Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарос аз Чин дар Осиёи Марказӣ аз куҷо маншаъ мегирад?


Тақвияти нуфузи Чин дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ кишварҳои минтақаро бо ин "ғӯли ҷаҳонӣ" ҳар чӣ бештар наздик мекунад. Таъсиси корхонаҳои муштарак бо соҳибкорони чинӣ ва сармоягузориҳои азим дар минтақа, шаҳрвандони зиёди Чинро ба ин ҷо мекашонад.

  • Нақши Чин ва чиниҳо дар иқтисоду тиҷорат боло меравад ва баробар бо ин, дар баъзе ҳолат дар кишварҳои минтақа эҳсоси нороҳатӣ аз ҳузури афзояндаи ҳамсояи бузург мушоҳида мешавад.
Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз замони барқарор кардани равобити димломатӣ шаст маротиба зиёдтар шуда, аз 500 миллион доллар то 30 миллиард доллар расидааст.

Чинҳаросии сиёсӣ

Шарқшинос ва узви шӯрои таҳқиқотии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон Игор Панкратенко мегӯяд, гоҳе дар ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳсоси нороҳатӣ аз чиниҳо мушоҳида мешавад, бо вуҷуди ин, ки ҳукуматҳои ин кишварҳо пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти табъйизомезро мегиранд.

Ин коршинос мегӯяд, барои вуҷуди чунин эҳсосот заминаҳои таърихиву сиёсӣ сабаб шудааст: "Нахуст - чинҳаросии маишӣ аст, ки аз давраи Шӯравӣ маншаъ мегирад. Он замон ин мавзӯъ яке аз маҳакҳои таблиғоти расмӣ ва коршиносони бевиҷдоне буд, ки мегуфтанд "Чин ниятҳои ғосибона" дорад. Ин воқеият надорад, вале ба афкори оммавӣ таъсир мерасонд. Дуввум - чинситезие, ки сохташудаи гурӯҳҳои сиёсӣ аст. Бархе сиёсатмадорон барои дастёбӣ ба имтиёзҳову ҳадафҳои сиёсии худ махсус ин мавзӯъро доман мезананд", - гуфт коршинос рӯзи 9-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба унвони намуна, Панкратенко Қирғизистонро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ, ҳангоми сохтани хати чаҳоруми лӯлаи газ аз Туркманистон ба Қирғизистон, бархе сиёсатмадорон чинситезӣ карданд. Вале давои ин мушкилро коршинос ба идомаи ҳамкориҳо ва тавсеаи ҳузури тиҷорату иқтисоди чинӣ дар минтақа рабт медиҳад.

Ӯ гуфт, ҳар қадар тарҳи "Як роҳ - як камарбанд"-и Чин дар минтақа тавсеа ёбад ва барои беҳбуди вазъи минтақаву иқтисод мусоидат кунад, ҳамон андоза мушкилоти марбут ба чинҳаросӣ ҳам аз байн меравад.

Чинҳаросиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад зиёд мушоҳида кард, ки бештар хусусияти иҷтимоӣ ва маишӣ касб кардааст. Хусусан зери наворҳои видеоии маросими ақди никоҳи духтарони маҳаллӣ ва мардони чинӣ шарҳҳои зиёдеро дидан мумкин аст, ки хусусияти манфӣ дорад. Бархе чунин издивоҷҳоро "ғайри қобили қабул" ва дигарҳо "таҳдид ба генофонди миллӣ" арзёбӣ мекунанд.

Вале дар баробари ин афроде ҳам пайдо мешаванд, ки мунаққидонро дар "тангназарӣ" ва "бефарҳангӣ" айбдор карда, чунин шарҳҳоро поймолкунандаи озодиҳои инсон арзёбӣ менамоянд.

Ҳарос аз тафовути фарҳангҳо

Сиёсатшиноси Қирғизистон Денис Бердаков дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мушкили чинҳаросӣ дар ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеан ҳам вуҷуд дорад ва он, ба гуфтаи Бердаков, аз тафовути ҷиддии фарҳангии мардуми минтақа ва Чин маншаъ мегирад.

"Ҳамкориву муомилаҳо боис ба афзоиши робитаи миёни мардум мешавад ва онҳое, ки бо намояндагони Чин аз наздик додугирифт мекунанд, бо тафовутҳои фарҳангиву муоширатӣ рӯбарӯ мешаванд. Дар чунин ҳолат сӯитафоҳум ва дарки нодурусти ҳамкори хориҷӣ ба миён меояд. Бархе дар ҳолате қарор мегиранд, ки чунин ҳамкориро рад мекунанд", - афзуд ин сиёсатшинос.

Денис Бердаков, сиёсатшиноси қирғиз.
Денис Бердаков, сиёсатшиноси қирғиз.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Денис Бердаков, нуфузи моливу тиҷоратии Чину чиниҳо бархеро дар ҳолати ҳарос қарор медиҳанд ва фикр мекунанд, ки чунин ҳамкориву наздикӣ метавонад мустақилияти онҳоро аз байн барад.

Афзоиши чинҳаросӣ соли 2016 дар шакли эътирозҳо дар Қазоқистон ҳам мушоҳида шуд. Баҳори он сол ҳазорҳо шаҳрванди Қазоқистон ба нишони эътироз аз тағйирот дар кодекси замин, ки ба ширкатҳои хориҷӣ имкон медод заминро барои муддатҳои дароз ба иҷора бигиранд, ба хиёбонҳо рехтанд. Иҷорагирҳои асосӣ он замон маҳз ширкатҳои чинӣ дониста мешуданд.

Бархе мунаққидон мегӯянд, ки Чини серҷамъият аз роҳи стратегияи нарму дурандешона тавассути иҷорагирии тӯлонимуддати замин дар қаламравҳои Осиёи Марказӣ дар асл ҷои пои худро дар минтақа мустаҳкам мекунад.

Талғат Мамираимов, як сиёсатшиноси қазоқ мегӯяд, ду сол пеш эътирози зидди чиниҳоро бархе мақомдорони маҳаллӣ ташкил карданд, ки мехостанд пеши роҳи ҳузури кишоварзони кишвари ҳамсояро бигиранд. "Вале азбаски мустақим ин корро карда наметавонистанд, "мардумро шӯр андохтанд",-бовар дорад Мамираимов.

Дар солҳои истиқлолият, Узбекистон кишвари начандон пойбанд ба Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ дониста мешуд, вале бо сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев, ҳоло фазои иқтисодиву тиҷоратии ин кишвар ҳам хеле дигар мешавад.

Руасои ҷумҳури Чин ва Узбекистон.
Руасои ҷумҳури Чин ва Узбекистон.

Рафаэл Сатторов, сиёсатшинос аз Узбекистон, мегӯяд, дар ин кишвар назар ба ҳарос аз чиниҳо, бештар таваҷҷуҳ ба ҳузури онҳо эҳсос мешавад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Бовари соддалавҳонае вуҷуд дорад, ки Ислом Каримов онҳоро беҳуда нагузошт, ки биёянд, зеро мо бо онҳо марз надорем ва ҳеч таҳдиде наметавонист вуҷуд дошта бошад. Вале воқеият ин аст, ки дар Узбекистон миёни миллатгароҳо руҳияи зиддирусӣ нисбат ба зиддичинӣ бештар аст."

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин коршинос, шояд дар пасманзари хабарҳо дар бораи вуҷуди "пойгоҳҳои бозомӯзии уйғурҳо", ки аз нигоҳи этникӣ ва забон ба узбекҳо бисёр наздиканд, дар ҷомеаи Узбекистон ҳам тағйироте аз ин назар ба вуҷуд меояд.

"Тоҷикон маъмулан бегонаситез нестанд"

Матбуоти Тоҷикистон низ ҳамарӯза аз тавсеаи ҳамкорҳо бо Чин ва ифтитоҳи корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ бо сармояи чинӣ хабарҳо пахш мекунанд. Мардум зоҳиран ба ҳузури Чин дар иқтисоду тиҷорат одат кардаанд. Вале мавзӯи ба ихтиёри Чин гузошта шудани 3,5 дарсади қитъаи мавриди баҳси заминҳо, ки оғози солҳои 2000-ум иттифоқ афтод, мояи интиқодҳои шадид дар матбуот шуд (Аз 28412 километри мураббаъ қитъаҳои баҳсноки замин 3,5 фоизаш ба ҷониби Чин гузошта шуда, боқимондааш - 27270 километри мураббаъ ё 96,5 фоизи масоҳати умумии минтақаҳои баҳснок дар ихтиёри Тоҷикистон мондааст).

Меҳмоншо Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик.
Меҳмоншо Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки тасмими онҳо дуруст буд ва баҳс сари замин аз даврони Шӯравӣ ба Тоҷикистон мерос мондааст. Бархе мунаққидон мегӯянд, афзоиши қарзи Тоҷикистон аз Чин ҳам метавонад рӯзе ба такрор шудани ин ҳолат сабаб шавад.

Меҳмоншо Шарифзода, файласуф ва ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, мардуми тоҷик табиатан бегонаситез нестанд, вале нороҳатӣ аз ҳузури чиниҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир бештар дар сатҳи маишӣ мушоҳида мешавад.

Ӯ гуфт, "бо ҷойгир будан дар мантақаи геополитикии тарҳи "Роҳи Абрешим" мо дар нуқтаи паҳншавии қудрат ва манфиатҳои давлати абарқудрати Чин қарор дорем. Қарор доштан дар ин роҳ бозигарони пухта мехоҳад, вале иқтисоди Тоҷикистон мудирияти дуруст надорад ва аз ин рӯ ширкатҳои маҳаллӣ заифтар ва ширкатҳои чинӣ нерӯмандтар мешаванд".

Чин барои ҳамаи кишварҳои минтақа яке аз се шарики асосии тиҷоратӣ мебошад. Бар асоси омори расмии ҷониби Чин дар соли 2017, гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз замони барқарор кардани равобити дипломатӣ шаст маротиба зиёдтар шуда, аз 500 миллион доллар то 30 миллиард доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG