Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистонро бо 1,5 миллиард юан месозад. АКС


Тарҳи бинои нави ҳукумати Тоҷикистон
Тарҳи бинои нави ҳукумати Тоҷикистон

Чин ба сохтмони бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе шуруъ кард. Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ду бинои муҳими кишвар Пекин 1,5 миллиард юан ҷудо кардааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон сохтмони биноҳои порлумон ва ҳукуматро аз тарафи Чин "дастгирии беғаразонаи молии кишвари дӯсту ҳамсоя" номидааст.​

Сохтмони биноҳо рӯзи 13-уми октябр бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Кетсян, нахуствазири Чин шуруъ шуд. Ли Кетсян рӯзи 12-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасти сарони ҳукуматҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омада буд. Президенти Тоҷикистон қаблан ӯву ҳамсарашро дар "Боғи Ирам"-и пойтахт бо меваю сабзавот ва нону ғизоҳои тоҷикӣ меҳмондорӣ кард.

Бинои порлумону ҳукумат аз чӣ иборат хоҳад буд?

Бинои нави порлумони Тоҷикистон дар шафати хиёбони Рӯдакии пойтахт бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввора ва роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз 70 метрро ташкил хоҳад дод. "Масоҳати умумии бинои порлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад", - гуфтанд дар хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар бинои порлумон толори маҷлисҳои якҷоя барои 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ, маркази тиббӣ ва китобхона низ ҷойгир аст.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонии пойтахт сохта мешавад. Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Дар ҳамин рӯз мақомоти Тоҷикистону Чин дар Душанбе 7 санади дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар, гумрук ва бародаршаҳрии Хуҷанду Тауванро имзо карданд. Ли Кетсян, нахуствазири Чин, рӯзи 13-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Душанбеву Пекин аз сатҳи ҳамкории кунунӣ қонеъ ҳастанд, вале кишвараш майл дорад дар бахши энержӣ ва кишоварзӣ бештар сармоягузорӣ кунад.

"Тоҷикистону Чин ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд"

Тарҳи бинои нави порлумони Тоҷикистон
Тарҳи бинои нави порлумони Тоҷикистон

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ду кишварро зарур аст, бо назардошти, ба қавли ӯ, хатарҳо дар минтақа, дар масъалаи амният ҳамкориро тақвият бахшанд.

Дар ин мулоқот ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам нахуствазири Тоҷикистон ишора карданд, ки муносиабтҳо бо Чин ба сатҳи "шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ" расидааст.

Парвиз Давлатзода, сафири Тоҷикистон дар Чин, рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари Ли Кетсян барои ҷалби бештари сармоя ва иҷрои тарҳҳо "бисёр муҳим аст". Давлатзода афзуд, "Кетсян ҳамчун роҳбари Шӯрои давлатӣ роҳбари бахши иқтисодии Чин аст ва ба ин хотир сафари нахустини ӯ ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои минбаъда такони ҷиддӣ мебахшад."

Сафири Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни сафари Ли Кетсян масъалаи коркард ва содироти меваи Тоҷикистон ба Чин низ баррасӣ шудааст.

Ҳадя ё қарз?

Аммо Чин натанҳо ҳадядиҳанда, балки кишварест, ки Тоҷикистон аз он беш аз дигарон қарздор аст. Айни замон қарзи берунии Тоҷикистон 2 миллиарду 900 миллион доллар аст ва бахши асосии он маҳз аз Чин аст.

Қаблан созмони Global risk insight гуфта буд, ки қарзҳои ҳангуфт дар оянда метавонанд "як фишанги пурзӯри Чин" дар таъсир ба кишварҳои қарздораш шавад. Ин созмон аз таҷрибаи Шри-Ланка мисол оварда буд, ки барои коҳиш додани қарзaш дар назди Чин, маҷбур шуд як бандари муҳими баҳриашро барои 99 соли оянда ба Чин тақдим кунад.

XS
SM
MD
LG