Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз тоҷикон мутахассисони лӯлаҳои нафту газ омода мекунад


Давлати Чин 30 нафар донишҷӯёни тоҷикро барои нигоҳубини лӯлаи газаш, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ба таҳсил фаро гирифтааст. Айни замон 30 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Сиан Шию вилояти Шансии Чин пазируфта шудаанд. Дар торнамои ин донишгоҳ омадааст, ки донишҷӯёни тоҷик пас аз таҳсил ба Тоҷикистон баргашта дар сохтмони хати D-и лӯлаи гази Чин-Осиёи Миёна ширкат хоҳанд кард.

Донишгоҳ гуфтааст, донишҷӯёни тоҷик дар соли нахустин забони чиниро меомӯзанд ва пас аз он, давраи чор солаи таҳсилро сипарӣ мекунанд ва қарор аст муттахасисони лоиҳакаши лӯлаҳои газ ва нафт шаванд.

Донишгоҳи вилояти Шансӣ гуфтааст, 30 донишҷӯи тоҷик аз 1000 нафар интихоб шудаанд. Онҳо дар доираи барномаи ҷавонони боистеъдод, ки аз ҷониби Чин ва Тоҷикистон пшутибонӣ мешавад, таҳсил мекунанд. Гуфта мешавад дар доираи ин барнома 100 нафар донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Хатти лӯлаи гази “D”-и Чин аз Осиё Миёна аз мавзеи «Галкиниш»-и Туркманистон оғоз шуда, то ба вилояти Шинҷон мерасад. Лӯлаи газе, ки аз тариқи Тоҷикистон мегузарад, хатти чаҳоруми лӯлаи азими гази “Осиёи Марказӣ-Чин” аст ва бар асоси тарҳ ҳудуди 400 километрро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 баъди имзои тавофуқнома бо Чин эълон кард, ки бо иҷрои ин тарҳ мумкин аст, ба иқтисоди кишвар 3 миллиард доллар сармоя ворид шавад. Ширкати миллии нафти Чин доир ба ҷузъиёти тарҳи лӯлаи газ, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ҷузъиёти зиёде нашр накарда ва танҳо гуфтааст, ки масири он ҳанӯз ҳам баррасӣ мешавад. Ҳарчанд маълум аст, ки ин хатти лӯлаи газ бояд дар ниҳоят ба вилояти Шинҷону Уйғури Чин бирасад.

XS
SM
MD
LG