Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон барои бунёди лӯлаи газ то Чин 9,5 ҳазор гектар замин "ҷудо кард"


Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ беш аз 9,5 ҳазор гектар замини масири лӯлаи интиқоли гази Туркманистон-Чинро ба иҷораи ширкати сохтмонии ин тарҳ вогузор кард. Ба ин тартиб, шароити анҷоми кашидани ин лӯлаи газ фароҳам шуд, ки баъд аз баҳрабардорӣ метавонад ҳамасола ба буҷети Тоҷикистон миллионҳо доллар фоида оварад.

Тӯли лӯлаи газ дар маҷмӯъ ҳудуди як ҳазор километр аст ва танҳо 400 километри он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон ахиран қарореро имзо кардааст, ки тибқи он 9 ҳазору 407 гектар замин муваққатӣ барои бунёди лӯлаи газ ба Чин ҷудо карда мешавад.

Ба гуфтаи масъулони ширкати муштараки муштараки "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited" дар Тоҷикистон, тибқи ин қарори ҳукумат қитъаҳои замин дар масири аз шаҳри Роғун ва навоҳии Рӯдакӣ, Лахш, Нуробод, Файзобод ва Рашт барои 49 сол дар ихтиёри ин ширкат вогузор карда мешавад.

Таъкид шуд, ки дар ин масир сохтмони 47 нақб барои лӯлаи газ пешбинӣ шуда, ширкат ҳуқуқ надорад ҳаққи истифодаи онро ба тарафи сеюм диҳад. Ҳамзамон ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, аз сабаби аз гардиши кишоварзӣ берун шудани ин миқдор замин, ширкати "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited" ба давлати Тоҷикистон ҳудуди 415 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ва хисороти истифодабарандаҳои заминро пурра пардохт мекунад.

Чаро сохтмон шурӯъ нашуд?

Тарҳи лӯлаи гази Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон калонтарин тарҳи минтақаӣ буда, дар сурати амалӣ шуданаш, Тоҷикистонро аз камбуди газ раҳо мекунад. Раҳбарони Тоҷикистон ва Чин соли 2014 дар як маросим тугмаи оғози сохтмонро пахш карданд. Аммо сохтмон шурӯъ нашуд.

Шамсиддин Ҷалолов.
Шамсиддин Ҷалолов.

Агар як сабаби он поён рафтани қимати газ дар ҷаҳон ва баҳси Чину Туркманистон бар сари нархи газ буд, сабаби дигари ин таваққуфро Шамсиддин Ҷалолов, мутахассиси пешбари Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон ин гуна шарҳ дод ва гуфт, сабаби ба кундӣ пеш рафтани раванди сохтмон ин буд, ки Русия бо баҳонаи мутахассис надоштани Тоҷикистон талош мекард иҷрои ин тарҳро ба зимма бигирад.

Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, онҳо мехостанд бо пули Чин ин тарҳро иҷро кунанд, аммо Тоҷикистон мухолиф баромад ва дар ҷараёни музокироти тӯлонӣ тавонист Чинро мутақоид созад, ки бояд аз ҷумлаи шаҳрвандони тоҷик мутахассисони ҳирфаӣ омода кунад.

Сабаби дувум ба гуфтаи Ҷалолов, мавзӯи ташкилӣ буд, яъне Чин дар ихтисоси маблағ ба таъхир роҳ дод. Севум, ҷониби Чин талош кард, ки дар сохтмони ин тарҳ сокинони маҳаллаҳои атрофи ин лӯла ҷалб шаванд, то аз ин роҳ амнияти ин лӯла таъмин шавад. Омӯзиши ин мутахассисон дар Чин фурсат мехост ва ин амр низ яке аз омилҳои ба таъхир афтодани раванди сохтмони ин лӯла мебошад".

"Тоҷикистон 3 млрд доллар фоида мебинад"

Абдуғанӣ Маҳмадазимов.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Ширкати "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited" саҳҳомӣ буда, панҷоҳ дарсади саҳмияҳои он моли давлати Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон ҳангоми таъсиси ин ширкат дар Гонконг 300 миллион доллар қарзи дарозмуддати 2,7 дарсади солона гирифт.

Тӯли лӯлаи газ дар маҷмӯъ ҳудуди як ҳазор километр аст ва танҳо 400 километри он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад. Абдуғанӣ Мамадазимов, раҳбари созмони "Роҳи Абрешим" мегӯяд, ки дар ҷараёни кашидани ин лӯлаи газ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 3 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб хоҳад шуд.

Вай афзуд, ки будҷаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна камтар аз 3 миллиард доллар аст, аммо Чин танҳо барои иҷрои як тарҳаш дар Тоҷикистон тақрибан будҷаи солонаи ин кишварро сармоягузорӣ мекунад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Абдуғанӣ Мамадазимов, теъдоди қобили мулоҳизаи сокинони Тоҷикистон бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тарҳ чӣ мушкилиҳо дорад?

Аммо Маҳдӣ Собир, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 20-уми август аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомоти тоҷик дар музокирот бо ҷониби Чин натавонистанд талаботи муосири кашидани лӯлаи газро тақозо кунанд.

Вай афзуд, ки Узбекистон тавонист ҷониби Чинро мутақоид созад, ки беш аз 70 дарсади лӯлаи интиқоли газ дар зери замин кашида шавад ва дар ин сурат масоҳати бузурги замин аз гардиши кишоварзӣ берун намемонад ва барои зиндагии сокинону ҷонварон мушкил эҷод намекунад.

Маҳдӣ Собир.
Маҳдӣ Собир.

"Аммо дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон риояи чунин талабот душвор аст. Танҳо қисмате аз хати лӯлаи интиқоли газ аз дохили нақбҳо мегузарад. Бо ин вуҷуд, пайвастани Тоҷикистон ба як тарҳи минтақавии энергетикӣ ба монанди CASA-1000 боиси ифтихори кишвар мебошад",-афзуд Маҳдӣ Собир.

Ҳарчанд мақомоти тоҷик ва раҳбарияти ширкати "Trans-Tajik Gas Pipeline Company Limited" аз замони анҷоми корҳои сохтмонӣ дар масири лӯлаи интиқоли газ ба Чин ошкоро сӯҳбат намекунанд, Шамсиддин Ҷалолов, ки дар таҳияи ин тарҳ ширкат кардааст, мегӯяд, ки бо эҳтимоли зиёд соли 2021 гази табии Туркманистон тавассути ин хатт ба Чин интиқол мешавад.

Зимнан, ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта воридоти таҷҳизот барои бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи газ ба Чинро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда буд. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ризоияти мақомоти тоҷик барои кашидани ин лӯлаи газ шарти аслӣ барои воридшавии миқдори қобили мулоҳизаи сармояҳои чинӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG