистон, як гуруҳи мусаллаҳи уйғурҳо, ки ҳадафашон истиқлолталабӣ аз Чин буд, дар Афғонистон пайдо шуд ва “Толибон” аз онҳо пуштибонӣ карданд. Пекин дертар, замоне ки ҳукумати “Толибон”-ро Мулло Умар раҳбарӣ мекард, бо онҳо тамос гирифт ва ин гуруҳ уйғурҳоро ба минтақаи дигар кӯчонд ва фаъолияти ҷангҷӯёнро маҳуд кард, вале аз супурдану истирдоди онҳо ба Чин худдорӣ варзид.

Пекин Ҳаракати Исломии Туркистонро дар тарҳрезии ҳамлаҳо дар хоки Чин борҳо гунаҳкор кардааст, вале аз ин гуруҳ, пас аз он ки раҳбараш дар соли 2003 кушта шуд, чанд муддат сару садои зиёде шунида нашуд.

Танҳо соли 2008, гуруҳе, ки худро Ҳизби Исломии Туркистон меномад, дар наворе таҳдид кард, ки замони баргузории Олимпиадаи тобистона дар Чин, ки он сол дар Пекин баргузор мешуд, ҳамла анҷом хоҳад дод. Ҳизби Исломии Туркистон худро вориси Ҳаркати Исломии Туркистон медонад, ҳарчанд мақомоти Чин онро бо номи куҳнааш мешиносанд.

ҲИТ дар пайи тарки ҳазорон уйғуртабор аз Чин ба Сурия дар ин кишвари Ховари Миёна қавӣ шуд ва ҳоло тарс ин аст, ки онҳо имкони аз Афғонистон ё дигар нуқтаҳои марзӣ вориди Чин мешаванд.

Дар ҳоле ки таҳлилгарони ғарбӣ тавоноии ҷангҷӯёни уйғуррро барои анҷоми ҳамла дар хоки Чин зери суол мебаранд, афзоиши эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Шинҷон, аз ҷумла шӯриши қавмии соли 2009 ва ҳамлаи моҳи майи соли 2014 дар назди бозор, ки 39 кушта бар ҷой гузошт, ба оташи саркӯбгарии Пекин дар баробари уйғурҳо равған рехтааст.

Ин саркӯбгариҳо дар дохил номи “ҷанги мардумӣ” дар қиболи терроризмро гирифт, ки он ба таъсиси урдугоҳи бозтарбия дар Шинҷон расонд. Дар хориҷ, Чин маъракаи фишор, тарс додан ва аз истирдоди уйғурҳоро аз кишварҳои дигари ҷаҳон рӯйи даст гирифт.

Дар таҳқиқоте, ки Тарҳи Дифоъ аз Ҳуқуқи инсонии уйғурҳо ва Бунёди Oxus барои Осиёи Марказӣ анҷом додааст, зикр мешавад, аз соли 1997 то ҳол ба камияш 395 уйғур аз кишварҳои дигар ба Чин истирдод шудаанд. Муаллифон гуфтаанд, ин рақам метавонад ба маротиб бештар бошад.

ШАРИКИИ ПУР АЗ МУШКИЛ

Ҳузури ғайрирасмии Чин дар Тоҷикистон бештар ба таҳдидҳои ҷангҷӯён марбут аст, аммо пойгоҳ ва барномаҳои мубориза бо терроризми Чин ба робитаи печидаи ин кишвар бо Русия ва инчунин муносибати сарди миёни “Толибон” ва Тоҷикистон низ пайванд дорад.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Русия худро ҳамчун кафили амният дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард ва ин минтақаро чун бахше аз минтақаи зери нуфузи худ медонад, ҳарчанд Кремл зоҳиран омодааст, ҳузури иқтисодии Чинро пазирад.

Кормандони полис дар назди масҷид дар Қошғари Шинҷон
Кормандони полис дар назди масҷид дар Қошғари Шинҷон

Маскав дар Тоҷикистон бо ҳафт ҳазор сарбоз пойгоҳи низомӣ дорад ва пас аз қудрат гирифтани “Толибон” пойгоҳи худро бо аслиҳаи навтар мусаллаҳ кард.

Бо эҳтиёт аз Маскав, Чин низ ҳузури худро дар Тоҷикистон густариш дод. Дар соли 2017 Маркази Тадқиқотии Рушд, як маркази бонуфузи таҳлилии мустақар дар Пекин, ки ба ҳукумати Чин наздикӣ дорад, гуруҳе аз пажӯҳишгарони русро барои таҳқиқи вокунишҳо ба густариши амниятии Чин дар Тоҷикистон ҷалб кард.

Александр Габуев, ходими калони Маркази Карнегӣ дар Маскав, яке аз он пажӯҳишгарон буд. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, суҳбатҳои хусусӣ бештар ба шарҳи ангезаи Чин ба хотири ҳузури иқтисодӣ пайванд дошт, на ба хотири ҳузури низомӣ.

Александр Габуев
Александр Габуев

Габуев гуфт, ҳадаф ин буд, ки Чин фаҳмад, ки Русия кадом амалашро дар Тоҷикистон таҳаммул мекунад ва кадомеро не. Аз ҷумла, ин пурсиш дар миён буд, ки ҳузури коргарони чинӣ дар Тоҷикистон то кадом андоза барои Русия қобили қабул аст.

Ба бовари Габуев, Русия ва Чин аз ноамнӣ дар Афғонистон нигаронанд ва метарсанд, ки ин кишвар ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ табдил меёбад. Бо вуҷуди ин, Кремл аз аввал омадани низомиёни Чинро ба Осиёи Марказӣ намехост.

“Пойгоҳ барои Русия ғайриинтизор буд. Маскав хуб медонад, ки ҳузури низомии Чин танҳо бо Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Кремл намехоҳад, ки ҳузури Чин дар минтақа тавсеа ёбад. Аммо акнун, ки Чин аллакай дар он ҷо ҳузур дорад, онҳо барои ҳамкорӣ кӯшиш хоҳанд кард", - мегӯяд Габуев.

Чин ва Русия то ҳол барои таҳкими амнияти худ дар атрофи Афғонистон ва ҳамкории эҳтиёткорона бо «Толибон» талош доштанд. Шиддат гирифтани танишҳо байни Кобул ва Душанбе амалисозии ҳадафҳои Пекинро дар минтақа боз ҳам мушкилтар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти худкомаи Тоҷикистон, "Толибон"-ро ба “хушунати даҳшатбор” нисбат ба мардуми Афғонистон гунаҳкор кард ва гуфт, ҳукумати "Толибон"-ро, ки қавмҳои дигарро қабул надорад, эътироф намекунад. Ҳамчунин дар ин муддат чанд сиёсатматору мансабдори ҳукумати собиқи Афғонистон меҳмони Душанбе шуданд.

Душанбе бонги хатар зад, ки ҷангҷӯёни тоҷики Афғонистон дар марз бо таҷҳизоти муосир мусаллаҳ шуда, талоши гузаштан аз марзро доранд. Ин ҳама боиси сар задани таниш байни ду ҷониб шуда, хатари эҳтимолии хушунатҳоро дар сарҳад бештар кардааст.

Дар пай Абдусалом Ҳанафӣ, иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири “Толибон” ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, “вагарна ҳар кор пайомад дорад”.

Ин вазъ аз ҷониби Кремл бе вокуниш намонд. Маскав эълон кард, ки дар сурати ҳамагуна ҳамла аз Афғонистон, ба Тоҷикистон кумак ва аз ин кишвар ҳимоят хоҳад кард.

Ба андешаи Эдвард Лемон, дар ҳоли ҳозир, хатари сар задани муноқишаи низомӣ байни ду ҷониб кам аст, аммо боло рафтани танишҳо байни ду кишвар барои Пекин хушоянд нест. Ба гуфтаи вай, “агар нооромӣ дар минтақаи ҳузури нерӯҳои низомии Чин сар занад, ин кишвар (Чин) дар ҳолати душвор қарор мегирад.”

ОМОДАГӢ БА ДАВРАИ НАВ

Бар асари таркишҳои маргталабона дар рӯзи 8-уми октябр дар масҷиди Гузари Саидобод, воқеъ дар шимоли шаҳри Кундуз, ба камияш 50 нафар кушта, 140 кас ҷароҳат бардошт. Ин ҳамлаи маргбор баъди хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон сурат гирифт.

Шохаи «Хуросон»-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ» ё ДОИШ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. Ҷангҷӯёни гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон бо ҳукумати "Толибон" мухолифати шадид доранд.

"Аъмоқ нюз", пойгоҳи таблиғотии ин гурӯҳи даҳшатафкан эълон кард, ки ҳамлагар як ҷангии уйғур буд, ки ба хотири ҳамкории «Толибон» бо Чин барои рондану азият додани уйғурҳо аз Афғонистон, ба ин гурӯҳи террористӣ шомил шуда, таркиш анҷом додааст.

Ҳарчанд воқеияти ин иттилоъ ва шахсияти ҳамлагар, аз тариқи манбаъҳои дигари мустақил, тасдиқ нашудааст, ба бовари аксар таҳлилгарон ин барои Чин, ки барои мубориза бо терроризм дар Афғонистони нав дасту остин бар задааст, мушкили ҷиддӣ аст.

Пойгоҳҳо дар Тоҷикистон ва талоши Пекин ба таъмини амнияти марзҳои худу ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо дар дохили кишвар равона шудаанд. Ба далели он ки ҳадаф қарор додани бевосита худи Чин мушкил шудааст, аксар ҷангҷӯён акнун ба ҳадафҳои Чин, ки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро фаро мегирад, рӯ овардаанд.

Хадамоти амнияти Қирғизистон гуфт, таркиш дар сафорати Чин дар Бишкекро соли 2016 як ҷангҷӯи уйғур анҷом додааст ва онро «Ҷабҳаи Нусра»-и созмони террористии «Ал-Қоида» маблағгузорӣ кардааст. Ҳамзамон ДОИШ масъулияти дуздӣ ва куштори ду омӯзгори чиниро дар соли 2017 дар Покистон ба уҳда гирифт.

Як узви нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар наздикии маҳалли таркиш дар назди сафорати Чин дар Бишкек, 30-юми августи соли 2016
Як узви нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар наздикии маҳалли таркиш дар назди сафорати Чин дар Бишкек, 30-юми августи соли 2016

Покистон ҳам, ки тавассути тарҳи долони иқтисодии Чин аз сӯйи Чин сармоягузорӣ шудааст, моҳи июл ва август шоҳиди ҳамлаҳои бераҳмона, аз ҷумла ду таркиш аз ҷониби гурӯҳҳои мухталиф ба коргарони чинӣ шуд.

Бомбгузорӣ дар Кундуз ва ҳамлаҳои маргбор дар тамоми минтақа аз афзоиши аъзои гурӯҳҳои ҷангҷӯе, ки талошу манфиатҳои Пекинро ҳадаф қарор додаанд, дарак медиҳад. Ва низ баёнгари он аст, Пекинро роҳи душворе дар пеш аст, зеро «Толибон»-ро барои ҳамкорӣ ба зидди гурӯҳҳои террористӣ махсусан ҷангҷӯёни уйғур даъват дорад.

Ба гуфтаи Ма, агар бо пофишориҳои Чин, «Толибон» ҷиддан зидди ҷангҷӯёни уйғур бархезанд, метавонанд, “бо эҳсоси хатар бо гурӯҳҳои дигаре ба мисли ДОИШ ҳамроҳ шаванд.”

“Агар Шумо «Толибон»-ро ба ҳамкорӣ маҷбур кунед, қонунияти онҳоро аз байн мебаред ва нуфузу назорати онҳо аз болои ҷангҷӯён камтар мешавад. Ин як дилема ё муаммои хеле ҷиддӣ барои Чин аст”, – гуфт Ма.

  • Акси 16x9

    Рид Стэндиш

    Рид Стэндиш рӯзноманигорест, ки масъалаҳои Русия ва Авруосиёро бозтоб медиҳад. Вай қаблан барои маҷаллаи Foreign Policy дар Маскав кор мекард ва борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG