Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вашингтон Пост" мегӯяд, Чин дар Мурғоб як посгоҳ дорад


Сарикӯл дар Мурғоб

Рӯзномаи мӯътабари амрикоии “Вашингтон Пост” мегӯяд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеҷ гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

Дар гузориши мукаммали рӯзнома, ки рӯзи 18-уми феврал дар вебсайти он нашр шуд, омадааст, “Посгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст” ва ба гуфтаи Гаррӣ Шиҳ, муаллифи матлаб се-чор сол аст, ки вуҷуд дорад.

Хабарнигори “Вашингтон Пост” навиштааст, ки чанде пеш ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гуруҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори шаҳри Мурғоб харид мекарданд.

Ба қавли хабарнигор, онҳо либоси сарбозони воҳидҳои низомии Чин дар Вилояти Шинҷон-Уйғурро доранд, ки асосан мусулмонон онҷо зиндагӣ мекунанд.

Хабарнигор менависад, бо як сарбози чинӣ, ки худро Ма муаррифӣ кардааст, дар бозор суҳбати кутоҳе дошт ва ӯ гуфтааст, ки се ё чаҳор сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳастанд.

Дар гузориш омадааст, ки дар посгоҳ рамзҳои Тоҷикистону Чин дида мешаванд, вале маълум нест, пули нигаҳдориро кӣ мепардозад ва сохтмон ба кадом тараф тааллуқ дорад.

“Вашингтон Пост” акси моҳвораиро нашр кардааст, ки як бинои хурд, хобгоҳ ва майдони таълимӣ дар он дида мешавад. Акси қароргоҳеро, ки се бинои алоҳида ва манораи мухобиротӣ дорад, дар гузориш ҷой додаанд.

“Вашингтон Пост” дар бораи теъдоди сарбозони чинӣ дар Тоҷикистон маълумоти дақиқе надодааст, вале аз қавли сокинони Мурғоб овардааст, ки мумкин аст, даҳҳо ва ё садҳо сарбози чинӣ дар посгоҳ мустақар бошанд.

Садҳо кило гӯшти қутос мехаранд

Мардум гуфтаанд, ки сарбозон асосан барои пардохти пули телефони ҳамроҳ ба бозор меоянд ва “баъзан садҳо килограмм гӯшти қутос мехаранд.” Ба қавли сокинони Мурғоб, сарбозони чиниро дар бозор тарҷумони тоҷик ҳамроҳӣ мекардааст. “Вашингтон Пост” акси ду сарбози чиниро ҳам нашр кардаанд, ки дар бозори Мурғоб бо харид машғул буданд.

“Вашингтон Пост” навиштааст, вазоратҳои умури хориҷӣ ва дифои Чин масъалаи посгоҳро шарҳ надодаанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ ба “Вашингтон Пост” гуфтааст: “Дар Тоҷикистон ҳеҷ пойгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин вуҷуд надорад ва ҳеҷ гуфтугӯ дар бораи таъсиси посгоҳе набуд.”

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба ин гузориши нашрияи амрикоӣ вокунише накардаанд.

Аммо як мақом дар Сарраёсати неруҳои марзбонӣ дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар робита ба матлаби “Вашингтон пост” ба Радиои Озодӣ гуфт “дар ноҳияи марзии Мурғоб ситоди муштараки марзбонии Тоҷикистону Чин фаъол аст ва чанд сол пеш таъсис шудааст.”

Ба гуфтаи вай, сарбозон, ё худ сарҳадбонони Чин ҳақ доранд, рӯзҳои муайян ба бозори Мурғоб биёнд ва ба ситод баргарданд.

Ҳадаф аз таъсиси пойгоҳи Чин ба навиштаи “Вашингтон Пост” ҳузур дар минтақаҳои нооромест, ки барои амнияташ фавқуллода муҳим аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин як қитъаи бисёр хурди ҳаммарз бо Афғонистон дорад, ки дар минтақаи Вахон ҷойгир аст ва ин нуқтаро ҳамчун макони эҳтимолии нооромӣ аз Афғонистон арзёбӣ мекунад.

Марзи Тоҷикистону Чин ҳам дар ин гӯшаи куҳистонист ва 500 километрро ташкил медиҳад. Вилояти ноороми мусулмоннишини Шинҷону Уйғур ҳам дар ин минтақа ҷойгир аст. Чин аз ҷудоиталабии уйғурҳо нигарон аст ва бо Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷудоиталабӣ созишнома имзо кардааст.

Моҳи сентябри соли гузашта мақомоти Чин гузоришҳо дар бораи интиқоли нерӯ ба Афғонистон ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистонро рад кард.

Расонаҳои Осиё он замон навиштанд, ки мошинҳои низомии Чин дар дараи Вахон ҳаракат мекунанд, ҷое, ки хабарнигори “Вашингтон Пост” ҳам дар бораи он навиштааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG