Пайвандҳои дастрасӣ

Чин барои сохтмони лӯлаи газ аз Туркманистон то ба қаламраваш, ба Тоҷикистон ҳудуди 1700 нафар мутахасис фиристод. Ин мутахассисони чинӣ ба сохтмони нақбҳои зериобӣ, роҳҳои ёрирасон, лоиҳакашӣ ва арзёбии сифати сохтмон, машғул мешаванд.

Ба ин хотир Тоҷикистон ба шаҳрвандони Чин 1690 квота ва барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки низ ба сохтмони ин тарҳ машғул хоҳанд буд, 16 бурсия ҷудо кардааст. Ҷудо шудани бурсияҳои кории изофавӣ барои шаҳрвандони Чин, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад. Ин бурсиҳои кор ба изофаи беш аз 4 ҳазор бурсияи дигар аст, ки Тоҷикистон ҳамасола ба шаҳрвандони Тоҷикистон медиҳад.

Барои сохтмон ва нигоҳдории минбаъди ин лӯлаи гази Туркманистон-Чин, ки дар қаламрави Тоҷикистон 400 километр тӯл хоҳад дошт, “Тоҷикгаз”-и Тоҷикистон ва CNPC Чин як ширкати муштарак сохтаанд.

Дар замимаи ин қарори ҳукумат омадааст, шаҳрвандони Чин ба сохтмони нақбҳои зериобӣ, роҳҳои ёрирасон, лоиҳакашӣ ва арзёбии сифати сохтмон, машғул хоҳанд буд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин ҳанӯз дар соли 2014 дар як маросими пуртантана сохтмони ин лӯлаи газро оғози расмӣ бахшиданд. Дар ин маросим гуфта шуд сохтмони ин лӯлаи газ дар давоми се соли оянда ба итмом мерасад. Аммо баъд аз ин маросим, сохтмони лӯла оғоз нашуд. Таъхир дар шурӯи ин тарҳ, ки Тоҷикистон аз он умедвориҳои зиёде дорад, боиси гумозаниҳо дар мавриди ҷиддияти Чин дар мавриди ин тарҳ шуд.

Нахуст ширкати "Узбекэнерго", ки машғули сохтмони қисмати узбакистонии ин тарҳ буд, аз қатъи корҳои сохтмони дар ин тарҳ ба муҳлати номуайян хабар дод. Баъдан расонаҳои Қирғизистон бо такя ба мансабдорони вобаста ба ин тарҳ навиштанд, ки ҷониби Чин "аз соли 2015 ба ин ҷониб дар робита ба ин тарҳ бо ҳамтоёни қирғизи хеш мулоқоте надоштанд".

Вазир: "Сохтмони лӯла имсол шурӯъ мешавад"

Аммо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл ба хабарнигорон гуфт, сохтмони ин лӯла дар Тоҷикистон имсол шурӯъ мешавад. Вай гуфт, "таҳияи лоиҳаи ин лӯлаи газ ва корҳои ташкилие, ки аз мо вобаста набуд, муддати тӯлониеро гирифт. Ҳоло филиали ширкати CNPC – China National Petrolium Corparation фаъолияташро дар Тоҷикистон тақвият дод. Ин ширкат ҳоло таҷҳизот ва технологияи сохтмони нақбҳоро ба кишвар ворид кардааст. Корҳои асосии сохтмон имсол шурӯъ шуда бояд то соли 2020 анҷом шавад".

Чаро сохтмони лӯлаи газ ба таъхир афтод?

Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, таъхири Чин дар сохтмони лӯлаи газ, ки ба фарқ аз се хати дигар калонтарин ба шумор меравад, ба далели арзон шудани нархи маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ иттифоқ афтод.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, ҳамоҳангсози Маркази тадқиқотии осиёимиёнагии “Як камарбанд -- як роҳ”-и Чин дар Тоҷикистон дар ин робита гуфт, "баъди сафари Си Ҷин Пин ба Тоҷикистон, нархи нафт якбора поин рафт ва нархи газ низ, ки аз он вобаста аст, коҳиш ёфт. Дар ин ҳолат дар худи Туркманистон сари мавзӯи нархи газ бо Чин, мушкилиҳо сар зад, иҷрои тарҳро ба дарозо кашонд. Аммо ҳоло нархи нафту газ то ҳадде муътадил шуд ва Чин ҳатман ин тарҳоро амалӣ мкеунад, чунки ба газ ниёз дорад".

Маҳмадазимов афзуд, Чин ҳоло барномаи густардаеро иҷро мекунад, ки бояд саноаташро аз ангишт ба газ гузаронад, ки ба муҳити атроф зиёни камтар дорад. “Аз ин рӯ, талаботи Чин ба газ бештар мешаваду кам не”- иброз дошт Маҳмадазимов. Маҳмадазимов афзуд, бар замми суди молӣ, сохтмони ин лӯла Тоҷикистонро ба як кишвари транзити газ табдил медиҳад, ки албатта барои Тоҷикистон мақому манзалати нав мебахшад.

Суди Тоҷикистон аз ин лӯла дар чист?

Барои сохтмон ва нигоҳдории минбаъдаи ин лӯлаи газ, ки дар қаламрави Тоҷикистон 400 километр тӯл хоҳад дошт “Тоҷикгаз”-и Тоҷикистон ва CNPC Чин як ширкати муштарак сохтаанд. Тоҷикистон тариқи ин ширкати муштарак дар давоми 32 сол аз транзити газ 1 миллиарду 248 миллион доллар суд хоҳад бардошт. Бо гузашти ин мӯҳлат, нисфе аз иншооти сохташуда низ моли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бар замми ин, ба ҳангоми сохтмони лӯла ҳудуди 3 ҳазор сокинони Тоҷикистон ҷои кор пайдо мекунанд. Бо ба кор даромадани лӯлаи газ низ беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар нигоҳубини он машғули кор мешаванд. Бинобар ҳисобҳои қаблӣ, қимати сохтмони лӯлаи газ, ки аз ҳудуди ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш мегузарад, 3 миллиарду 200 миллион доллар хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG