Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди омадани Толибон... Чин аз Афғонистон чӣ мехоҳад?


Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин (рост) бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар. Чин, 28-уми июли 2021
Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин (рост) бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар. Чин, 28-уми июли 2021

Пас аз ишғоли ногаҳонии қудрат дар Афғонистон аз тарафи «Толибон», Чин барои мулоқот бо намояндагони нави Кобул омодагӣ мегирад.

Чанд соат баъди он ки ҷангҷӯёни «Толибон» пойтахти Афғонистонро ишғол карданд, Вазорати корҳои хориҷии Чин вокуниши фаврӣ нишон дод. Дар он гуфта шудааст, ки Пекин ба "ҳамкории дӯстона" бо Афғонистон омодааст ва ният дорад, дар бозсозии ин кишвари ҷангзада "нақши созанда" бибозад.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин 16-уми август гуфт: "Бо эҳтироми комил ба истиқлоли Афғонистон ва иродаи гурӯҳҳои гуногун дар ин кишвар, Чин бо Толибон иртиботу мулоқот ва дар ҳаллу фасли масоили сиёсии Афғонистон нақши созандае дошт."

Барои таблиғгарони Чин тасвирҳо аз бесарусомонӣ дар фурудгоҳи Кобул, ки нирӯҳои амрикоӣ назорат ва танзим мекунанд, низ як мояи хушҳолӣ шуданд. Расонаҳои давлатӣ бо истифода аз ин тасвирҳо барои бинандаву шунавандаҳои дохилӣ ва берунии худ аз коҳиши қудрати Амрико гуфтанд. Онҳо ҳамчунин бовар накардан ба Вашингтонро талқин менамуданд.

Аммо кӯшиши барқарор кардани равобити дипломатӣ бо Кобул ва шодии Пекин аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ниқобе аст, ки ҳисси номуайянии Чинро дар мавриди Афғонистон рӯйпӯш мекунад.

Манфиати рақами 1-и Пекин

Чин бо Афғонистон сарҳади 76-километрӣ дорад. Пекин дар ин кишвар манфиатҳои иқтисодӣ ва ҳам таваҷҷӯҳи хосе ба сарватҳои нодири зеризаминӣ дорад. Аммо манфиати асосии Чин дар он аст, ки низои дохилии Афғонистон берун аз марзҳои он наравад.

Мушкилоти асосӣ ин нигарониҳо дар пешгирӣ аз нооромии минтақа ва ҳам барои аз байн бурдани ҳама гуна имконоти гурӯҳҳои террористӣ, бахусус ҷангҷӯёни уйғур барои ҳамчун паноҳгоҳ истифода бурдани хоки Афғонистон аст.

Ҳузури чиниҳо дар кони миси "Айнак"
Ҳузури чиниҳо дар кони миси "Айнак"

Имтиҳони аввал дар давраи нави муносибатҳои Толибон бо Чин аз он иборат хоҳад буд, ки оё Толибон дар хоки худ фаъолияти ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқиро манъ мекунад ё не. Ин гурӯҳ асосан аз уйғурҳо иборат аст, ки Пекин онҳоро барои нооромиҳо дар вилояти Шинҷони ғарбӣ гунаҳкор мекунад.

Ҳарчанд аксар таҳлилгарон ҷиддӣ будани таҳдиди гурӯҳҳои уйғурро ба Чин зери суол мегузоранд, Пекин ин эҳтимолро ҳамчун як таҳдиди асосӣ ҷило медиҳад. Ҳизби коммунистии Чин низ мубориза бо терроризмро барои саркӯб кардани зиёда аз 1 миллион уйғур, қазоқ ва ақаллиятҳои дигари мусулмон дар Шинҷон истифода мебарад. Бовари аксар бар он аст, ки ҳамаи онҳо ҳамчун террористҳо дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд.

Толибон пештар ҳам худро аз гурӯҳҳои уйғур дур нигоҳ медоштанд. Аз ҷониби дигар қудратҳои берунӣ, аз қабили Ҳиндустон, Русия ва Амрико ҳам бо диққати тамом назорат ба он мекунанд, ки Толибон ба гурӯҳҳои гуногуни террористӣ хоки Афғонистонро ҳамчун пойгоҳ барои амалиёташон ба истифода надиҳанд.

Ғайр аз ин, Пекин барои маҳдуд кардани таъсири худ дар Афғонистон кӯшиш мекунад. Барои сиёсатгузорони чинӣ ин кишвар ҳамчун як муҳити хеле хавфнок ба ҳисоб меравад ва онҳо нақшаҳои худро на барои истифодаи имкониятҳои бештар, балки аксаран, барои маҳдуд кардани хатарҳо тамаркуз мекунанд.

Муносибатҳои Чину Толибон

Барои истифода аз ин воқеияти нав Пекин аллакай замина гузоштааст ва дар охири моҳи июл вазири корҳои хориҷии он кишвар раҳбарияти Толибонро қабул кард.

Аллакай даҳсолаҳост, ки Чин ва Толибон муносибатҳои дуҷонибаи печидае доранд. Дар ҳоле ки ҳарду тараф ба якдигар бовар надоранд, Пекин аз соли 2014 инҷониб муносибатро бо Толибон тақвият додааст.

Чин ҳеч қаробати хосе ба ҳеч гуруҳи сиёсии Афғонистон надорад. Ва қабл аз фурӯпошии ҳукумати Афғонистон низ Пекин бо Кобул робитаи қавии корӣ дошт ва нерӯҳои давлатии Афғонистон низ бо дархости Чин кӯшиш мекарданд гурӯҳҳои мусаллаҳи уйғурро таҳти назорат ва ҳадаф гиранд.

То даме ки Толибон манфиатҳои Чинро дар Афғонистон ҳифз карда тавонанд, аз ҳамкорӣ бо Пекин фоида ба даст хоҳанд овард. Агар Толибон исбот кунанд, ки метавонанд назар ба ҳукумати Афғонистон (таҳти сарварии Ғарб) дар ҳалли нигарониҳои амниятии Чин шарики беҳтару боэътимодтаре бошанд, Пекин ин гурӯҳро дастгирӣ хоҳад кард. Ба онҳо дар талоши қонунмандии қудраташон ҳамчун як ҳукумати нави Афғонистон дар арсаи байналмилалӣ ёрӣ хоҳад дод.

Дар бораи захираҳои Афғонистон

Бовари умум ба он аст, ки дар хоки Афғонистон захираҳои маъданҳои нодир ба арзиши триллионҳо доллар мавҷуданд ва онҳоро дар ҳама соҳа, шуруъ аз соҳаи электроникӣ то мошинҳои барқӣ, моҳвораҳо ва ҳавопаймоҳо истифода кардан муукин аст.

Корпоратсияи Гурӯҳи Металлургии Чин, ки як ширкати давлатӣ аст, дар соли 2008 барои истифода аз кони "Айнак", ки кони бузурги мис дар ҷануби Кобул мебошад, барои 30 сол ба арзиши 3 миллиард доллар имтиёз ба даст овард. Як Корпоратсияи миллии нафту гази Чин ҳам барои конҳои нафт дар шимоли кишвар тендер баргузор мекунад.

Аммо бинобар нигарониҳои амниятӣ ин лоиҳаҳо боздошта шудаанд ва бино бар шиддат гирифтани вазъияти Афғонистон эҳтимол нигарониҳо афзоиш ёбанд.

Чин майл дорад, аз захираҳои табиии Афғонистон истифода бара два инчунин, иқдоми иқтисодии худро тавассути ташаббуси азими "Як камарбанд як роҳ" густариш диҳад. Аммо муҳити душвори амниятӣ маънои онро дорад, ки ин ташаббусҳо ҳамчун ҳадафҳои дарозмуддате хоҳанд монд

Оё ба қудрат омадани Толибон пирӯзии Пекин аст?

Ин кор он қадар содда ҳам нест.

Ҳарчанд Толибон изҳор доштанд, ки омодаанд бо Чин ҳамкорӣ кунанд ва нигарониҳои ин кишварро бартараф созанд, ин эҳтимол аст, ки пирӯзии Толибон ноамнии бештареро дар Афғонистон ва дар минтақаи васеътаре ба бор меоварад. Ё низоъ идома меёбад, ё шумораи зиёди гурезаҳо дари кишварҳои ҳамсояро хоҳанд кӯфт, ё фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бештар мешавад.

Дар масоили густариши лоиҳаи "Як камарбанд як роҳ" дар Афғонистон Пекин эҳтиёткорона амал мекунад, дар ҳоле ки ин лоиҳаи паҳновари зерсохторӣ дар саросари Осиёи Марказӣ ва Покистон аллакай решаҳои васеъ давондааст. Ин ва дигар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва зерсохторӣ дар кишварҳои ин минтақа барои Пекин як роҳи ба даст овардани нуфузи бештаре ҳастанд.

Бинобар ин, Чин ҳамчунон аз он нигарон аст, ки бо ворид шуданаш ба фазои ноамни Афғонистон метавонад, расиданашро ба ин ҳадафҳои густурдаи худ халалдор кунад.

Ба ҳамин наздикӣ дар Покистон, ки яке аз нуқтаҳои марказии лоиҳаи "Як камарбанд як роҳ" мебошад, манфиатҳо ва коргарони Чин зери ҳадафи террористон қарор гирифтанд.

Рӯзи 14-уми июл дар автобусе дар Покистон, ки дар он коргарони чинӣ нишаста буданд, бомбе таркид. Дар натиҷа 13 нафар кушта шуданд. Нӯҳ нафари онҳо аз Чин буданд ва ҳамлагаронро аз он вақт инҷониб, ба ашхосе марбут медонанд, ки аз дохили Афғонистон фаъолият мекардаанд. Рӯзи 28-уми июл низ ба коргарони чинӣ дар Карочӣ ҳамла шуд.

Аммо ҳоло Чин ба он назорат хоҳад кард, ки дар Афғонистон чӣ гуна ҳукумате пайдо мешавад ва Толибон дар саросари ин кишвар ба чӣ қудрате ноил хоҳанд шуд. Пекин то кунун бомуваффақият барои ҳифзи манфиатҳои худ заминаи хуберо омода кардааст, аммо то даме ки вазъи Афғонистон ноором хоҳад буд, Чин дар ҳолати интизорӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG